БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Пешвои ҷавону ҷавонон

Сиёсат

Тоҷикистониён аз он ифтихорманданд, ки дар лаҳзаи муҳимтарини таърихӣ сиёсатмадори ҷавону таърихсозро соҳиб шуданд.

Ҷавонон такягоҳ ва ояндаи ҳар ҷомеа ва кишваранд. Инро набояд ҳамчун як таъбири зебо қабул кард. Баръакс, бояд воқеияте донист, ки дар тули таърих борҳо исботи худро ёфтааст. Аз ҳамин ҷост, ки насли калонсол ва махсусан ҳукуматҳо дар тамоми дунё талош меварзанд, то насли наврас шаҳрвандони арзандаи кишвари худ бошанд. Зеро, ҳар ҷавон ва шахсе, ки роҳи камолотро пеш гирифтааст, вижагии ба худ хос дорад. Талоши аввалину асосиаш ҳамин аст, ки худ ва роҳи худро дарёбад. Дар заминаи ин раванд ӯ дарк месозад, ки нақшу рисолаташ барои ҷомеа ва миллат чист? Ин давраи бисёр ҳассос аст ва на ҳар ҷавон ба умқи он сарфаҳм меравад. Барои ҳамин, ба насли ҷавон ҳамеша раҳнамо зарур аст. Ин раҳнамову пешкор, агар тавонист насли ҷавонро барои ободгариву хидмат ба Ватан равона сохта, тавассути он давлатро тавонотару беҳтар созад, ояндаи миллат ҳам аз чунин неру тавоноӣ ёфта, дар офият мемонад. Яъне, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои ҳамин давлатмардон сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа дониста, ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи сиёсатмадороне ба ҳисоб мераванд, ки ин маъниро амиқан дарк карда буданд ва дар лаҳзаҳои душвортарин аз ин неруи тавонманд ҳадафмандона истифода бурданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки худи Сарвари давлат сиёсатмадори ниҳоят ҷавон ҳисоб шуда, роҳбарии як мамлакати ҷангзадаву паҳну парешонро ба зимма гирифта буданд.

Сарфи назар аз ин, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали роҳбарии хеш ҳамеша мегуфтанд, ки ҷавонон неруи созандаи кишваранду ба онҳо бояд бовар кард. Аз ҳамин ҷост, ки яке аз нахустин мулоқотҳои худро бо ҷавонони фаъоли Тоҷикистон 2-юми феврали соли 1993 баргузор намуданд. Ин мулоқот, ки он тавассути шабакаи телевизион ба мардум нишон дода шуд, Сарвари давлатро ҳамчун як шахсияти таҳаммулпазиру дурандеш бештар муаррифӣ кард. Он замон Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбати кӯтоҳе анҷом дода, зарур донистанд, ки бештар ҳарфи дили ҷавононро бишнаванд. Аз ин хотир, минбарро аксари вақт дар ихтиёри ҷавонон гузоштанд. Дар натиҷа, ҷавонон бо ҳарорату эҳсосоти амиқ дар бораи рухдодҳои ҷумҳурӣ мавқеи худро изҳор намуданд ва исбот сохтанд, ки ба воқеаҳои замон бетараф набуда, балки омодаанд тавонмандиҳои худро барои бартараф сохтани мушкилот комилан истифода намоянд.

 

Пас аз шунидани андешаҳои ҷавонон, Роҳбари давлат бори дигар эҳсос намуданд, ки дар роҳи дуруст қарор доранд ва бояд ба ин неруи муҳими ҷомеа такяи бештар намоянд. Дар натиҷа, 17 марти соли 1994 бо дастгирии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир шуд. Зимнан, ин созмон он вақт як неруи қавиеро мемонд, ки беш аз 300 ҳазор нафарро фаро мегирифт, аммо гирудорҳои замон онҳоро пароканда карда буд.

Барои ҷавонон, ҳамчуноне баъдан иштирокчиёни ин ҷаласа навиштанд, аз ҳама муҳим он буд, ки фаъолияти созмонашон, ки бинобар муноқишаҳои онвақта пароканда шуда буд, аз нав эҳё шуд. Дар ин анҷуман мавзуъҳои муҳимтарини ҷомеаву давлат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, бештар доир ба дигаргуниҳои сиёсӣ дар кишвар, ислоҳоти сиёсӣ, раъйпурсӣ ва интихоботи парлумон, интихоби Президенти мамлакат, баррасии Конститутсияи нав суҳбатҳо сурат гирифт. Сарвари давлат бо қаноатмандӣ иброз намуданд, ки ҳама пешниҳод ва иқдомоти неки созандаи ҷавонони пешқадам ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ҷонибдоранд.

Анҷумани мазкур дар шароити басо душвори мамлакат баргузор мегардид ва Роҳбари давлат ба иштирокчиён воқеиятро арзёбӣ намуд. Ин барои муттаҳид гардидани ҷавонон дар атрофи Пешвои ободкор мусоидат мекард. Аз ин ҷост, ки иштирокчиён бо руҳияи баланд иброз намуданд, ки дар ҳама ташаббусҳо аз мавқеи Ҳукумат дастгирӣ хоҳанд кард. Пас аз ин анҷуман, ҷавонони мамлакат дар фаъолияти худ баррасиву таблиғи иқдомоти Ҳукуматро дар мадди аввал гузоштанд. Онҳо зимни суҳбатҳояшон дар шаҳру навоҳӣ, вазорату корхонаҳо ва деҳоти дурдаст доир ба лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилони халқ ва Президент суханронӣ намуда, иқдомоти созанда ва мавқеи Ҳукумати марказиро ба мардум фаҳмонданд.

6-уми августи соли 1994 Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон даъват шуд ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аввалин созмоне гардид, ки бо қарори қотеи худ номзадии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Президенти кишвар пешниҳод намуд. Яке аз пешниҳодҳои ҷавонон он замон ин буд, ки барояшон сохтори давлатии махсусе ташкил намоянд. Ин дархост аз ҷониби Сарвари давлат ба хубӣ пазируфта шуд. Ҳамин тавр, соли 1997 қарор дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ба тасвиб расид. Андактар барои фаъолияти пурсамари ин ниҳоди муҳими давлатӣ барномаҳои соҳавӣ, барномаҳои миллӣ таҳия ва амалӣ гардиданд. Махсусан, қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» нишон дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ҷавонон такяи устувор дошта, тарбия намудан ва ба камол расондани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои асосии худ медонад. Ин бесабаб нест, зеро таҳқиқотҳои илмӣ исбот намудаанд, ки дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 дарсади аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дорад. Ин нукта, махсусан, барои кишварҳое чун Тоҷикистон, ки қисми асосии аҳолиашро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳад ва синни миёнаи аҳолӣ ба 24,7 сол баробар аст, муҳим мебошад. Барои ҳамин зарур дониста шуд, ки Стратегияи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, он ба иштироки ҷавонон дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ алоқаманд карда шавад.Сарфи назар аз душвориҳои ибтидои замони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 Квотаи президентӣ ҷудо гардид, ки ин иқдоми саривақтӣ ҷиҳати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон, аз ҷумла духтарони деҳот ба ҳисоб мерафт. Ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 1998 таҳти № 967 Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин, 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон шуд, ки аз соли 1998 дар кишвар ин ид ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва таҳсил намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар аз ҳисоби фонди махсуси Сарвари давлат стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд. Тавассути чунин иқдом ҷавонони зиёде дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои гуногун таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳои муҳим шуда истодаанд.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Ба таъкиди таҳлилгарон, яке аз омилҳои асосии ин иқдом, ин боварии Роҳбари давлат ба насли ҷавон ва рисолати созандагию бунёдкорӣ доштани онҳост, зеро аз мактаби сиёсиву давлатдории Президенти Тоҷикистон акнун насли нави сиёсатмадороне ба воя расидаанд, ки боиси ифтихормандист.

Таъин гардидани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе исботи бармалост. Дар ҳақиқат, чанд соли охир пойтахти кишвар симои худро ба куллӣ тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо, ободу осуда муаррифӣ гаштааст. Рустами Эмомалӣ дар фаъолияти хеш муҳимтарин арзишҳои миллии ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми он, хештаншиносӣ, посдории забони миллӣ ва таърихи ниёгон, инкишофи фарҳанги пурғановат ва рушди анъанаҳои мардумиро ба роҳ мондааст, ки маънии хос дорад.

Ин ба он маънист, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоби стратегияи ояндаи давлатдорӣ низ сиёсати оқилона доранд ва насли нави сиёсатмадоронеро парвардаанд, ки дар роҳи сохтусози давлати миллӣ ба онҳо мешавад эътимод кард.

 Одиназода Шоҳона Сулаймон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон