БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Собитқадам

Сиёсат / Слайдер

Дар зиндагӣ кам касоне ба масрафи сонияву дақиқаҳои умр диққат дода, мекӯшанд лаҳзаҳои даргузарро бар суди худу ҷомеа бахшанд. Дар ин масир ҳаёт ва фаъолияти бонуе аз шаҳри бостонии Истаравшан, ки дар аҳди қадим бо номҳои Курушкада ва Киропол маъруф буд, шоистаи зикр ва тавсиф аст.

Фирӯза Муъминзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан оид ба иҷтимоиёт, бонуе бо сад азму ниятҳои нек, нақшаи ҳар рӯзро то оғози соати корӣ тарҳ мерезаду пайи иҷрои онҳо, баъди гашти рҷз аз натиҷаҳо ҷӯё мегардад. Соати чори субҳ бедор ва омодагӣ ба рӯзи нав мегирад ва оғози вақти кориро интизор нашуда, субҳи содиқ вориди идора мешавад. Нахуст ба қабули шаҳрвандон, ки онро масъалаи басо муҳим медонад, мепардозад. Саъй мекунад, ки ба ҳалли мушкили ҳар яки онҳо даст ёбад. Ҳатто бо усули «Хона ба хона» дари мардум рафта, оилаҳоро ба созишу ифоқа меорад ё корафтодаеро бо ҷойи кор таъмин месозад. Баъдан, тибқи нақша ба дигар чорабиниҳо мешитобаду оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззам, қонунҳои миллӣ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, танзими анъана ва ҷашну маросим, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм, дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегонаву тарғиби либосҳои миллӣ, ташаккул додани идеологияи миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, пешгирии ҷиноят байни ноболиғон ва даҳҳо масъалаҳои мубрами рӯз сухан меронад ва масъулияти бузурги мафкурасозиро ба сомон мерасонад. 

Ӯ аз зумраи онҳоест, ки дар дафтари корӣ чашми рӯзро кӯр накарда, бо мардум ва миёни мардум аст ва бо усули «Мактаб ба мактаб» дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагон, омӯзгорон ва зодмандон во хӯрда, роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таълим, пешгирии ҷинояткорӣ, масъулияти волидон ва фарзандон, ташвиқи ватандҷстӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим ибрози назар менамояд. Бо рейдҳои муштарак ба кӯдакистонҳо рӯ оварда, аз шароити зист, ғизо ва сифати таълиму тарбияи кӯдакон воқиф мегардад.

Ин бонуи кор тирамоҳи соли 1974 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, соли 1992 МТМУ № 5 ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Омҷзишгоҳи омҷзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодомро бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм карда, фаъолияти меҳнатиро соли 1992 аз Созмони ҷавонони шаҳри Истаравшан шуруъ намуд. Солҳои 1996 - 1997 дар МТМУ № 6 ба номи Шарифҷон Ҳакимови шаҳри Истаравшан коргузор, солҳои 1998 – 2017 омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби мазкур буд.

Замоне, ки намояндагони раёсати маорифи шаҳр дар дарсҳои омӯзгори навовару эҷодкор ширкат варзиданд, аз усулҳои таълими ӯ муассир, соли 2009 ӯро ҳамчун «Омӯзгори сол» эълон доштанд. Заҳмати омӯзгор бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон (2009) қадр гардид. Омӯзгори ба пеша содиқ баъдан факултаи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро соли 2012 поён бурда, ҳамчун яке аз омӯзгорони соҳибтаҷриба ва тренери сатҳи миллӣ шинохта шуд. Дар ин роҳ ба омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят ва ҷумҳурӣ аз курсҳои такмили ихтисос сабақ медод.

Соли 2024 ихтисоси таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро хатм намуд.

Тули ин муддат ду дастури методӣ – «Ифтихори мо» (2006) ва «Нақшаи тавзеҳот бо усули фаъоли таълим»-ро соли 2019 таҳия ва чоп намуд. Шогирдони бешумораш дар озмуну олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро соҳиб шуда, иддае дар пайравӣ ба устоди хеш пешаи омӯзгориро пазируфт. Гоҳо шогирдони содиқ ба аёдаташ меоянду аз каломи ҷонбахши устодашон ҷаҳони маънӣ мегиранд.

Таҷриба ва фаъолияти пурмаҳсули ӯ аз чашмҳо дур намонд ва соли 2017 ҷро ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони МИМҲД-и шаҳри Истаравшан таъин намуданд. Корро дар шуъба бо навоварию эҷодкорӣ оғоз бахшида, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалб намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби бонувон ба вазифаҳои гуногун саъй намуд. Дере нагузашта, талошҳои ин бонуи корсолор самар оварданд ва сафи бонувони фаъол дар соҳаҳои гуногуни шаҳр афзуд, ки миёни онҳо роҳбарони корхонаву муассисаҳо, вакилони шаҳрӣ ва вилоятӣ, гирандагони грантҳои Президент ва раиси вилоят низ ҳастанд. Аз моҳи апрели соли 2022 ҳамчун муовини раиси шаҳри Истаравшан ифои вазифа менамояд.

Фирӯза Муъминзода аз соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,барои хизмати содиқона ба халқу Ватан ва фаъолияти назарраси ҷамъиятӣ бо медали ҷашнии «30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021), нишони «30-солагии АБП ИДМ», медали фахрии «Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» (2021) ва чандин ифтихорномаҳо қадр гардидааст.

Тули се соли фаъолият дар самти иҷтимоии шаҳр ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар сатҳи баланд баргузор кардани чорабиниҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ, дастоварди назарраси хонандагон аз олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, бо се зинаи таҳсилот фаро гирифтани духтарон, иштирок ва дарёфти ҷойҳои аввал аз ҷониби ҳунармандони шаҳр дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди иншооти ҷашнӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу кӯдакистонҳо, мактаб-интернати муосир барои кҷдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва оростани дастархони идона ва тақдими туҳфаҳо ба онҳо дар ҳар ҷашну маросим, тақдими аробачаҳои маъюбӣ ба камтавонон, аёдат ва дастгирии ниёзмандони хонаи пиронсон, фароҳам овардани шароити хуби будубош ва табобат дар «Маркази дастгирии оилаи кҷдак – фарзанди Ватан» ба кҷдакони маъюб, дастрас кардани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва гузарондани рейдҳо дар муассисаҳои тиббӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бо ҳунар ва шуғл фаро гирифтани бонувону духтарон ва ғайра даст ёфтааст. Дар ин росто, барои ҳавасманд кардани омӯзгорони ҷавон чанд маротиба озмунҳои «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Муаллими ҷавон» доир намуда, тули ду сол ба онҳо унвони раиси шаҳр тақдим гардид ва ба омӯзгорони ниёзманд заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуданд.

- Дар шаҳри Истаравшан беш аз 160 намуди ҳунарҳои мардумӣ дар ҳоли рушд аст ва дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ донишҷӯён касб меомӯзанд. Соли 2024-ро метавон соли таърихӣ унвон дод, ки сертификати «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандон»-ро соҳиб гаштем. Мушкили асосии мо дар ҳолати садамавӣ қарор доштани қасри фарҳанги шаҳр буд ва дар баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ душворӣ мекашидем. Хушбахтона, бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 қасри фарҳанги бошукӯҳ ва Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ ба истифода дода шуданд, ки ҳар шом он ҷо чорабиниҳои фарҳангиву консертҳо доир мегарданд ва беш аз ду ҳазор сокини шаҳрро ба тафреҳу фароғат фаро мегирад. Бошад, ки дар фазои Тоҷикистони азиз ҳамеша савту наво ва хандаи кҷдакон танин андозаду сулҳу рифоҳ, дӯстиву ҳамдилӣ маънии зиндагии ҳар яки мо гарданд, - изҳор намуд Фирӯза Муъминзода.

 Дари ҳуҷраи кории ин бонуи собитқадам во мешаваду писараки тахминан 5-сола тозон худро ба оғӯши ӯ мерасонад. «Наберачаам, аз шаҳри Душанбе ба аёдати бибиаш омадаст», - мегӯяд. Бо меҳр рухсораи арғувонии кӯдакро сила намуда, гуселаш мекунад ва нақшаи кориашро пеш мекашад, то бубинад, ки кадом коре ӯро дар пеш аст.

                                                                                                                             

                                                           Ситора АШӮРОВА,

                                                   Душанбе-Истаравшан - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2025_small_.pdf [4.01 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон