Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Фиристода бояд, ки доно бувад!
Сиёсат / СлайдерМусоҳибаи ихтисосии «Бонувони Тоҷикистон»
бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон
дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ - Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул
- Муҳтарам Акрам Каримӣ, ташаккур аз пазироии ин даъват. Аввалан, мегуфтед, ки робитаҳои дипломатии ду кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
Сипоси беҳад нисори Шумо, ҷиҳати ташаббус барои ин суҳбат. Ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар сатҳи баланд қарор доранд, ки онҳо дар асоси принсипҳо ва усулҳои эҳтироми тарафайн ва ҳифзи манфиатҳои муштарак асос ёфтаанд. Робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ аз 22-юми феврали соли 1992 барпо шуданд ва метавон бо дилпурӣ гуфт, ки муносибати дипломатии ду давлат пайгирона дар ҳоли рушд аст.
Яке аз омилҳои муҳими такондиҳандаи ҳамкориҳои дуҷониба ин сафарҳои расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ мебошад. Нахустин сафари Сарвари давлат ба ин кишвар ҳанӯз соли 1997, пас аз ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ сурат гирифта буд. Президенти мо тули ин солҳо 8 сафари расмиву корӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ анҷом додаанд. Сафари ахири кории Сарвари давлат дар моҳи ноябри соли 2024 иттифоқ уфтод. Пешвои миллат дар Саммити изтирории марбути вазъи Фаластин ва Ғазза ширкат намуданд. Дар доираи ин сафар, ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаи Президенти кишвар бо масъулони баландмақоми Арабистони Саудӣ баргузор шуд ва масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ дар меҳвари он қарор доштанд.
Байни ду кишвар беш аз 20 санади ҳамкорӣ ба тасвиб расидааст. Аз соли 2024 то ин давра дар заминаи ҳамкориҳои ниҳодҳои марбута 10 созишнома низ имзо шуд. Моҳи ноябри соли 2024 байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти содироту воридоти Арабистони Саудӣ ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид. Санади мазкур дар ҳошияи ҷаласаи охирини Комиссияи байниҳукуматии муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ҳосил шуд. Шурои ҳамкориҳои Тоҷикистону
Арабистони Саудӣ таъсис ёфт ва ҷаласаи нахустини он дар Душанбе баргузор гардид. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ ҳамкориҳои зич доранд. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс. Бо пешниҳод ва ташаббуси Тоҷикистон чанд сол қабл Арабистони Саудӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун шарики муколамавӣ пайваст.
- Лутфан, аз муносибатҳои иқтисодии ду давлат ёдовар мешудед, ки дар кадом поя ҳастанд?
Яке аз омилҳои муҳими рушди ҳамкориҳо ин робитаҳои неку дӯстона байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн подшоҳ Салмон ибни Абдулазиз ва валиаҳди ӯ Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд мебошад, ки айни замон раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ низ ҳаст. Робитаҳои неки бародарии роҳбарияти олии ду кишвар ба рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Омилу заминаҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки онҳо асоси рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳам аз назари иқтисодиву фарҳангӣ ва илмию амниятианд. Пеш аз ҳама, он дар муштаракоти фарҳангӣ ва тамаддунии байни мардумони ду кишвар, ки решаҳои таърихӣ доранд, зоҳир мегардад. Олимони тоҷик дар гузашта, ҳатто дар ташаккулёбии грамматикаи забони арабӣ саҳм гузоштаанд. Абуалӣ ибни Синоро дар фарҳанги араб чун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик мешиносанд ва ҳамин тавр мардуми араб ба фаъолияти фарзандони баруманди миллати тоҷик дар дарозои таърих эҳтиром қоиланд.
Арабистони Саудӣ як барномаи стратегияи фарогире бо унвони «Vision»(«Чашмандоз»)-2030 дорад, ки дар доираи он давлат мехоҳад сармоягузориҳояшро дар кишварҳои хориҷ тавсеа бахшад. Айни замон, Арабистони Саудӣ бо Вазорати энергетикаи Тоҷикистон ҳамкориҳои хубро ба роҳ мондаанд, лоиҳаҳои энергияи таҷдидёбанда, махсусан энергияи офтобӣ ва энергияи бодиро дастгирӣ менамояд. Дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан низ ҳамкориҳо дорем. Ҳоло ниҳодҳои дахлдор сари мавзуи содироти меваҳои хушлаззати Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ кор мебаранд. Дастандаркорон ният доранд бо хатсайрҳои боркашони «Карго» меваҳои тару тозаи кишварро, аз қабили гелос, шафтолу, зардолу, себ бо роҳҳои ҳавоӣ ба Арабистони Саудӣ интиқол бидиҳанд. Тоҷикистон шаҳрвандони Арабистони Саудиро аз раводиди сайёҳӣ озод намуд, ки иқдом барои он давлат бисёр хушоянд буд. Ҳоло алоқаи ҳавоии мустақимро байни пойтахти ду кишвар бояд роҳандозӣ намоем, то сайёҳонро аз кишварҳои Халиҷи Форс бештар ҷалб созем. Арабистони Саудӣ шарики муҳими рушд барои Тоҷикистон аст. Ин давлат тавассути Фонди рушди Саудӣ, Бонки исломии рушд ва дигар ниҳодҳои рушди байналмилалӣ барои пешбурду татбиқи ғояҳои рушд дар Тоҷикистон саҳмгузор аст. Ҳаҷми маблағгузории Арабистони Саудӣ танҳо тавассути Фонди рушди Саудӣ дар лоиҳаи рушди Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, гидроэнергетика, сохтмони мактабҳо, соҳаи тандурустӣ тақрибан 300 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
- Ҳоло барои иштирок дар Бизнес-Форум, Форуми ҷавонон, Конфронси сатҳи баланд оид ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва чорабиниҳои дигари расмиву ғайрирасмӣ меҳмонони зиёде аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Ба андешаи Шумо чӣ тавофуқоте аз ин сафар ҳосил хоҳад шуд?
- Воқеан, сабаби ҳузури мо бо ҳайати меҳмонон аз Арабистони Саудӣ ин иштирок дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву иқтисодии сатҳи баланд аст. Санаи 20-уми май дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир шуд, ки дар он беш аз 30 нафар соҳибкору сармоягузори ин давлат бо ташаббуси худ дар заминаи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда бо сафари махсус ба Тоҷикистон омаданд.
Ҳадафи дигар, таъмини иштироки ҷавонони Арабистони Саудӣ дар Форуми ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс буд, ки дар Тоҷикистон дар сатҳи бисёр арзандае баргузор гашт. Дар ин Форум аз кишварҳои арабии Халиҷи Форс наздики 60 меҳмон ва аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷавонони зиёде иштирок намуданд. Баргузории Форуми мазкур дар заминаи ташаббус, дастур ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Санаи 29 – 31-уми май Тоҷикистон мизбони конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо буд, ки зиёда аз 2500 коршиноси сатҳи баландро аз 80 кишвари хориҷӣ пазироӣ намуд. Дар доираи масъулияти мо, ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ ҳам намояндагони кишвари иқомат ворид мешаванд ва ҳам намояндагони Созмони ҳамкориҳои исломӣ, Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс, Фонди рушди Саудӣ, Бонки исломии рушд.
Валиаҳди Арабистони Саудӣ ду ташаббуси муҳими вобаста ба иқлим дорад: Ховари миёнаи Сабз ва Арабистони Саудии Сабз. Ташаббусҳо тақозо доранд, ки дар ин давлатҳо барои пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва сабзгардонии минтақа миллионҳо ниҳол шинонда шавад. Арабистони Саудӣ мехоҳад Созмони ҷаҳонии обро таъсис диҳад ва ҷонибдори ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар ин самт аст.
- Таваҷҷуҳи занони Арабистони Саудӣ дар самти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст ва дар ҳайати намояндагони самти иқтисоду соҳибкорӣ бонувон ҳам ҳастанд?
- Дар Форуми соҳибкорӣ 6 нафар зан аз ҷониби Арабистони Саудӣ ширкат варзид. Бонувони араб махсусан таваҷҷуҳ доштанд ба самти сармоягузорӣ дар бахшҳои саноатӣ, озуқаворӣ, кишоварзӣ. Занон аз федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Арабистони Саудӣ низ ҳузур доштанд, ки мо барои роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда бо онҳо дар тамоси ҳамешагӣ қарор дорем.
- Дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ имрӯз чӣ теъдод ҳамватанони мо кору зиндагӣ доранд?
- Омори тоҷикистониёни ин давлат зудтағйирёбанда аст. Ҳамагон хуб медонанд, ки Арабистони Саудӣ сарзамини ду шаҳрҳои муқаддаси олами ислом - Маккаву Мадина мебошад. Дар баробари мусалмонони дунё, ҳамасола теъдоди муайяни ҳамватанони мо барои зиёрати ин шаҳрҳои муқаддас мераванд ва баъзеҳо бо ёфтани кори мувофиқ барои моҳу солҳо он ҷо мемонанд, донишҷӯёне дорем, ки муддате мераванд таҳсил мекунанду бармегарданд. Аз рӯйи омори охир, ҳоло 400 нафар шаҳрвандони мо ҳамроҳи оилаҳои худ дар Арабистони Саудӣ кору зиндагӣ доранд.
Солҳои охир ба таври расмӣ сафарбар намудани қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар роҳандозӣ шудааст. Барои он давлат табибон, ҳамширагони шафқат, муҳандисони забондон лозиманд. Муроҷиатҳо ба сафорат афзуда, онҳо бештар ба мавзуи будубош, дуруст кардани ҳуҷҷатҳо, шикоят аз ширкатҳои хизматрасон, ки бештари ҳамватанонамон тариқи давлати сеюм ба зиёрат мераванду фиреб мехӯранд, рабт доранд. Талош менамоем, ки бо маҳзи расидани муроҷиату дархост аз ҳамдиёрон барояшон зуд ёрии фарогир расонем.
- Сатри машҳури Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ: «Фиристода бояд, ки доно бувад!»-ро дар шароити замони муосир чӣ гуна метавон тафсир намуд?
- Фирдавсӣ воқеан дар «Шоҳнома»-и безаволаш дақиқу дуруст фармуда:
Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.
Аввалан, ҳар фиристода ва ё сафир бояд ифтихор дошта бошад, ки ба боварии роҳбарияти олии кишвараш ноил ва ба ин вазифаи пуршараф таъин гардидааст. Сафирӣ масъулияти вазнину ҳассосест, ки чолишҳо ҳам дорад. Ҳар фиристода дар давлати иқомат симои миллату давлаташ аст. Рафтору кирдору гуфтори сафир метавонад аз ҷониби масъулини кишвари иқоматаш ба таври мусбат ё манфӣ арзёбӣ гардад, метавонад ба раванди муносибатҳо, рушди ҳамкориҳо таъсири хуб ва ё бад расонад. Сафирон бояд мулоҳизакору соҳибдониш ва ҷуръати гуфтани мавзуъҳои нозукро дошта бошанд.
- Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро тоҷикони муқими Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чӣ гуна истиқбол менамоянд?
- Тоҷикон пас аз соҳиб шудан ба истиқлоли давлатӣ ба чолишҳои сангин дучор омаданд. Дар кишвар ҷанги таҳмилӣ сар зад, ки ҳам омилҳои дохилӣ дошту ҳам хориҷӣ. Шукрона, ки барои ҳимояи ин миллат марди фарзонае камар баст ва онро сарҷамъ сохту ваҳдат овард. Ин марди бузург Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки имрӯз бояд дар атрофашон муттаҳид бошем, дар партави сиёсати босуботашон ба самти пеш ҳаракат намоем.
Ҳамасола ҷашнҳои муҳими давлатӣ: Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи бостонӣ дар сафорат бо ҳузури ҳамдиёрон, ҳамватанони бурунмарзӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, меҳмонону масъулини давлати иқомат дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
