БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҷавонтарин вакил

Сиёсат / Ҷавонон

ё 11 андешаи созандаи як бону

Ба шарофати роҳнамоиву дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин даъват дар Парлумони кишвар сафи ҷавонон бештар ва шумори бонувон афзудааст.

 Аз ҷамъи умумии даъвати 7-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафарро занон ташкил медиҳанд. Бонувон дар вазифаҳои роҳбарӣ ба симати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ – Мавсума Муинӣ, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ – Муҷибахон Ҷавҳарӣ, муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният - Барно Саидвализода, муовини раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон – Дилноза Аҳмадзода, муовини Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ – Сарвиноз Маҷидзода интихоб шуданд.

Иқтисодшинос

Солизода Наима Шодибой - ҷавонтарин вакил аз ҳисоби бонувон, 8-уми январи соли 1990 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Падараш иқтисоддон, модараш омӯзгор. Дар оила онҳо чаҳор духтар тарбия ёфта, Наима духтари хурдӣ ва ноздонаи зодмандон буд. Вай соли 2005 Литсей-интернати президентиро бо баҳои аъло хатм намуд.

1.«Дар панҷсолагӣ бо он ки хуб хондаву навишта метавонистам, маро якбора ба синфи 2-юми мактаби миёна қабул карданд. Солҳои вазнини баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд. Дар дабистон бо баҳои аъло таҳсил мекардам. Соли хатми синфи 10 имтиҳонҳои синфи 11-ро ба тариқи экстерн супурдаму ҳамин тавр дар 14-солагӣ соҳиби номаи камол гардидам».

Баъд аз хатми мактаб Наима донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ гардид ва бо гузашти панҷ сол онро бо ихтисоси барномасози компютерӣ поён овард. Худи ҳамон сол фаъолияташро аз ҶСК «Тоҷиктелеком» шуруъ намуд.

2.«Дар соли 7-уми корӣ бо ҳидояти падар ҳуҷҷатҳоямро барои идомаи таҳсил ба аспирантура супурдам. Бо завқу шавқе, ки доштам, барои идомаи фаъолият соҳаи омӯзгориро интихоб ва ҳамчун ассистенти кафедраи иқтисод ва менеҷменти филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» ба кор даромадам. Соли 2020 рисолаи номзадиамро дар мавзуи «Омилҳои берунии рушди интегратсияи иқтисодии минтақавӣ дар шароити муосир» ҳимоя намуда, ба гирифтани унвони номзади илмҳои иқтисодӣ шарафёб гардидам. Ҳамон сол як гурӯҳи салоҳиятнок аз Москва барои санҷиши фаъолияти Донишгоҳ ба Душанбе омаданду бо хулосаи онҳо баъдан маро мудири кафедраи информатика таъин намуданд».

Пас аз се соли кор дар вазифаи мудирӣ, Наима барои идомаи фаъолият ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия даъват шуд. Корро ҳамчун мудири кафедраи менеҷмент шуруъ карда, дар як муддати кӯтоҳ байни кормандон чун омӯзгори фаъолу ташаббускор шинохта гардид.

3.«Соли 2020 бо пешниҳоди роҳбари вақти Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Қудратов, ки чун олими намоёни соҳа маъруфияти хосеро байни коршиносон соҳибанд, ба сафи ҳизби мазкур пазируфта шудам. Аввалан, фаъолияти ҳизб бевосита ба ихтисосам рабт дошт, баъдан, ғояҳои созанда ва ватандӯстонааш бароям писанд буданд. Пас аз ин, чун узви ин ҳизб дар конфронсу чорабиниҳои марбут ба иқтисод иштироку суханронӣ мекардам».

Соли 2024 ӯро барои фаъолияти чашмрас дар қатори 12 нафар аъзои Ҳизби ислоҳотии иқтисодии Тоҷикистон ба рӯйхати номзадони эҳтимолӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд. Дар қатори 5 нафар аз ҳизбиён, Наима Солизода низ ба унвони намояндаи мардум шарафёб гардид.

