БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Аввал масъулият ва баъд ифтихор дорам!»

Сиёсат / Слайдер

Суҳбати вижаи муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ

- Муаллими азиз, Ҷашни Рӯзи Истиқлолро бароятон шодбош мегӯем. Мафҳуми «истиқлол ва соҳибихтиёрӣ»-ро чӣ гуна тафсир мебояд?

Истиқлол вожаи мубораку ҳумоюн аст. Озодӣ аст, мустақилият аст, соҳибдавлативу соҳибватанӣ аст, интихоби озоди сарнавишт, имрӯзу оянда аст. Истиқлолу озодӣ Тоҷикистонро ба марҳалаи рушду пешрафт ворид намуд, ки аз натиҷаҳояш ҳар нафари некбину некзамири ҷомеа хуб огоҳ аст.

Мо насле ҳастем, ки бевосита шоҳиди ду давраи ҷамъиятӣ будем. Ҳам замони шуравиро таҷриба кардем ва ҳам шаҳди истиқлол чашидем. Ташаккулёбии зеҳнии мо дар замони бозсозиву дигарандешии даврони горбачёвӣ иттифоқ уфтод, дар замоне, ки 15 ҷумҳурии шуравӣ майли озодихоҳӣ доштанд, равшанфикрон дар хусуси соҳибистиқлолӣ садо баланд мекарданд ва табиист, ки афкори ҷавонони он айём ҳам дар ин руҳия ташаккул меёфт.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ихтилофи назарҳо дар оғози ин марҳалаи муҳими таърихӣ бароямон гарон уфтода бошад ҳам, бо талафоти ҷониву молӣ аз варта раҳо шудем. Дар рафти Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон роҳбарии кишварро ба вакили ҷавоне бовар карданд, ки таърих арзандаву некпайғом будани ин эътимодро борҳо собит сохт. Бо иродаи матину азми устувор, сиёсати одилонаву оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дунё чун сиёсатмадори аршад эътироф карду Пешвои тоҷикони кулли сайёра баргузида шуданд…

Солҳои аввали омӯзгориам дар мактаби деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара шоҳиди ҳодисаи аҷибе гардидам. Панҷ нафар духтар 1-уми сентябр барои идомаи таҳсил дар синфи 10 ба мактаб омад. Муаллими забони русӣ, инсони таҷрибадор, солхӯрда, бисёр босавод он духтаронро аз дари синфхона гардонд ва гуфт:

- Равед, дигар мактаб наоед! Ман дар ҳайрат афтода, пурсидам:

- Муаллим, барои чӣ намегузоред онҳо таҳсилро идома диҳанд? Аз посухи он зиёӣ дар ҳайрат шудам:

- То синфи 9 хонданд, бас аст!

Яъне, сарфи назар аз саводу дониш, он омӯзгор таҳти таъсири андешаҳои радикалӣ қарор дошт ва бо андешаи «духтар хонда чӣ мешавад?» мавқеи зиёӣ буданро аз даст дода буд. Духтароне, ки ҳамон солҳо таҳти чунин таъсирҳо аз мактаб дур монданд, то ҳол, бо он ки занони баркамоланд, диду назари хешро озодона баён карда наметавонанд ва гуруснагии мағзӣ дар онҳо бармало эҳсос мегардад.

Имрӯз духтарони Чоркӯҳ бағоят тағйир ёфтаанд, либоспӯшӣ, фаҳмишу ҷаҳонбинӣ ва аз ҳама муҳим, талоши дарёфти маълумот ва соҳибкасб шудан, дар онҳо афзудааст.

- Муҳимтарин хидмате, ки ҳамтоёнатон, вакилони даъвати гузашта, баҳри давлату ҷомеа анҷом доданд, кадом аст?

         - Мояи сарфарозист, ки дар ду даъвати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчун вакил дар даъвати 6-ум ва ба симати раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар даъвати 7-ум фаъолият дорам.

Дар даъвати гузашта ҳам мисли имрӯз 63 вакил сазовор ба овозҳои интихобкунандагон фаъолияти босамаре доштанд. Он айём қонунҳое қабул гардиданд, ки барои зиндагии шоистаи мардум, муҳайё намудани заминаҳои моддӣтехникӣ, беҳтар гардидани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаёти ҷомеа замина гузоштанд.

Дар самти таҳияи қонунҳои нав ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қавонини амалкунанда дар панҷ соли пеш корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд, ки алҳол дар хусуси чанде кӯтоҳ истода мегузарам. Бо ташаббуси қонунгузории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» пешниҳод гардид, ки аз ҷониби коршиносон барои саривақтиву дархӯри замон будан, баҳои баланд гирифт. Дар ин давра тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» низ ворид гардид, ки ҳар се ин қонунҳои миллӣ дар беҳтар гардидани зиндагӣ ва ба саодат расидани мардуми кишвар саҳми арзандае дошта метавонанд…

- Вакилони даъвати нав корро аз чӣ шуруъ карданд?

- Солест, ки вакилон дар бинои нави Парлумон, дар қалби Душанбеи нозанин фаъолият доранд. Мардум бо меҳр бинои зеборо «Тоҷмаҳал» ном кардаанд. Дар ифтитоҳаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин иштирок намуданд. Мо, вакилон, он рӯз шарафи қабули табрикоту таманниёти неки ду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро доштем.

Аз 19-уми марти соли 2025 даъвати нав ба кори худ шуруъ кард. Ҳоло вакилон банди кор ҳастанд, нақшаҳои хуб, тарҳҳои мондагореро рӯйи даст гирифтаанд. Як гурӯҳ дар таҳрири Кодекси «Иттилоот», ки таҳияаш аз даъвати 6-ум оғоз ёфта бошад ҳам, комил набуд, кор мекунад. Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар ҳоли таҳияшавист, ки қабулаш имрӯз талаби замон аст.

Раиси Маҷлиси намояндагони МОҶТ Файзалӣ Идизода, муовинони ӯ Шермуҳаммад Шоҳиён, Мавсума Муинӣ барои муайянсозии тартибу низоми фаъолияти қонунгузорӣ нақшаҳои муҳимеро тарҳрезӣ намудаанд. Дар ҷаласаҳои корӣ, суҳбатҳо доимо таъкид мекунанд, ки ба забони қонунҳо бояд диққати махсус дод ва ҳар қонун бо тавзеҳу тафсираш ба мардум пешниҳод шавад. Корҳо дар самти қонунгузории соҳаҳои сохтмону кишоварзӣ бомаром пеш мераванд.

- Кадом мушкили зиндагии занон имрӯз Шуморо ором намегузорад?

- Тамоми бадбахтиҳои инсон аз надоштани саводу маълумот шуруъ мешавад. Маҳатма Ганди мегӯяд: «Агар як мард бесавод бошад, ин фоҷиаи он мард аст, агар як зан бесавод монад, ин фоҷиаи як миллат аст». Мутаассифона, мардон дар интихоби ҳамсар ба духтарони мустақил, соҳибмаълумот, онҳое, ки истиқлолияти молиявӣ доранд, кам таваҷҷуҳ мекунанд, онҳо мехоҳанд ҳамсарашон каммаълумоту мутеъ бошанд. Ҳоло занон бояд бештар аз мардон босавод, доно, ҳушёр бошанд.

Мо дар замони пешрафти илму техника қарор дорем. Бонувон дар ин марҳала аз технологияҳои муосири иттилоотӣ бояд самаранок истифода намоянд. Бо ин қадар имконот ва тадбирҳои давлату Ҳукумат барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа занон ҳанӯз ба таври бояду шояд аз худ дарак надодаанд.

Блокҳои идеологии мақомоти маҳаллӣ кори худро барои намоиш не, барои ҳисоботи иҷрои нақша не, барои огоҳии воқеии мардум, пешгирӣ аз падидаҳои номатлубу ноҷо бояд ҷоннок намоянд. Роҳи ҳалли таъсирноки мавзуъро ёбанд, онро ба зеҳни занон ва ҳам мардон дуруст ҷой диҳанд.

- Аз кадом дастоварди бонувон ифтихормандед?

- Аз одитарин дастоварди бонуи тоҷик шод мешавам. Аз он хурсандам, ки ин даъват сафи бонувон дар Парлумон ба 18 нафар расид, ки 4 нафар аз даъвати қаблӣ бештар аст.

Бо фаъолияти чашмраси ягона бонуи сафир Рухшонаи Эмомалӣ дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мефахрем, умед мебандам, ки сафи бонувони сафир афзояд. Муҳаммад Абуфур, як муҳандиси Саудӣ мегӯяд: «Агар дар ҷаҳон мушкиле пайдо шавад ва барои ҳалли он маҳз зан миёнарав бошад, он мушкил зуд ҳалли худро меёбад». Яъне, имрӯз занон метавонанд ҳама намуди муносибатҳои дипломатӣ, расми ҳамсоядорӣ, оини ҳамҷавориро дар болотарин сатҳ анҷом бидиҳанд.

Ман қаҳрамонии Мавзуна Чориеваро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Бо номи Мадинаи Қурбонзода, ки сарфи назар аз ҷавонӣ обрӯи кишварамонро дар сатҳи дунё боло бурд, ифтихор дорам. Як зани маъюб бо ҳунармандӣ имрӯз на танҳо оилаи худ, балки чандин оилаҳоро соҳиби нон намудааст. Замони дидани чеҳраи зани солдида, шодравон Бибифотимаи дарвозӣ, дар телевизион, ки новобаста аз синну сол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», бо шавқу шӯр ширкат меварзид, ифтихорманд будам.

- Ду даъват дар Парлумон фаъолият бурдан на барои ҳар кас муяссар мегардад. Назари худи Шумо нисбат ба ду даъвати вакилӣ…

- Ин аввал эътимоди Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки маро ба вакилӣ сазовор донистанд. Дигар, ин боварии интихобкунандагонам аст, ки сафашон дар ҳавзаи интихоботии №20-уми шаҳри Исфара ба 169 ҳазор нафар мерасид. Меъёри муҳимтар аз ҳама, дониш, маҳорат, таҷриба ва рафтори дурусти инсон аст, ки онҳо ҳам таъсиргузор буда метавонанд.

- Мушкилтарин паҳлуи фаъолияти вакилӣ кадом аст?

- Ҳамеша ба овози халқ вафодор будан аст. Баъзан муроҷиатҳое мешаванд, ки онҳо аз ваколатҳои вакил берун ва фаротаранд, аммо сарфи назар аз ҳама чиз, мекӯшем ба ҳар мушкил расидагӣ намоем.

 - Огаҳем, ки тоза аз сафари Португалия баргаштед…

- Бале, 30 дарсади вакилони даъвати нав аллакай дар сафарҳои корӣ дар хориҷи кишвар буданд. Мо низ моҳе қабл бо раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ Муҳаммадшо Гулзода дар 50-солагии таъсисёбии САҲА (ОБСЕ) дар шаҳри Портуи Португалия, дар радифи намояндагони 54 давлати дунё аз Тоҷикистон намояндагӣ кардем.

Мавзуъҳои ин сафар мубраму ҷиддӣ буданд. Аз ҷумла, масъалаи тағйирёбии иқлим, мавзуи марзу сарҳади давлатҳо, мавзуъҳои марбути ҷавонон, занон дар ҷомеа, фирори мағзҳо, қазияи давлатҳои Россия ва Украина, вазъи Фаластин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

- Ҳамсар ва фарзандонатон мавзуи серкориву бештар банд будани Шуморо дар чорабиниҳо чӣ гуна қабул мекунанд?

- Хурсандам, ки шавҳарам масъулияти маро хуб мефаҳманд. Ду фарзанди баркамол дорам, аллакай мустақиланд, соҳиби ду келин ва се набераам. То соли 2022 ҳамроҳи хушдоман дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара зистам.

Дар замоне, ки ман ва се хоҳарам таҳсил кардем, дар деҳа духтарони дипломдорро хостгорӣ намекарданд, аммо мо оилаҳои намунавӣ бунёд сохтем. Аз аввалин хатмкунандагони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будам. Шавҳарам парвардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Пас аз хатми Донишгоҳ ба деҳа рафтему дар хидмати халқ қарор гирифтем. Аз омӯзгори одӣ то директори мактаби калонтарини Исфара расидам.

Ҳамин тавр, дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Исфара, ноиб ва директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара фаъолият намудам.

- Дар шабакаҳои интернетӣ назар аз дигар вакилон фаъолтаред. Ба муроҷиат ё шикоятҳои онлайниву электронӣ низ расидагӣ мекунед?

-Воқеан, агар ба месенҷерҳои ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст занед, муроҷиатҳо хеле зиёданд. Мекӯшам то қадри имкон ягон мавзуъ бе баррасӣ намонад.

         Аввалин маротиба дар Рӯзи озодии сухан, 3-юми майи соли 2022, ҳамчун намояндаи Парлумон маъруза намудаму намояндагони хориҷӣ ва аҳли толор аз баромадам хуш истиқбол намуданд. Он суханронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд чарх зад, эроде нашуд, назарҳои манфӣ набуданд, баръакс он ба мардум писанд омад. Аз ҳамон рӯз возеҳтар дарк кардам, ки бояд дар байни мардум бошем ва назари мо ба мардум ва назари мардум ба мо равшан бошад.

                                                        ГулнозаБОБОМУРОДОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2025_small_.pdf [4.01 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон