Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зуҳури шахсият
Сиёсат / СлайдерДар ҳар давру замон ҷомеаҳо ба буҳронҳои сарнавиштсоз дучор меоянд. Пас суоле бармеояд: кӣ мардумро аз гирдоби хатар берун мебарад?
Борҳо исбот шудааст, ки дар чунин ҳолатҳо шахсиятҳои бузург зуҳур мекунанд, ки на танҳо ба мушкили ҷомеа, балки фаротар ҳам дармон мешаванд. Ин гуна шахсиятҳо на бо тасодуф, балки дар ҷавоби ниёзи замон ба саҳна меоянд. Шахсиятҳое, ки бо иродаи қавӣ, бо андешаи дурбинона ва бо масъулият нисбат ба миллат гом ниҳода, рисолати таърихиро бар дӯш мегиранд.
Зуҳури шахсият ин падидаест, ки реша дар заминаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дорад, вале моҳияти он аз доираи маъмулӣ берун меравад. Чунин шахсиятҳо танҳо раҳбарони сиёсӣ нестанд, онҳо таҷассуми орзую умедҳои мардум, рамзи худшиносӣ ва иродаи миллианд.
Замоне, ки Тоҷикистон раҳнамо меҷуст
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик санҷиши бисёр сахт пеш омад. Давлате, ки тоза ба истиқлол расид, дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва парокандагӣ қарор гирифт. Тақдири кишвар, пойдории давлатдорӣ ва ҳатто бақои миллат зери суол рафт. Мардум роҳи наҷот меҷуст, вале роҳи рӯшан намедид.
Дар ҳамин марҳалаи тақдирсоз шахсияте зуҳур кард, ки то он вақт масъулияти ҷиддии сатҳи давлатӣ надошт, аммо таърих ӯро ба саҳнаи бузург овард. Ҷавонмарди матин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он овон, пеш аз ҳама, бо иродаи устувор ва ҷасорати худ фарқ кард. Ӯ тавонист дар миёни гирдобҳои сиёсӣ ва хатарҳои амниятӣ устуворона қадам бигузорад ва сухани эътимодноке гӯяд, ки ба дили мардум нишаст: «Ман ба шумо сулҳ меорам!».
Рисолати шахсият
Рисолати шахсият дар он аст, ки аз доираи муқаррарӣ берун меравад ва он чизеро анҷом медиҳад, ки дигарон наметавонанд ё ҷуръаташон намерасад. Эмомалӣ Раҳмон маҳз чунин рисолатро боварибахш бар дӯш гирифт. Ӯ аз рӯзи нахуст бо тамоми неру талош варзид, то оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш кунад, мардумро ба гуфтушунид даъват намояд ва роҳи сулҳу ваҳдатро биҷӯяд. Ин, на танҳо кори сиёсӣ, балки як масъулияти бузурги таърихӣ буд.
Бо ирода ва устувории худ тавонист музокиротро роҳандозӣ кунад, бо рақибони мусаллаҳ ва сарсахти худ сари мизи гуфтушунид нишинад ва ба тадриҷ оташи мухолифатро фурӯ нишонад. 27-уми июни соли 1997 имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба воқеият табдил ёфт. Ин гардише буд, ки на танҳо сарнавишти Тоҷикистонро дигар кард, балки дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳон низ ҳамчун намунаи нодир ҳаккокӣ шуд.
Аз сулҳ то созандагӣ
Аммо рисолати шахсият танҳо ба хотима додани ҷанг маҳдуд намешавад. Пас аз сулҳ марҳалаи муҳими дигар оғоз ёфт, ки онро таҳлилгарон марҳалаи созандагӣ ва бунёди давлатдории нав номидаанд, зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи душворро ба зимма гирифтанд: аз нав сохтани кишваре, ки тамоми сохторҳояш хароб шуда буданд.
Президенти Тоҷикистон бо матонат кишварро ба роҳи рушд бурд. Марҳала ба марҳала. Аввал Тоҷикистонро соҳиби Конститутсия карда, аркони давлатдориро барқарор намуд, неруҳои мусаллаҳ ва қувваҳои интизомиро шакл дод. Ин ҳама заминаи пойдории истиқлол ва суботи миллӣ гардид.
Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон забон ва фарҳанги тоҷиконро ҳамчун пояи ҳувият эҳё намуданд. Қонунгузорӣ дар бораи забони давлатӣ, дастгирии илм ва маориф, арҷгузорӣ ба таъриху суннат низ дар маркази сиёсати ӯ қарор гирифтанд. Ин сиёсати фарҳангӣ имкон дод, ки миллати тоҷик на танҳо пойдор бимонад, балки худшиносии миллии худро тақвият диҳад.
Дар ҳақиқат, як бахши муҳими сиёсати Эмомалӣ Раҳмон эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ мебошад. Ӯ бо нашри китобҳо, суханрониҳо ва ташаббусҳои худ на танҳотаърихи миллатро бозгӯ мекунад, балки заминаи худшиносии миллиро таҳким мебахшад. Китобҳои ӯ дар бораи таърих, фарҳанг ва забон барои ҷомеа як навъ дастур ва роҳнамо шуданд. Пешвои миллат ба мардум борҳо таъкид намудаанд, ки забон рукни давлатдорӣ ва пояи ҳастии миллат аст.
Бо ҳамин руҳия, фарҳанг ва таърих аз нав эҳё шуда, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар миёни ҷаҳониён бо ифтихор боло меравад. Аз ҷумла, узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоди он оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) исботи ин гуфтаҳост. То имрӯз дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин созмони фарҳангӣ таҷлили ҷашну санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ, гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, арҷгузорӣ ба солгарди мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва дигар тадбирҳо амалӣ гардиданд. Таҷлили ҷашнҳои 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 1100-солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Сомониён, 1150-солагии Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва ғайра намунаи равшани ҳамкориҳо бо ин созмони ҷаҳонӣ дониста мешавад.
То кунун хеле аз бинову мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон дар феҳристи объектҳои Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудаанд. Хулоса, имрӯз вақте ба сиву чор соли охир назар меафканем, маълум мегардад, ки саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар берун кашидани кишвар аз буҳрон набуд. Ӯ сиёсати дурбинонаеро пеш гирифт, ки имрӯзу ояндаи миллатро таъмин месозад.
Эмомалӣ Раҳмон – шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ
Агар дар солҳои аввали истиқлол рисолати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва давлатдории нав буд, имрӯз ӯ ба яке аз чеҳраҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Далели равшани ин иддао 6 ташаббуси байналмилалии ӯст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Аз ҷумла: Соли 1999 Сарвари давлати тоҷикон пешниҳод карданд, ки соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии «Оби тоза» эълон гардад. Ин ташаббус бо дастгирии 148 кишвар амалӣ шуда, аввалин маротиба масъалаи об ба рӯзномаи ҷаҳонӣ ворид гардид.
Дар Анҷумани сеюми ҷаҳонӣ оид ба об (соли 2003, Киото) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди нав ба миён гузоштанд: солҳои 2005–2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» эълон шавад. Ин иқдом аз ҷониби 140 кишвар пазируфта шуда, тадбирҳои зиёде дар Тоҷикистон ва ҷаҳон анҷом ёфтанд.
Соли 2013 бо ташаббуси Тоҷикистон СММ соли мазкурро ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кард. Ҳадаф ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳо барои истифодаи оқилонаву одилонаи захираҳои об буд.
Соли 2016 бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»-ро қабул намуд, ки зиёда аз 190 кишвар онро дастгирӣ кард.
Моҳи декабри соли 2022 ташаббуси панҷуми Тоҷикистон пазируфта шуд: соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва ҳар сол 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил хоҳад шуд. Ҳамзамон, Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт.
Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2024 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ пешниҳод карданд, ки бо мақсади хотима бахшидан ба низоъҳо ва таҳкими сулҳ дар ҷаҳон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Ин ташаббусҳо на танҳо обрӯи Тоҷикистонро боло бурданд, балки исбот намуданд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ аст. Пешниҳодҳои ӯ ҳамеша пуштибонӣ меёбанд, зеро онҳо дорои ҳадафҳои башардӯстона буда, ба наҷоти инсоният ва ояндаи сайёра равона шудаанд.
Зуҳури шахсиятҳо қонуни таърих аст
Ҳар миллат, ҳар ҷомеа дар марҳалаҳои буҳронӣ ба шахсияти бузург ниёз дорад. Барои тоҷикон чунин шахсият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ тавонист, ки миллати парешонро гирд оварад, ба онҳо сулҳ ва оромӣ тақдим намояд, заминаи давлатдории муосирро гузорад ва ҳамчун сутуни асосии истиқлолу худшиносии миллӣ боқӣ монаду ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониро иқдом намояд.
Пас, метавон гуфт, ки зуҳури шахсият ин иродаи таърих буда, барои тоҷикон чунин шахсият фарзонамарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон
Мубодила:
Шарҳҳо