4.«Ин ҳама аз дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки роҳҳоро дар ҳар самте барои ҷавонон боз карданд. Таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба бонувон буд, ки мо, занон, имрӯз ҳамчун вакилонмуайянкунандагони самти қонуну қонунмандии ҷомеа ифои вазифа менамоем. Аз он меболам, ки ҳамчун як ҷавони хуштолеъ, чун бонуи комгор маҳз дар ҳамин давра ба Парлумон роҳ ёфтам».

Савганд

Наима Солизода рӯзи аввали кориашро дар соҳаи комилан нав, чун вакил ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Он рӯз маросими савгандёдкунӣ дар бинои боҳашамати нави Парлумон, дар сатҳи бисёр баланд бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ шуд.

5.«Бори аввал Пешвои муаззами миллатро аз наздик медидам. Ҳисси фараҳу ифтихори он лаҳза доштаамро бо сухан иброз карда наметавонам. Аммо медонам, ки ин лаҳзаи фараҳбахши рӯзгори хешро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш нахоҳам кард. Дар сафи аввал менишастам. Сарвари давлат мисли ҳамеша бо маҳорати баланд сухан меронданд. Дар баробари қисми сиёсӣ, ки барои фаъолияти ояндаи вакилон хеле муҳим буд, ба тарзи хосе, мисли падар ба корҳоямон барору муваффақият таманно намуданд. Он замон возеҳ дарк кардам, ки Пешвои муаззами мо ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мо чӣ интизориҳое доранд».

Ҳамсуҳбатам иқрор мешавад, ки бо доштани таҷрибаи омӯзгорӣ, дар хусуси нозукиҳои кор дар самти хизмати давлатӣ ва фаъолияти вакилӣ маълумоти хеле фишурдае дошт. Аз рӯи тақсимот ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонроҳёфт. Ҳоловайбайникоршиносони масоили ҳуқуқӣ дар ин Кумита ягона иқтисоддон аст. Дӯстиву муносибати хуби байни вакилон ӯро аз рӯзи аввал тасхир намуд. Дар оилаи бузурги Парлумон, ки ҳамагӣ як рӯзи пеш ҳамдигарро диданд, гӯё ҳама мисли хоҳару бародар буданд.

6. «Шояд ин орзуи ҳазорон нафар бошад, аммо ҳар орзу амалишаванда аст, ба шарте талош варзӣ. Ҳини гузар аз хиёбони марказии шаҳри Ду шанбе ба бинои навсохти Парлумон нигариста, ба худ меандешидам: «Кош рӯзе шарафи фаъолият дар ин бинои муҳташами Тоҷикистонро дарёбам. Ҳоло аз дохили ҳуҷраи корӣ ба зеботарин боғи пойтахт – Боғи устод Рӯдакӣ менигараму меандешам, ки чи хобе ба ҳақиқат табдил ёфт. Ман имрӯз вакили Парлумонам».

Корро вакилон аз омӯзиши ҳамаҷонибаи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд. Мувофиқи Низомнома ҳар вакил дар Парлумон вазифаи худро дорад. Наима Солизода хулосадиҳандаи Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об  ва замин мебошад. Узви Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ низ интихоб гардид. Мактубҳои зиёде, ки ҳамарӯза ба кумитаҳои гуногуни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ворид мегарданд, мувофиқи масъулият ва ихтисос барои баррасӣ ва хулосабарорӣ байни вакилон тақсим мешаванд. Вакилон аллакай дар се моҳи фаъолият дар чорабиниҳои зиёди дохилу хориҷ ширкат варзиданд.

7.«Алҳол бо маром ба ҷараёни кор ворид мешавам. Ҳамзамон, баробар ба ин, дилбастагии бештар аз пештар ба соҳаи илм пайдо менамоям. Бо назардошти он ки асоси тамоми қавонини дунё аз илм сарчашма мегирад, пайи анҷоми рисолаи докторӣ дар мавзуи «Сиёсати иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ҳамгироии минтақавӣ: афзалиятҳои стратегӣ ва механизмҳои мутобиқшавӣ» қарор дорам. Аз пешаи дӯстдоштаам-омӯзгорӣ низ дил канданӣ нестам. Ба донишҷӯёни Академияи идоракунии хизмати давлатии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз фанни иқтисод дарс медиҳам. Хушбахтона, вакилон ҳуқуқи пешбурди корҳои илмиву омӯзгориро доранд».

Парлумон

Ин даъват дар Парлумон ба ҷалби бештари ҷавонон авлавият дода шудааст. Ба андешаи коршиносон, ин азми хубест барои омодасозии кадрҳои баландихтисос, ки баъдан дар анҷоми масъулиятҳои давлатдорӣ метавонанд аз таҷрибаи мактаби қавии Парлумон самаранок истифода баранд.

8. «Ҳар нафар метавонад худро дар маснади вакилӣ бубинад, албатта, агар кӯшишу талош дошта бошад. Барои ин, пеш аз ҳама, таҳсилдида ва соҳибдиплом будани бонувон зарур аст. Сарфи назар аз оиладорӣ ва ду фарзанди хурдсол, ҳеҷ гоҳ аз таҳсил ва омӯзиши мунтазам канор нарафтаам. Волидон талқин мекарданд, ки мо хонем ва омӯзем. Ҳатмӣ шудани таҳсили пурра дар мактаби миёна дар шароити имрӯзи кишвар иқдоми хубу саривақтист».

Вакили ҷавони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наима Солизода ҳадаф дорад дар самти омӯзиш ва таҳкими қонунгузорӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар самтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ талош варзад.

9. «Мехоҳам дар ҳамин панҷ сол корҳоеро ба сомон бирасонам, ки мардум интизоранд. Имконият барои мо, ҷавонони ин навбат, хеле зиёд аст. Моро аз рӯзи аввал Файзалӣ Идизода – Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ чун инсони донишманд ва дастгири ҷавонон, Шоҳмурод Рустам - раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, чун шахсияти соҳибэҳтироми соҳаи ҳуқуқу қонунгузорӣ барои анҷоми корҳои шоиставу мондагор талқин намуданд. Кор дар Парлумон чунон ба роҳ монда шудааст, ки ҷавонон таҳти назорат ва роҳнамоиҳои шахсони таҷрибадор қарор гирифтаанд».

Вакилони навинтихобшуда аллакай барои як соли оянда нақшаҳои кориашонро омода ва барои омӯзиш пешниҳод карданд. Аъзои Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон барои боз ҳам мукаммал шудани Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки баъзе тағйиру иловаҳоро ба он пешниҳод намоянд.

10. «Шахсан ман, дар мавзуи аз байн бурдани хушунати оилавӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд мехоҳам иқдоме анҷом бидиҳам. Қавонини амалкунандаи кишвари мо занонро ҳамаҷониба ҳифз намоянд ҳам, мутаассифона, онҳо дар вақти дучор шудан бо мушкил аз ҳуқуқҳояшон камтар истифода менамоянд ва сабаб огаҳӣ надоштан аз қонун аст. Шояд замони он расидааст, ки дар маҳалҳо барои бонувон марказҳои махсуси машваратӣ таъсис диҳем».

Наима Солизода имрӯз аз ҷавонтарин бонувони Парлумон аст. Вакилбону муваффақияту имкони фароҳамомадаро дар зиндагиаш аз дастгириҳои пайвастаи шавҳари меҳрубону ду тифли дӯстрӯяш медонад, ки барои пешрафт дар зиндагӣ ангезааш додаанд. Бонуи пӯёву ҷӯянда, сарфи назар аз масъулиятҳои кориву оилавӣ, ҳоло барои дарёфти мадраки ҳуқуқшиносӣ таҳсилро дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад.

11. «Бонувони Парлумонро донишманд, бомаърифат, хоксору меҳрубон дарёфтам. Новобаста аз он ки баъзеҳо то расидан ба маснади вакилӣ дар вазифаҳои баланд кор кардаанд, бисёр хоксору одианд. Аз таҷрибаву кордонии вакилбонувон Мавсума Муинӣ, Барно Саидвализода, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Сурайё Дӯстмуродзода ҳамеша чизе барои худ меомӯзам. Аз даъватҳои пешин ба фаъолияти бонувон Дилрабо Мансурӣ, Хайринисо Юсуфӣ, Сумангул Тағойзода таваҷҷуҳ доштам. Мехоҳам пайрави кору амалҳои неки ин бонувони шинохта бошаму дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм гузорам».

Гулноза БОБОМУРОДОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон