БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ваҳдати миллӣ самари хиради пешво аст

Сиёсат

Рӯшан аст, ки дар ибтидои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар зери таъсири омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ Тоҷикистонро буҳрони шадиди сиёсӣ фаро гирифт, ки он хатари ҷиддие ба истиқлол ва якпорчагии давлат буд. Дар муддати хеле кӯтоҳ аркони идории давлатию ҷамъиятӣ фалаҷ гардида, миллат дар ҳоли парокандагӣ ва таҳдидҳои зиёде қарор гирифт. Ин буҳроне буд, ки на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба суботи минтақа таҳдид мекард. Ягона роҳи ҳифзи ин гавҳари нодир якдилӣ ва муттаҳидии миллат ба ҳисоб мерафт, вале ин рисолат дар ибтидо иҷро нашуд, миллат пароканда ва давлат фалаҷ гардида буд.

Дар ин лаҳзаи сарнавиштсоз барои миллат ва давлат акнун ҳамон таҷрибаи нодири таърихӣ кумак карду бо ташаббуси қувваҳои сулҳпарвар ва фарзандони бо нангу номуси миллат, ки дар фикри якпорчагию истиқлоли давлатӣ буданд, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрам ҷиҳати ба вуҷуд овардани сулҳу субот ва таҳкими низоми давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ кафили истиқлол ва якпорчагии Тоҷикистон гардид, ки минбаъд дар таърихи кишвар бо номи «Иҷлосияи тақдирсоз» сабт шуд. Ҳукумати нави Тоҷикистон ташкил ёфт. Сарвари сиёсие интихоб гардид, ки дар оянда ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба давлатсозию давлатдории ин миллат аз ӯ вобастагии зиёд дошт. Таҷрибаи таърихи инсоният исбот намудааст, ки шахсиятҳои бузург роҳнамои инсоният буда, аҳли ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои мураккаби иҷтимоиву иқтисодӣ бештар ба онҳо умед мебанданд.

Маҳз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бори дигар кори миллату давлати тоҷик омад карду сарвари сиёсие интихоб гардид, ки бо ирода ва матонати худ тавонист рисолати бузургу дар айни ҳол бисёр мураккабро бошарафона иҷро намояд. Ин шахсияти барҷаста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз аз ҷониби миллати тоҷик ҳамчун «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» эътироф гардидаанд. Замоне роҳбари ҷавон Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифт, ки аз ин рисолати бузургу мураккаб аксарият худдорӣ мекарданд. Ҳарчанд Тоҷикистон соҳибистиқлол буд, дар кишвар беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукм меронд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва вазъи буҳронии мамлакат Тоҷикистонро ба як минтақаи доғи сиёҳ табдил дода буду мақоми миллат дар роҳи косташавӣ қарор дошт. Хоинони дохилӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои ғаразноки хориҷиҳо дар кишвар бо амалҳои золимона ва ғайриинсонии худ мусоидат намуданд. Натиҷаи ана ҳамин фаъолияти хоинон буд, ки қариб ним миллион аҳолии кишвар ба муҳоҷирати иҷборӣ рӯ овард. Дар асари ҷанг 120 ҳазор бино, дар ин ҳисоб хонаҳои истиқоматӣ, марказҳои маъмурӣ, корхонаҳо, биноҳои идорӣ, кӯдакистонҳо, мактабҳо вайрону ба хок яксон шуданд. Дар умум ҷанг ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА зарари моддӣ расонд. Офатҳое, ки дар ибтидои истиқлоли кишвар ба вуҷуд омаданд, боиси канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои собиқ шуравӣ ва хориҷӣ гардиданд.

Бо назардошти ин ҳама, Сарвари навинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши худро баҳри бартараф намудани омилҳои буҳронӣ равона карданд. Хидмати бузурги ин сиёсатмадори барҷаста дар назди миллати тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар он аст, ки дар шароити ҳассос ва мураккаби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парокандагӣ ва барҳамхӯрӣ ҳифз карданд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон ва наҷотбахши давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст…

Аксари ашхоси таҷрибадор аз ишғоли вазифаҳои пешниҳодкардаи Раиси Шурои Олӣ худдорӣ карданду мавқеи интизориро ихтиёр карда буданд. Дар чунин вазъи мураккабмуҳимтарин вазифаи Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳар чи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ногувори буҳрони сиёсӣ ва устувор намудани пояҳои давлати соҳибистиқлол пиёдасозии барномаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва мутамаддин буд. Муҳимтарин механизми амалӣ гардидани ин барнома қабули Конститутсияи кишвар маҳсуб меёфт, ки он стратегияи рушди дурнамои Тоҷикистонро дар тамоми самтҳо бояд муайян мекард. Қонуни асосӣ мавқеи ҳар қишри ҷомеаи шаҳрвандиро муайян карда, мамлакатро аз вартаи буҳронӣ раҳо мебахшид ва ҳамин тавр ҳам шуд.

 Аввалин кори Сарвари давлати Тоҷикистон аз сулҳ оғоз шуд. Яке аз роҳҳои таҳкими сулҳу суботро Эмомалӣ Раҳмон дар баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ медид. Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон қарор доштанд, ки вазъи сиёсии ин кишвар ҳам бисёр муташанниҷ буд. Эмомалӣ Раҳмон ин рисолати бузурги таърихиро дар назди миллати тоҷик бошарафона иҷро карданд.

Тоҷикистон ба як таҳаввулоти бузурге ниёз дошт, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа, махсусан силоҳдору бесилоҳ, гурезагону дар Ватан будагон, зиёиёну мардуми одӣ тавонанд бе таҳдид дар эҳёи кишвар саҳм дошта бошанд. Шурои Олӣ Қонун «Дар бораи авф»-ро қабул кард, ки ин маънои бахшиши гуноҳи иштирокдорони ҷанги таҳмилиро дошт. Сарвари давлат ба хотири мондагории миллату давлат ва якпорчагии Ватан такрор ба такрор аз иштирокчиёни мухолифатҳо бо мақсади аз гуноҳи ҳамдигар гузаштан ва ба зиндагии шоиста қадам мондан даъват мекард. Ин сиёсати Ҳукумат ва ташаббусҳои хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварӣ ва эътимоди аксариятро зиёд намуд.

Ҳамин тавр, Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии  Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи танзими вазъи сиёсиву иҷтимоӣ чораҳои саривақтӣ анҷом дод. Сарвари давлат муваффақ гардид, ки дар радифи устувор намудани пояҳои давлатдорӣ, махсусан ташкили мубориза бо ҷинояткорӣ, ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқиро идома бахшида, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанду сулҳу ваҳдати миллиро, ки кафили мондагории миллат ва истиқлоли давлатӣ мебошад, пойдор намоянд. Ана ҳамин хидматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки мужда аз фарорасии ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, оғози бунёдкорӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ медод. Иродаи матин, афкори дурандешона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи асосиро дар роҳи таҳкими сулҳу субот дар кишвар гузоштанд.

ХУШВАХТЗОДА Қобилҷон Хушвахт,

президенти АМИТ, профессор,

узви МаҷлисимиллииМаҷлисиОлии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 56)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон