БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Рашти бостон дар ҳисори ваҳдат аст

Сиёсат

Мусоҳибаиихтисосии«БонувониТоҷикистон»бораисиноҳияиРашт, узви МаҷлисимиллииМаҷлисиОлииҶумҳурииТоҷикистонИдизодаЗаринаФузайлшо

Шумо ҳамчун як бонуи фаъол ва роҳбари масъул мафҳуми ваҳдатро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Воқеан, баъди ҳазору сад баҳор миллати сарбаланди тоҷик боз соҳиби истиқлоли воқеӣ гардид. Таърих даҳҳо давлатҳои қудратмандеро ёд дорад, ки дар гирудори ҳаводис аз харитаи олам нопадид гаштаанд. Тоҷикистони азизи мо аз кишварҳоест, ки дубора эҳё шуд. На бо зӯри яроқ, балки бо неруи хираду заковат, фарҳанги оламгиру тамаддуни бостониаш.

 

Таърихи халқи тоҷик ҳамчун омӯзгори бебадал ба мо раҳомӯзу маслиҳатгари беҳтарин аст. Дарвоқеъ, баъди зиёда аз ҳазор сол такрор ёфтани чунин таърих барои миллат амрест воқеона ва усулест тоҷикона.. Истиқлол дар оғоз меваиширин ба бор наовард. Давлати тоҷикон ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ кашида шуд. Сокинони кишвар дар қабзаи яъсу ноумедӣ гирифтор шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон дарк намуданд, ки ҳамаи амали зӯроварона дар интиҳо бенатиҷа хоҳад буд. Танҳо бозуи устувори сулҳу ваҳдат метавонад ҷомеаро аз вартаи ҷангу хунрезиҳо наҷот бахшад.

Мафҳуми ваҳдатро метавон бо даҳҳо маънӣ истифода бурд. Вале дар ҷомеаи имрӯзаи мо метавон гуфт, ки ҳамин ваҳдат буд, ки садпорагиҳои ҷомеаи моро бо ҳам ошно сохт, нусратҳои тоза ба тозаро ба мардуми муҳтарами куҳандиёр ҳидоят намуд, чашми чору гумзании дилҳои хастаро дар интизории азизону пайвандон рафъ сохт. 

Ба қавли номварон, ваҳдати замирӣ ва ҷавҳарписандӣ аст, ки миллати асрҳо ҷафокашидаву хастадил буда ва аз суннатҳои аҷдодии ҷудоафтодаи моро бароямон бармегардонад ва ҳамин ваҳдати қалбии азизон ба асрҳои зиёд мондагории давлати миллии тоҷикону тоҷикистониёнро таъмин хоҳад кард.

Таҳкими ваҳдат ва сулҳ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи олӣ сурат мегирад. Саҳми сарвари давлатро дар рушди ваҳдат ва амнияти кишварро махсусан дар ноҳияи Рашт чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Созишномае, ки моҳи сентябри соли 1996 аз тарафи ҳарду гурӯҳи даргир дар шаҳраки Ғарм ба имзо расид шуълаи фурӯзонаш то давраи анҷоми музокирот хомӯш нагардид. Инчунин, дар охирҳои моҳи декабри соли 1996 «протокол доири ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ, ки қисми асосии Созишнома ба ҳисоб меравад, роҳи расидан ба сулҳи ниҳоии байни тоҷиконро боз ҳам кӯтоҳтаркард.

Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ байни тоҷикон 27 -уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид ва ба рӯи халқи тоҷик дарвозаҳои марҳалаи нави зиндагӣ боз шуд, ки онро давраи созандагиву бунёдкорӣ ва шукуфоии Тоҷикистон, бахусус ноҳияи Рашт метавон ном бурд.

Дар зарфи 28-соли ахир дар қаламрави Рашт садҳо биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ ва роҳу пулҳо сохта ба истифода дода шуданд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт беандоза буда, дар таҷлили ҷашни ваҳдати ҷумҳуриявӣ, ки соли 2006 дар ноҳияи Рашт таҷлил гардид, ба аввалин раиси КИМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи кӯҳистон Нусратулло Махсум додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон буд, ки боиси сарфарозию сарбаландии мардуми ноҳияи Рашт гардид.

Айни ҳол Рашти бостон дар ҳисори ваҳдат аст ва зери осмони софу беғубор мардум пайи зиндагии хеш заҳмат мекашанд.

Бонувони Раштонзамин то куҷо дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ саҳм гирифтаанд?

- Бонувони ноҳия дуогӯионбуданд, ки сулҳусалоҳ, оромӣнасибимиллатитоҷикгардад. СарваридавлатроХудовандимутаолдар паноҳи исматаш нигоҳ дораду соябони сари миллати ҷафокашидаи тоҷик бошад,мегуфтанд модарони раштӣ.

Имрӯз низ модарону бонувони ноҳия саъю талоши худро баҳри таҳкими сулҳу ваҳдати пойдор равона намуда истодаанд…

 

Ҷалби занону духтарон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ то чӣ андоза метавонад дар рушди минбаъдаи кишвар таъсиргузор бошад?

- Таъсиси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳия Рашт, Коллеҷи тиббӣ ва квотаи президентӣ барои духтарони ноҳияҳои дурдасти кишвар, ба қавле духтарони ноҳияи Раштро низ аз «хоби гарон» бедор кард. Кунун духтарону бонувони мо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ноҳия саҳми босазои худро гузошта истодаанд.

Аз ҳисоби духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ мактабҳои олии кишварро хатмнамудаанд, садҳо нафарашон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳмгузор буда, 4 нафар дар риштаҳои гуногуни илм рисолаҳои илмии хешро дифоъ кардаанд.

Пӯшида нест, ки раванди бо суръати ҷаҳонишавӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа нақши худро мегузорад. Ба андешаи Шумо шароити кунунии ҷаҳон ба ваҳдати мо чӣ паёмадҳо ба бор дорад?

- Ноамн будани кадом давлате, ки набошад таъсири манфии он ба дигар давлатҳо низ мерасад. Аз ин рӯ, ҳар фарди ватандӯсти мамлакатро зарур аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пойдории ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад. Фирефтаи дасисаи ҳар гуна аҷнабӣ нагардад. Ба кавли кӯҳистонӣ «дар шир, ки сӯхтӣ дуғро пуф карда мехӯрӣ».

Ба кадом роҳҳо метавон якдилиро миёни наслҳои гуногуни ҷомеа, аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон боз ҳам устувор намуд?

- Дар урфият мегӯянд, ки«меҳрдарчашм аст», сафари ҳунарии санъаткорон, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, сайру саёҳат ба мавзеъҳои таърихии минтақаҳои гуногуни кишвар ва ба роҳ мондани маҳфилҳои адабӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии қишрҳои гуногуни ҷомеаро бедор намуд.

Лутфан, аз тадбирҳои фарҳангиву тарбиявӣ дар ноҳия мегуфтед, ки бо мақсади пос доштани арзишҳои миллӣ ва ваҳдати миллӣ гузаронда мешаванд?

- Бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ аз рӯи нақшаи муайян ҳамасола дар 14 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия чорабинии фарҳангию маърифатии «Шоми меҳр» бо иштироки васеи мардуми маҳал баргузор мегардад, ки мақсад аз он пос доштани арзишҳои миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ба роҳ мондани дарсҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо сокинони ноҳия аз ҳамин ҷумлаанд.

Барои иҷрои хизмати содиқона ба Ватан ва ҳифзи ваҳдату суботи ҷомеа ба кадом роҳҳо метавон ҷавононро ҷалб намуд?

Қабл аз ҳама, дар қалби ҷавонон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро ба сарзамине, ки тули ҳазорсолаҳо аҷдодони мо умр ба сар бурданд, бедор намуд.

Инро метавон танҳо бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монд. Роҳандозӣ намудани чунин амалҳои саривақтӣ ба мо имкон дод, ки тайи солҳои охир ҷавонони ноҳия ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил шуда, иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон дар рӯзи аввал таъмин гардад.

Дар ҳаёти Шумо ҳаст лаҳзае, ки арзиши ваҳдати

 миллиро бозгӯ кунанд?

- Шукр мегӯям, ки имрӯз мардуми ғамдидаам,

Базму бозӣ мекунанд дар гирди хони якдигар.

Ин аст ҳамон арзиши ваҳдати миллӣ, ки на  танҳо бозгӯи ман, балки тамоми мардуми Тоҷикистони азиз аст.

Паёми Шумо ба хонандагони маҷаллаи «Бонувони  Тоҷикистон» дар рӯзи Ваҳдати миллӣ.

- Қабл аз ҳама, тансиҳатию ба ҳар як сокини Ватани азиз осмони софу беғубор, пойдории ваҳдат ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 56)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон