Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ба ин обу хок шукрона бояд кард
Сиёсат / СлайдерАснои тарҳрезии матолиби озмунӣ муовини раиси ноҳияи Ванҷ Сафарбегим Сафармамадзода нахуст пешниҳод намуд, ки аз рӯзгори зани бознишастае нависем, ки солҳои зиёди ҳаёти худро барои ободию шукуфоии ин гӯшаи пур аз ганҷи диёр бахшидааст. Ӯ бо ифтихор номи бонуро муаррифӣ мекунад: «Давлатбибӣ Раҷабова». Мадина, ҳамсафари эҷодиам аз идора, баъди пешниҳоди муовини раис, бо табассуми маънидорона ба ман менигарад, чун ҳине, ки озими ноҳияи Ванҷ мешудем, ба ӯ гуфта будам, ки дар сафари Ванҷу Дарвоз бо Давлатбибӣ Раҷабова ҳатман дидор хоҳем дид.
То он ки ба манзили Давлатбибӣ мерасем, сари роҳ бо чанд зану мард ҳамсуҳбат мешавему дар баробари рушду нумӯи ноҳия дар давраи соҳибистиқлолӣ, ҳамзамон, аз фаъолияти тулонии Давлатбибӣ Раҷабова ҳамчун муовин, баъдан раиси ноҳияи Ванҷ, пурсон мешавем. Аксар посухи мусбат мешунидем, баҳои воқеӣ ба корҳои анҷомдодааш медоданду зани ҳалиму хоксор ва масъулу ҷиддӣ дар кору вазифа, гуфта, тавсифаш менамуданд. Яке мегуфт, ки ободкориҳои бештари диёрашон маҳз ба давраи раисии Давлатбибӣ рост меояд. Дигаре мегуфт, ки то замони раисии ӯ ноҳия ҳатто як мактаби хубу замонавиро ҳам доро набуд, чи расад ба боғчаю кӯдакистон ва марказҳои маданию маърифатӣ. Мудири бахши занони ноҳия Ганҷина, ки моро ҳамроҳӣ мекард, аз дастгириҳои беминнати раис дар самти дастгирии бонувони маҳал ёдовар мешуд…
Раиси маҳбуби мардум Давлатбибӣ Раҷабоваро дар хонааш ёфтем. Аз ташрифи ногаҳонии мо хурсанд ва умедворӣ ба ояндаи ин нашрия намуда, афзуд: «Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» то имрӯз минбари воқеии занону духтарони кишвар асту ҳар шумораашро мехонам».
- Дар хона нишаста, баъзан дилгир ҳам мешавед, албатта? - мепурсем дар оғоз аз бону Давлатбибӣ.
- Ба ҳеҷ ваҷҳ дар хона бекор буда наметавонам, ҳатто замони дар вазифаи роҳбари ноҳия буданам ҳам. Бинед, замини назди ҳавлиам чи сон сабзу хуррам, боғу роғам ғарқи меваанд. Ҳамаи ин барои ман машғулият аст, ин ҳама маро намемонад, ки дилгир ё бекор шинам. Дар ҳақиқат, пас аз ба нафақа баромадан, гоҳ-гоҳе барои аёдати фарзандон ба Федератсияи Россия ё шаҳри Душанбе меравам, муддати муайяне бо набераҳоям мемонам. Фарзандон хоҳон мешаванд, ки бо онҳо монам, аммо ман бекор нишаста наметавонам, чун дар деҳ доираи фаъолият фарох аст…
-Заҳматҳои Шумо ба арзи фоида овардан ҳаст…
- Аввал ин ки худро зиёд ташвиш намедиҳам, зеро фарзанду келин ва набераҳо дар ин ҳавлӣ кору бор доранд, ман ёрирасони онҳоям. Дигар ин ки тамоми замини Тоҷикистон пурганҷу зархез аст, обҳои мусаффо дорем, ки ба ин ҳама бояд шукрона кард. Имрӯз бе муҳобот чор фасли сол дар заминҳои кишварамон меҳнат кардану ҳосил рӯёндан имкон дорад. Албатта, бо дарназардошти шаҳру навоҳӣ ё минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ. Муҳоҷират низ хуб аст, ҷаҳонбинӣ меафзояд, ризқурӯзии хонавода афзун мегардад, аммо на ҳар нафар ҳам имкони муҳоҷир шуданро дорад. Чун яке аз уҳдаи коре баромада наметавонад, дигаре саробони хонавода аст.
Дар шаҳрҳои Россия зиёд ба ҷавонони тоҷик дучор омадам, ки дар надонистани забони русӣ, надонистани таъриху қонуни ин кишвар дармемонанд. Ба ин хотир, чунин нафарон бояд аз заминҳои зархези кишвар, корхонаҳои хурду бузурги саноатии Меҳани худ рӯ натобанду: «Инҷо кирои меҳнат кардану пул ба даст овардан нест»-ро ба худ шиор накунанд…
- Раҳорав бештари ҳамсуҳбатони мо аз давраҳои роҳбарии Шумо ба некӣ ёд карданд.
- Ҳар қадар нерую имконияте, ки дар худ доштам, барои ободии диёр сарф намудам. Таъриф нашавад, агар баҳои ман барои худам ҳамин аст, чунки як зан – модар ҳамин қадар имкон дорад. Ёдам ҳаст, ки вазири вақти маориф ва илми ҷумҳурӣ барои таъмир ва баъд сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маркази ноҳия зид баромада буд. Ҳарчанд мефаҳмондам, ки боми мактаб фурӯ меравад, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, вай ҳам пофишорӣ менамуд, ки дар деҳаи Бунай сохтмони мактаби навро ба нақша гирифтаанд, тағйири нақша имкон надорад. Ноилоҷ зимни як номаи пурсӯзу гудоз аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш намудам, ки шаҳраки Ванҷ мактаби замонавӣ надорад, ҳол он ки хонандагони болаёқат маҳз дар маркази ноҳия ба камол мерасанд. Пешвои миллат ба мактуби мо аҳамият доданд. Хушбахтона, на танҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин, бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, кӯдакистони типи нав, бинои комиссариати ҳарбӣ, кохи фарҳанг ва чанд иншооти хурду бузург дар марказ ва деҳоти Ванҷ қомат афрохтанд, ки дар ифтитоҳи аксари онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошта, ҳамзамон, ба иншооти нав санги асос гузоштанд. Имрӯз дилхоҳ нафаре аз бошандагони ноҳияи Ванҷ шоҳидӣ медиҳад, ки мо дар маркази ноҳия ҳатто роҳҳои мумфарш надоштем, он чи ки ба чашм мерасид, ёдгориҳо аз боқимондаи замони шуравӣ буданд. Шукронаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дастгирию таваҷҷуҳи хоссаи Президенти мамлакат дар зарфи панҷ соли раис буданам, роҳҳои асосӣ ва кӯчаҳои маркази ноҳия пурра мумфарш гаштанд.
- Баъди бознишаста шудан, киҳо ба аёдат меоянд?
- Онҳое, ки қимати маро медонанд, аз таваҷҷуҳи онҳо дур намондаам ва бо он, ки касе ба суроғи ман намеояд, хафа ҳам нестам. Яке аз аввалинҳо шуда, дар ноҳияи Ванҷ аз «Шоҳнома»- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ки ҳадияи Ҷаноби Олӣ аст, баҳравар шуданам, худ ифшои эҳтироми умум аст. Чун қиблагоҳи азизам, ки мо 10 фарзандро соҳибмаълумот намуду 35 сол дар хизмати халқ камар баста буданд, ман низ 35 сол дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақомоти идоракунӣ кор кардам. Он чи давоми кору роҳбарӣ аз дастам омад, чун як зан-модар барои обу хоки диёри биҳиштосоям дареғ надоштам…
Хизматҳои бесобиқаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар ҳар қадам пеши назари мо бо арҷгузорӣ намоён шавад. Кӯшиш кунем хурду калон, ҳамагӣ барои ободии кишвари азизамон содиқона хизмат кунем. Тавре Пешвои миллат баён медорад, агар аз дастамон чизе ҳам наояд, нафареро бо панду насиҳат ба роҳи рост ҳидоят созем, то қарзи шаҳрвандии худро адо намоем.
Рустами НАЗИР,
Душанбе - Ванҷ - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
