БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

9 иқдоми сарнавиштсоз

Сиёсат / Слайдер

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғози марҳалаи нави давлатсозӣ ва худшиносии миллӣ гардид. Дар се даҳаи ахир, албатта, кишвар рӯйдодҳо ва иқдомоти зиёдеро пушти сар кард, вале миёни онҳо «Бонувони Тоҷикистон» нуҳ иқдомеро махсус таъкид месозад, ки дар роҳандозии онҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзишманд дошта, ин иқдомҳо бо аҳамияти сарнавиштсоз ва таърихии худ дар сафҳаҳои таърихи миллат мақоми алоҳида доранд.

1.Эъломияи Истиқлоли давлатӣ (9-уми сентябри соли 1991)  

Эъломияи истиқлол нуқтаи ибтидои давлати миллии тоҷикон дар асри XX гардид. Бо қабули он Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ шуд. Ин иқдом барои мардуми тоҷик имкон дод, ки сарнавишти худро мустақилона муайян созад. Агар то он вақт сиёсати давлатӣ аз маркази дигар идора мешуд, пас аз ба Истиқлоли давлатӣ расидан, салоҳияти пурра дар дасти худи миллат қарор гирифт. Ин оғози давлати соҳибихтиёре буд, ки тамоми пешрафтҳои минбаъда ба он такя карданд. Ҳамон тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд:

 «Ин Истиқлолият ҳадияи бебаҳои таърих ва тақдир буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯз ва фардо мебошад».

2. Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ва ба раҳбарӣ омадани Эмомалӣ Раҳмон (ноябри 1992)

Пас аз эълони Истиқлоли давлатӣ, дар шароите, ки кишвар дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва парокандагии сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт, Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарнавишти давлатро тағйир дод. Ин иҷлосия ба як минбари ваҳдати миллӣ табдил ёфт. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он вақт сиёсатмадори нисбатан ҷавон, вале дорои таҷриба ва ҷаҳонбинии васеъ буду ташаббускор, ба роҳбарии давлат интихоб шуд. Раванди ҳаводиси баъдӣ нишон дод, ки интихоби ӯ ҳамчун шахсияти созандаву сулҳҷӯ ба ҷараёни таърихӣ равиши нав бахшид. «Ман ба шумо сулҳ меорам» таъкиде буд, ки исбот гашт: роҳбари наву ҷавон ба ваъда вафо мекунад!

3. Таъсис додани Артиши миллӣ (23-юми феврали соли 1993)

Дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами ҳалкунанда буд. То он вақт кишвар неруи дифоии мустақил надошт. Бунёди артиши худӣ маънои воқеии ҳифзи марзу буми кишвар, таъмин кардани амнияти дохилӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолро дошт. Бе ин иқдом на сулҳ имконпазир буд ва на давлати мустақил.

Аз маҷмуи дастовардҳои арзишманде, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба он ноил гардид, ин бунёди рукни муҳиму асоси давлатдорӣ - Артиши миллӣ мебошад, ки имрӯз ҳамчун сипари боэътимод, пуштибони истиқлоли миллӣ ва неруи бузургу қудратманд дар таъмини бехатарӣ ва амнияту суботи комили давлату миллат саҳми арзанда дорад. Маҳз ба шарофати заҳматҳои Сарфармондеҳи Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ботаҷриба ва корозмуда будан, яке аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа маҳсуб меёбад. Дар маҷмуъ, Артиши миллӣ ҳоло ба рамзи қудрат ва сарбаландии давлатдорӣ табдил ёфтааст.

4. Қабули Конститутсия (6-уми ноябри соли 1994)

         Дар давлати навбунёди Тоҷикистон зару- рати гузоштани пояи ҳуқуқӣ ба миён омад. Конститутсияи соли 1994 ба ин ниёз ҷавоб дод ва асоси сохтори конститутсионӣ гардид. Он шакли идораи ҷумҳуриро муайян намуд, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дод ва принсипҳои демократиро ба заминаи қонунӣ табдил кард. Агар дар солҳои аввали истиқлол давлат бо қонунгузории собиқи шуравӣ амал мекард, пас, бо қабули Конститутсия давлати миллии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии худро ба даст овард. Се тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 ин ҳуҷҷати асосии давлатро қавитар намуданд.

5. Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ (27-уми июни соли 1997)

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хатари аз байн рафтани давлатдории тоҷиконро ба вуҷуд оварда буд. Дар ин ҷанг, аз рӯйи омори расмӣ беш аз 150 ҳазор нафар кушта, беш аз 1миллион нафар гуреза гардид ва Тоҷикистон зиёда аз 10 милли- ард доллари ИМА зарари иқтисодӣ дид. Зиёда аз 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда, садҳо биною иншоот, заводу фабрика, муассисаҳои тиб, маориф, идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои зиёде харобу валангору тороҷ гардиданд. Зиёда аз 55 ҳазор кӯдак ятим монд.

Хидматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Ӯ аз чандин музокираҳои бебарор хаста нашуда, бо гузашти зиёд ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллии тоҷикон дар 27-уми июни соли 1997 ша- рафёб гардид. Дар натиҷа, миллати пароканда аз нав муттаҳид гашта, дар симои Пешвои хеш Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ аз нав худро муаррифӣ намуд. Ҳамин тавр, Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ роҳи муко- лама ва ҳамзистиро боз кард. Ин санад барои Тоҷикистон на танҳо сулҳ, балки таҷрибаи нодири ваҳдат ва ҳамдигарбахширо овард, ки дар дунё бесобиқа аст. Маҳз бо ин санад кишвар тавонист аз як давраи парокандагӣ ба роҳи суботи устувор қадам гузорад. 

6. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сиёсати энергетикии миллӣ

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аст, вале дар солҳои аввали истиқлол вобастагии шадид ба неруи барқ аз кишварҳои дигар мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекард. Барои раҳоӣ аз ин ҳолат, сиёсати энергетикии миллӣ ба миён омад, ки сутуни асосии он бунёди НБО «Роғун» мебошад.

 

«Лоиҳаи аср» на  танҳо як иншооти энергетикӣ, балки рамзи худкифоӣ, иродаи миллӣ ва пешрафти давлати тоҷикон аст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, барои истифодаи имкониятҳои берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, бояд саъй кард.

Таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бо нохунҳоямон дили кӯҳро мекобему «Роғун»-ро месозем» аз иродаи устувори давлат ва миллат барои амалӣ намудани орзуи дерина шаҳодат медиҳад. Ин суханони пурмуҳтаво бо хатти заррин дар таърихи миллати тоҷик ҳаккокӣ шуд.

 

Аз ҳама муҳим, сохтмони НБО «Роғун» нишон дод, ки Истиқлоли давлатӣ танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки ба маънои худкифоии иқтисодӣ, рушди саноат ва таъмин кардани амнияти энергетикӣ баробар аст.

7. Бунёди роҳҳо ва инфрасохтори нав

Тоҷикистон, ки як кишвари кӯҳсор аст, дар фаслҳои тирамоҳу зимистони замони шуравӣ аксар дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт. Замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин мушкилотро бамаротиб бештар кард. Пас аз нисбатан ором шудани вазъ, Сарвари давлат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Озодӣ» ва «Хатлон», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани паҳнбари Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд, ки бо- иси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок раҳо ёфтанд. Акнун имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни киш- вар сад дарсад беҳтар гардад.

Бунёди роҳҳои байналмилалӣ (Душанбе–Хуҷанд, Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ, роҳҳои ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Чин пайвандкунанда) кишварро ба таври воқеӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овард. Ин иқдом иқтисоди миллӣ, тиҷорат, саёҳат ва иртиботи байнишаҳриву байналмилалиро таҳким бахшид.

8. Сиёсати хориҷӣ ва мавқеи байналмилалии Тоҷикистон

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар су- ханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд: «Мо сиёсати хориҷии худро бар пояи принсипҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобила бунёд менамоем».

Маҳз бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд ва ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмо- ни ҳамкории исломӣ (СҲИ) ва дигар ниҳодҳои бонуфузи ҷаҳон шомил гардид. Дар натиҷа, бо кӯшишу заҳматҳои Сарва- ри давлат Тоҷикистон тавонист муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегиро бо кишварҳои бузург, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди АвруОсиё, ИДМ барқарор ва таҳким бахшад.

Шоёни зикр аст, ки дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо ҳини суханронӣ аз минбари баланди СММ, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаро- бари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб кардаанд.

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. То ин замон панҷ пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони муътабартарини дунё қабул гардид. Аз ҷумла, ташаббуси панҷум 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо тарафдории 153 кишвари аъзо дар соҳаи обу иқлим пазируфта шуд. Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

9. Ҳал кардани масъалаҳои сарҳадӣ бо кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон

Дар мулоқоти роҳбарони се кишвари ҳамсояи Осиёи Миёна – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд доир шуд, созишномаҳои имзошуда ҳамчун на- мунаи дипломатияи муваффақи ҳамсоягӣ ба таърих ворид гардиданд. Ин раванд, барҳақ, ба таҳкими сулҳ, субот, дӯстӣ, ҳамкорӣ, рушд ва шукуфоии минбаъда дар минтақа мусоидат мекунад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баҳсе нуқта гузошт, ки солҳои тулонӣ наметавонист роҳи ҳал дошта бошад ва замина барои ихти- лоф дар имрӯзу оянда ба ҳисоб мерафт.

Ҳамин тавр, мубодилаи санадҳои тасдиқкунанда оид ба Созишномаи сарҳади давлатӣ ба марҳалаи тулонии баҳсҳои душвори марзӣ дар фазои пасошуравӣ хотима бахшид. Ин рӯйдоди таърихӣ ба тиҷорати марзӣ, алоқаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла ҳавоӣ ва автомобилӣ, аллакай таъсири мусбат расонд. Ба таври рамзӣ, оғози ЛЭП 500 кВ «Датка-Хуҷанд» дар доираи лоиҳаи CASA-1000 ҳамкории ду кишварро дар бахши энергетика нишон дод.

Созишнома дар бораи нуқтаи пайвасти се кишвари ҳамсоя на  танҳо баррасии баҳсҳои марзии аз солҳои пеш боқимондаро ба анҷом расонд, балки руҳияи ҳамкориро дар минтақаи Осиёи Миёна куллан тағйир дод. Аҳамияти ин Созишнома барои таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои минтақавии байни давлатҳо ниҳоят муассир аст.

Ин иқдом маънои воқеии истиқлолро дорад. Яъне, давлате, ки марзҳои таърихии худро ҳифз ва муайян кардааст, метавонад бо ҳамсоягон бо эҳтиром ва дар баробарӣ муносибат намояд.

Хулоса, ҳар яке аз ин нуҳ иқдом, аз Эъломияи Истиқлоли давлатӣ то ҳаллу фасли масъалаҳои марзӣ, ба як пайкара табдил ёфтаанд, ки асоси давлатдории муосири тоҷиконро ташкил медиҳанд. Онҳо на  танҳо роҳи рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишварро муайян сохтанд, балки суботу оромӣ, худшиносии миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуданд. Бо такя ба ин дастовардҳо, Тоҷикистон бо иродаи қавӣ ва нақшаҳои нав ба сӯйи ояндаи устувору равшан қадам мегузорад. Пас, моҳияти таъбири «Тоҷикистон, ба пеш!»-ро бояд аз ҳамин иқдомҳои мантиқӣ ҷӯё шуд.

                           ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2025_small_.pdf [4.01 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон