Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ваҳдат дастоварди бузурги миллат
СиёсатВаҳдати миллӣ дар сарнавишти миллат ва мардуми Тоҷикистон баробари истиқлоли давлатӣ арзиш ва аҳамияти беназирро соҳиб аст. Беҳикмат нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки мо фарҳанги сулҳ ва ваҳдати бадастовардаамонро қадр ва ҳифз менамоем, зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузург мебошад.
Соли равон аз санаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, ки асоси суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамонро поягузорӣ намуд, 28 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардид. Аз баракати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ нақшаҳои пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии мардум ҷиҳати амалӣ гардондани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.
Расидан ба ваҳдати миллӣ дар марҳалаи нави таърихӣ, ки ба корномаҳои бузургу бемисли Пешвои муаззами миллат такя мекунад, ҳосили сабақгирӣ аз дарси сарнавишти таърихии тоҷикон низ маҳсуб мешавад. Такя ва қудрату тафаккури зеҳнӣ ва маънавии тоҷикон, ки ба фитрати олии инсонии ин миллати созандаву бунёдкор пайванд мегирад, ба Пешвои муаззами миллат неру ва эътимоди бузург бахшид, то аз минбари Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорате аз расидани «сулҳи деринтизор» ба сарзамини Тоҷикистон диҳанд…
Нақши ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар бояд ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дода шавад. Ваҳдати миллӣ нақшаи душманони миллати тоҷикро, ки мехостанд бо дасти зархаридону хоинон фарҳангу мазҳаби бегонаро басари мардуми кишвар ба таври иҷборӣ таҳмил намуда, низоми осоиштаи давлатдориро тағйир диҳанд, барбод дод ва барои таҳкими давлат заминаи мусоид фароҳам овард.
Хиради волои Роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди равобити густардаи Тоҷикистон бо кишварҳои олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ намуд. Ин таҷриба аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, ҳамчун сабақи равшани таърихӣ ва таҷрибаи тоза дар таҳкими сулҳу субот ҷойгоҳи шоиста дарёфт. Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ба унвони намунаи ибрат барои таҳкими сулҳу субот дар мамлакатҳои мухталифи олам истиқбол намуда, бархурдорӣ ва огаҳӣ аз ин рӯйдоди босаодатро рукни муассир дар таъмини ваҳдати қавмиву миллӣ барои аксари кишварҳои дунё арзёбӣ кардаанд.
Дар ин бора Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд: «Ба даст омадани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва таъмин намудани ваҳдати миллӣ на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик гардид, балки ҳамчун як сабақи омӯзандаи таърихӣ ва таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф карда шуд».
Воқеан, маҳз ҳамин рӯйдоди фараҳбахш имкон дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба пешрафту муваффақиятҳои бузург ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Мардуми вилояти Суғд ҳамеша ифтихор аз он доранд, ки дар заминаи таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ ваҳдати тоҷикон беҳтарин ва бузургтарин дастовардҳои навин чун ҳосили шукӯҳи ваҳдат насибамон гардид. Дар навбати аввал бояд эътироф намуд, ки ифтитоҳи ду нақби бузург – «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ба таври воқеӣ ҷуғрофиёи воҳиди Тоҷикистони азизи моро чун рамзи ягонагии ин миллати шарафманд таъмин намуда, партави дурахшони хуршеди ваҳдат ҳамчун қувваи бузурги давлатсоз тамоми манотиқи кишварро фаро гирифт.
Танҳо бо ҳузури мунаввари Пешвои миллат ба вилояти Суғд дар чанд соли охир вилояти куҳанбунёди таърихӣ симои худро ба куллӣ дигар кард. Таваҷҷуҳ ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият дод, ки дар сартосари вилоят бо истифода аз имкониятҳои рушди сайёҳӣ муҳимтарин иншооти дорои аҳамияти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангу маърифатӣ бунёд гардад. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун шукӯҳу ҷалол ва ливои ифтихори миллат ҳам дар шаҳри Хуҷанд ва ҳам дар дуртарин нуқтаи ҳудуди вилоят – ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ парафшон аст. Маҳз ба шарофати таҳкими ваҳдати миллӣ ва тантанаи сулҳу субот дар давоми чанд соли охир дар вилоят чандин шаҳракҳо ҳамчун маҳсули корномаҳои созандаи Пешвои миллат арзи ҳастӣ намуданд.
Ҳамасола барои эҳё ва эъмори обидаҳои таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ низ шароити мусоид фароҳам мешавад. Баробари бунёди чунин боғҳо, ки асосан ба номи бузургони адабиёт ва фарҳанги миллии мо гузошта шуданд, мақбараҳои Камоли Хуҷандӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ бунёд, ёдгории таърихии Қалъаи Муғ дар шаҳри Истаравшан барқарор ва муҷассамаҳои суханварони бузурги адабиёти мо устод Рӯдакӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент, Камоли Хуҷандӣ дар Хуҷанд, Сайфиддини Исфарангӣ дар Исфара, Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ, Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияҳои Зафарободу Айнӣ, Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Панҷакент қомат афрохтанд.
Эълони ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноатикунонӣ, имкон фароҳам меорад, ки ҳамасола дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят чандин коргоҳҳои саноатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Ин омил дар маҷмуъ, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани аҳолӣ ва афзудани буҷети мамлакат мусоидат менамояд.
Танҳо дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат дар Наврӯзи имсола чандин коргоҳҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ гардиданд ва барои бунёди чандин корхонаҳои дигар санги асос гузошта шуд. Ин тадбири муҳим ва наҷиби созандагӣ ҳамчун ҳосили таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистон бомаром дар сартосари кишвар идома дорад ва мо боварии комил дорем, ки дар дарозои фосилаи боқимонда, то замони таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои ҳамешагӣ нурафшону гулафшон мегардад.
Бо ташаббус, иқдоми шоиста ва дар заминаи сиёсати дурбинона, хирадмандона ва башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони сатҳи олии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардидани Иди байналмилалии Наврӯз барои сокинони кишвар боиси ифтихору руҳбаландӣ гардид, зеро роҳандозии муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ ва дӯстиву рафоқати байни халқҳо ба мустаҳкам гаштани робитаҳои кишварҳои ҳамҷавор мусоидат намуда, имконияти рушду пешрафти бештарро фароҳам меоварад.
Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикору талошҳои ватанпарваронаи Президенти Тоҷикистон мушкилоти марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳалли худро ёфт ва муносибатҳои дӯстию ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз нав барқарор гардид. Ин иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва роҳбарони кишварҳои абарқудрати ҷаҳон бо хушнудӣ пазируфта шуда, сазовори баҳои баланд гардид.
Имрӯз аз он ифтихормандем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баракати сулҳу осоиштагӣ Тоҷикистон дар миқёси олам ҳамчун кишвари ташаббускори иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Дар ин раванд, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли силсилаи масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва экологӣ дар ҷаҳон мавқеи хосаро ишғол менамоянд. Ин ибтикорҳо ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир – хавфи афзоишёбандаи терроризми байналмилалӣ, пешгирии вусъати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, норасоии оби тоза ва дигар мушкилиҳое, ки дар иртибот ба он эҷод шудаанд, ба яке аз самтҳои муҳим ва самараноки сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтаанд.
Арзишу аҳамияти сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, махсусан, дар марҳалаи имрӯза, ки инсоният бо мушкилиҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст, бештар эҳсос гардида, ҳар кадоми моро водор месозад, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси Ватани маҳбуб ва миллати куҳанбунёдамон саҳмгузор бошем. Маҳз ҳамдилӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот моро водор месозанд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро бо бузургтарин корномаҳои созанда истиқбол намуда, онро боз ҳам чун макони хурраму ободу шукуфон ба чашми оламиён ба намоиш гузорем.
Сокинони ватандӯст ва баору номуси Суғди бостонӣ, баробари тамоми мардуми Тоҷикистони азиз, бо сарфарозӣ ва ихлоси тамом ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш намуда, ҷавобан ба тамоми ғамхориву дастгириҳои Сарвари ваҳдатофару сулҳофарини хеш барои ба вуҷуд овардани бузургтарин корномаҳои созандагӣ ва мусоидат дар пешрафту шукуфоии кишвар, ҳифз ва густариши андешаи сулҳи тоҷикон ва фарҳанги нодири ваҳдатофаринӣ ва дастовардҳои ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, расидан ба мақсадҳои бузурги давлатсозӣ ва ормонҳои наҷиби давлатдорӣ якҷоя талош хоҳанд кард.
Аҳмадзода Раҷаб,
раиси вилояти Суғд,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мубодила:
Шарҳҳо
