Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ваҳдати миллӣ ва рушди бесобиқаи Мурғоб
СиёсатМоҳи июни соли 1995 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз мушкилиҳои зиёд ва нооромиҳои кишвар, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Ҳини боздид Президенти кишвари тозаистиқлол мақсад доштанд, ки аз шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Мурғоб, ки тақрибан 300 километр аз маркази вилоят дур аст, сафар карда, аз ҳолу аҳволи мардуми ин минтақаи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон хабар гиранд.
Сокинони Мурғоб аз ин нақша огоҳӣ ёфта, барои сазовор пешвоз гирифтани Сарвари давлат ҳамаҷониба омодагӣ медиданд. Баъди вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Хоруғ Президент тавассути чархбол азми сафар карданд, аммо вазъи ҳаво хуб набуд. Масъулон маслиҳати сафар надоданд, аммо Президент намехостанд мардумро, ки се рӯз боз интизорӣ мекашиданд, ноумед созанд.
Чархбол дар ҳамвории болои деҳаи Аличур ба замин нишаст ва хурду бузурги деҳа сӯйи чархбол шитофтанд. Онҳо дар ҳайрат монданд, ки дар чунин ҳавои номусоид чархбол чӣ гуна парвоз анҷом дод. Вақте Президент аз чархбол берун омад, шамол шиддат гирифта, боди тунд пағаҳои барфро бо шаст ба рӯю мӯйҳо мепошид. Президент бо нигоҳи пурмеҳру самимӣ сӯи мардум қадам ниҳод. Сокинони деҳаро ҳеҷ бовар намеомад, ки Президент дар деҳаи онҳо меҳмон шудааст.
Солҳо сипарӣ шуда бошанд ҳам мардуми деҳаи Аличур то ҳанӯз ин сафари хотирмони Президентро байни худ қисса мекунанд. Бо ҳидояти Сарвари давлат дар деҳаи Аличур иншооти зиёде, ба мисли мактаб-интернати нав ва бунгоҳи тиббӣ сохта шуданд. Роҳи мошингард то маркази Мурғоб сангфарш асту зиндагии мардум хеле гуворо гардид.
Дар маркази ноҳия сохтмони Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон», неругоҳи офтобӣ, корхонаи коркарди маъдани нуқраи мавзеи Якҷилва, биноҳои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, Ҷамоати деҳоти Аличур, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, филиали «Амонатбонк», раёсати молия, маркази адлия, «Тоҷиктелеком», «Агроинвестбонк», шуъбаи Агентии назорати маводи нашъаовар, МТМУ № 9, толори варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғ. Бердибоев анҷом пазируфтанд ва баъзеи дигар дар арафаи баистифодабарӣ мебошанд. Чоҳҳои об, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ низ дар хизмати сокинон қарор доранд. Мавзеъҳои истироҳатии назди чашмаҳо, меҳмонхонаҳо, даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб бо муҷассамаи ҳайвоноти нодир зеб дода шудаанд. Панелҳои офтобӣ дар деҳаҳои Булункӯл ва Чечектӣ барқ меофаранд, сокинон ба алоқаи мобилӣ дастрасӣ доранд.
Дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб майдони Парчами давлатӣ ифтитоҳ ёфт, Нишони давлатӣ дар баландии 3669 метр аз сатҳи баҳр қад афрохт. Сохтмони бинои мақомоти амният дар арафаи анҷомёбист. Маркази тавонбахшии ҳайвоноти нодир бо сифатибаланд бунёд шуда, дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шуд. Бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб низ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 2 млн сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Моҳи ноябри соли 2023 бинои ШВКД дар ноҳияи Мурғоб ба истифода дода шуда, моҳи майи соли равон бунёди бинои маъмурии Нозироти андози ноҳияи Мурғоб оғоз гардид. Дар арафаи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Аличур дар фазои ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт. Ғайр аз ин, дар деҳаҳои Башгумбез, АкБайтал, Пшарт ва Аличур пулҳо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Моҳи майи соли 2024 дар доираи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гармхона ба истифода дода шуда, дар деҳаи Модиёни Ҷамоати деҳоти Ғ.Бердибоев ниҳолхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва сохтмони корхонаи коркарди гӯшт ва шир ба нақша гирифта шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Қизилработ бо мақсади обёрии чарогоҳ дар 4 га замин симчӯбҳо ва панҷараи симин (сетка) ба маблағи 108 ҳазор сомонӣ насб гардид.
Соли 2023 сохтмони интернат дар назди МТМУ № 11-уми деҳаи Шаймоқ ба маблағи 394 ҳазор сомонӣ оғоз шуда, дар арафаи 33юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар масофаи 4 км маркази ноҳия чароғон гардид. Дар назди биноҳо ва қад-қади кӯчаҳо чароғакҳои офтобӣ насб шуданд. Дар Ҷамоати деҳоти Рангкӯл бунёди корхонаи коркарди намак бомаром идома дорад.
Бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ сохтмони толорҳои варзишии МТМУ № 1 ва № 14-уми шаҳраки Мурғоб шуруъ гардида, соли 2026 ба истифода додани онҳо дар назар аст. Ҳамчунин, ҶДММ «Суман» сохтмони коргоҳи коркарди санги кардиолитро ба уҳда гирифт, ки соли 2026 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Барои рушди соҳибкории хурду миёна моҳи ноябри соли 2023 сохтмони дувумин бозор дар ноҳия оғоз шуда, то ин дам 75 фоизи корҳо анҷом ёфтааст.
Бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ биноҳои Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, дидбонгоҳҳои «Темурмалик», «Рангкӯл», «Далер», «Помир», «Қаракӯл», «Ибодулло Убайдуллозода» ва «Қувватов Собирҷон» сохта, ба истифода дода шуданд.
Боғи фарҳангиву фароғатии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бамаблағи 3 млн 200 ҳазор сомонӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Қаракӯл аз ҳисоби соҳибкор Рисбай Назарманбетов меҳмонхонаи 2-ошёна барои 38 нафар меҳмон бунёд ёфта, дар фазои ҷашнӣ ифтитоҳ шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Ғ. Бердибоев корхонаи дӯзандагии «Салтанат» бо 16 мошини дӯзандагӣ ба кор даромад, ки он 13 муассисаи таълимии ҳудуди ноҳияро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд.
Бо ибтикори соҳибкор С. Тошмамадова дар бозори Сари-Кол мағозаи тиҷоратии «Алинур» ба фаъолият пардохт. Соҳибкор С. Шакарбеков дар маркази ноҳия ба маблағи 670 ҳазор сомонӣ мағозаи хӯрокворӣ бунёд намуд. Сохтмони мағозаи 2-ошёна аз ҳисоби худмаблағгузор М. Таҷалиев ҳанӯз идома дорад. Сохтмони мағозаи хӯрокворӣ ва толори сақобозӣ дар кӯчаи Ош1-и маркази ноҳия аз ҳисоби соҳибкор И. Гулҷигитов ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ба анҷом расид. Дар кӯчаи Қурбонбекови маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкор Х. Хуросониев сохтмони Маркази тиббӣ-фарматсевтӣ ва тиҷоратӣ идома дорад.
Ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ клуби деҳаи Рангкӯл аз таъмири пурра баромада, дар Ҷамоати деҳоти Аличур меҳмонхонаи сайёҳӣ дар фазои ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт.
Соҳибкорон А. Дарябаев, А. Атабаев, Ф. Абдураҳмонова корхонаҳои истеҳсоли хишти сементӣ, қаннодӣ, истироҳатгоҳ сохтанд. Дар деҳоти Аличур сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар анҷомёбист. Аз ҳисоби ширкати «Эко-таксӣ» стансия барои таъмин намудани мошинҳои барқӣ бо неруи барқ фаъол гардид.
Боғи фарҳангиву фароғатии «Истиқлол»-и маркази ноҳия навсозӣ шуда, дар мавзеи Чештюбе дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ истироҳатгоҳ ва дар деҳаи Шаштебаи деҳоти Қизилработ меҳмонхона аз тарафи ҶДММ «Мурғоб» ифтитоҳ гардиданд.
Дар шаҳраки Мурғоб корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ қад кашид, барояш таҷҳизот ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ харид шуд. Дар ин ҷо се гармхонаи мавсимӣ ҳосили дилхоҳ медиҳад. Дар деҳаи Булункӯл чунин гармхона ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.
Дар ноҳияи Мурғоб то соли 2026 бунёди иншоотҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд: сохтмони биноҳои комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи маориф, МТМУ-и рақамҳои 1 ва 14, бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, суд, қасри фарҳанг, хонаи фарҳанг дар деҳаи Булункӯл, ташкили ҳуҷраи дандонпизишк ва терминали мусофиркашонӣ дар маркази ноҳия, пули пиёдагард дар мавзеи НБО «Тоҷикистон», таъмири пули молгузар, биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Рангкӯл, Ғ. Бердибоев, Қизилработ ва Қарақул.
Аз зикри корҳои бунёдгарӣ возеҳ аст, ки то замони Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб ба ҷуз як неругоҳи камиқтидор дигар иншоот, коргоҳ ва ободоние ба ин мисл бунёд нагардидааст. Ин ҳама сохтмонҳо, некуаҳволии мардуми ноҳияи баландкӯҳ танҳо пас аз бори аввал қадам ранҷа кардани Президенти Тоҷикистон, аз соли 1995 шуруъ гардида, дар 30 соли охир ба таври гӯшношунид вусъат ёфта, симои ноҳияи Мурғоб ба куллӣ дигар гашт. Ин ҳамаро мардуми ноҳия аз баракати истиқлол, ваҳдати сартосарӣ ва ғамхориву меҳрубониҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Ҳусния РАҶАБЗОДА,
раиси ноҳияи Мурғоб,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мубодила:
Шарҳҳо
