Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Шукӯҳи забони тоҷикӣ дар замони истиқлол
Сиёсат / Слайдер«Бонувони Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ муҳимтарин масъалаҳои марбути забони тоҷикиро дар суҳбат бо забоншинос, доктори илмҳои филология, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён матраҳ намуд.
- То ба маснади забони давлатӣ расидани забони тоҷикӣ дар замони шуравӣ як насли боҳувият – олимон ва зиёиёни кишвар зиёд талошҳо намуданд. Дар хусуси ҷойгоҳ ва асолати забони тоҷикӣ дар замонҳои гуногуни таърихӣ ёдовар мешудед…
- Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ, забони миллати куҳанбунёди тоҷик, роҳи зиёди таърихиро бо шебу фароз ва печу гардишҳо тай намуда, то замони мо – даврони соҳибистиқлолӣ расид. Ин забон бо шевоӣ ва ширинии худ ҳазорсолаҳо забони давлатдорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва хонаводагии чандин сулолаву халқиятҳо буд. Танҳо дар соли 1991 Истиқлоли давлатӣ шукӯҳу ҷалоли қадимии забони тоҷикиро дубора эҳё намуда, онро воқеан бар маснади давлатӣ нишонд.
Забони тоҷикӣ дар замони давлатдории Сомониён ба авҷи камолоти худ расида, даврони тиллоиеро аз сар гузаронд, вале зиёда аз ҳазор сол пас аз инқирози давлати Сомониён то даврони Истиқлоли давлатӣ, яъне то замони ташкили давла- ти навини тоҷикон, ба маҳдудиятҳои зиёде дучор гардид. Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ пушту паноҳ ва ҳомии ҳақиқию воқеии худро дар си- мои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёфт. Пешвои ғамхору дилсӯзи миллат дар қатори арзишҳои миллӣ, муқаддас будани забонро таъкид намуда, дар роҳи ҳифзу гиромидошт ва эҳёи он заҳматҳои зиёде кашида, миллати куҳанбунёди моро барои муқаддас нигоҳ доштани ягона ёдгории ниёгон, ки дар масири таърих миллатро ҳамроҳӣ намуда, ваҳдати онро нигоҳ доштааст, даъват намуд.
Мусаллам аст, ки ҷойгоҳ ва мақоми забонро дар ҷомеа Конститутсия муайян мекунад. Дар даврони шуравӣ забони тоҷикӣ, чун забони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз мақоми давлатӣ бенасиб буд, зеро сиёсати он замон нисбат ба забонҳои миллӣ хеле печидаву норавшан буд. Новобаста ба ин, дар ибтидои солҳои 20-уми асри ХХ дар таърихи забони тоҷикӣ марҳалаи нав оғоз ёфт. Марзи Осиёи Миёна байни ҷумҳуриҳое, ки ба ивази аморату хонигариҳо пайдо шуданд, тақсим шуд. Забон яке аз нишонаҳои асосии ҷумҳуриҳои навтаъсис дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) ба шумор мерафт. Дар ин миён забони тоҷикӣ вазъи бисёр ногувор дошт, ҳатто кор ба дараҷае расида буд, ки мавҷудияти чунин як забони алоҳидаро дар ин сарзамин душманони миллат рӯйирост инкор мекарданд. Танҳо бо талошҳои зиёди зиёиёну ходимони давлатӣ, ба монанди устод Садриддин Айнӣ, Абдулқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон мавҷудияти таърихии халқи тоҷик ва забони тоҷикӣ исбот гардид ва дар соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуда, забони кории ин ҷумҳурӣ бо номи тоҷикӣ, ки аз номи мил- лати тоҷик гирифта шуд, мусаммо гардид.
Дар охири солҳои 80-уми асри ХХ таҳти ғояҳои «ошкорбаёнӣ» соҳибзабонони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳимояи забонҳои миллии худ овоз баланд карданд. Аз ҷумла, дар ҶШС Тоҷикистон низ 22-юми июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонун дар бораи забони давлатиро қабул кард. Аммо Қонуни мазкур аз нуқсҳои зиёди сиёсие иборат буд, ки масъалаҳои бисёр муҳими нигаҳдорӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои он, ки барои инкишоф ва рушду нумӯи ин забон бояд такони ҷиддӣ мебахшид, сарфи назар шуданд.
- Дар замони соҳибистиқлолӣ вазъият ба чӣ самте тағйир ёфт, ҳоло чӣ корҳои мондагоре бар манфиати забони давлатӣ анҷом меёбанд?
- Сарфи назар аз душвориҳои мавҷуда, баъд аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 16-уми ноябр то 22-юми декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои забон тақвият бахшида, тадбирҳои бисёр муҳимро дар амалӣ намудани Қонуни забон роҳандозӣ намуданд. Аз он ҷумла, соли 1994 ба қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи забон» имзо гузоштанд, ки ин қадами устувор ва ҷиддие пайи татбиқи ҳадафҳои нек дар тавсеа ва рушду инкишофи забони давлатӣ буд.
- Ин муҳимтарин воқеаест, ки дар таърихи забони тоҷикӣ рух дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 ба ифтихори Рӯзи забон паёми табрикотии худро ба мардуми кишвар ироа намуданд. Дар ин паём бо ҳисси баландиарҷгузорӣ ба забони давлатӣ иброз доштанд: «Мақсад аз таъсиси Рӯзи забон ва таҷлили он мусоидат кардан ба таҳкими дӯстиву рафоқат, якдигарфаҳмӣ ва ҳамдилию ҳамбастагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст…».
Новобаста аз монеаҳои сунъӣ бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори дахлдор аз 4-уми ноябри соли 1995, №142 «Доир ба тамдиди «Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони ҷумҳурӣ» қабул гардид, ки тибқи он муддати давраи гузариш дар татбиқи Қонуни забон то соли 1999 муайян шуд.
Тасдиқи Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани таҳрири нави имлои забони тоҷикӣ, ки амалӣ гардида истодааст, бешубҳа, ба таҳкими мавқеи забони давлатӣ ва забонҳои дигари кишвар мусоидат мекунад.
Соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул шуд ва пас аз ҳазор сол мавқеи забони тоҷи- кӣ ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон мустаҳкам гардид.
Ҳамин тавр, дар ибтидои асри ХХI забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол – забони тоҷикӣ ба марҳалаи нави рушду инкишоф ва густаришу такомули бемайлон дар ҷаҳони мутамаддин, ки пайваста бо навгониҳои технологияи иттилоотӣ ва вусъати босуръати техника рӯ ба рӯ мегардад, ворид шуд.
- Имрӯз барои тозагии забон ва бақову пой- дориаш аз кадом тадбирҳо бояд кор бигирем?
- Раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари ҷанбаҳои мусбати худ оқибатҳои манфиро ҳам ба бор дорад, ба забони давлатӣ низ бетаъсир намемонад. Дар робита ба ҳамин, Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд: «Бонувону модарони мо, бояд муҳимтар аз ҳама барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд».
Имрӯз ду масъалаи муҳим пешорӯйи мо гузошта шудааст: поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва ба наслҳои оянда омӯзондани одоби муошират ва суханварӣ.
Масъалаи аввал, ки ба ҳифзи забони давлатӣ марбут аст, хеле нозуку ҳассос буда, ба раванди инкишофи ҷомеа алоқамандии зиёд дорад. Маҳз ҳамин раванди ташаккули ҷомеа ба забон таъсир расонда, худ ду равандеро ба вуҷуд меорад: раванди таҳаввули забон ва раванди таназзули забон.
Раванди таҳаввули забон дар асоси қонуну қоидаҳои рушду ташаккули забон ба амал меояд, ки ба инки- шофи дохилии забон марбут аст. Аз ин рӯ, ин раванд ҳазорсолаҳоро дар бар ме- гирад, ки забон аз нигоҳи грамматикӣ ва фонетикӣ тағйир ёбад. Тағйир ёфтани забон дар асоси қоидаҳои дохилии худ ин амри табиӣ аст. Бинобар ин, раванди мазкур осебпазир нест. Забони тоҷикӣ дар тули таърих се давраро аз сар гузарондааст, яъне се маротиба шакли грамматикиву овоии худро дигар намудааст, аммо аз байн нарафтааст.
Раванди таназзули забон бошад, бевосита ба забон аз берун таъсир расонда, боиси аз байн раф- тани забон мегардад. Раванди аввал, агар омили рушди забон гардад, раванди дувум сабаби асосии аз саҳфаи таърих нест шудани забон мебошад.
Раванди охир ба ду самти муҳим риштаи пайвандӣ дорад: ҷомеа ва хонавода. Забони тоҷи- кӣ дар ҷомеаи мо мақоми хоси худ – мақоми дав- латиро дорад. Ҷомеаи имрӯз бо суръати баланд рушд карда, забони технологияи муосир ҳамчун забони абарқудрат монеаи рушди дигар забонҳомегардад, ки таъсири он имрӯз назарногир аст, вале идомаи ин раванд хатарзо буда, натиҷаи таассуфоварро пайгир аст. Дар ин ҳолат, танҳо забоне раҳо меёбад, ки ҳамқадами забони технология бошад.
Раванди иқтибосгирӣ дар забон амри воқеӣ аст ва он яке аз заминаҳои рушди таркиби луғавии забон аст. Забони тоҷикӣ дар тули мавҷудияти худ аз забонҳои зиёде иқтибос гирифтааст, ки онҳо танҳо қабати вожагони забонро ғанӣ гардондаанд. Аммо «ҳар чи аз ҳад бигзарад расво шавад», яъне дар баробари иқтибосгирӣ «коргоҳи калимасозӣ»-и забон набояд аз фаъолият монад. Забони адабии тоҷикӣ имрӯз ба ҳамин ҳолат дучор шудааст. Вожаҳои иқтибосӣ ба таври яклухт ба забон во- рид шуда, соҳибзабонон онҳоро дар ҳамон шакл истифода мебаранд. Дар забон қабати аз ҳама иқтибоспазир исм аст, вале дар забони тоҷикӣ дигар ҳиссаҳои нутқ ҳам иқтибос (хусусан аз забони арабӣ) пазируфтаанд.
Масъалаи дигаре, ки ба ҷомеа иртибот дорад, ин тарғиби дурусти истифодаи воҳидҳои асосии забон мебошанд. Таблиғгарони асосии забон дар ҷомеа васоити ахбори омма (матбуот, телевизион, радио) мебошанд. Имрӯз вазъи забони ВАО нигаронкунанда аст. Ҳамин ҳолат дар забони мат- ни китобҳои дарсиву асарҳои тарҷумашуда низ ҷой дорад. Устод Айнӣ зикр карда буданд: «Зотан хатои забонӣ бемории гузаранда аст» ва дар тақвият ба ҳамин гуфтаҳо Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мавриди тарҷумаи китобҳо қайд мекунад: «Дар ҳақиқат, хатое, ки тарҷумоне ё қаламдасте аз беаҳамиятӣ ё камсаводӣ содир мекунад, мумкин аст, пас аз андак муддат чунон интишор ёбад, ки баъзе хушсаводтарин зиёиён ҳам аз он бехабар монда, мубталои он мегарданд».
Омили дигаре, ки дар ҳифзи асолати забон дар сафи пеш қарор дорад ва ба раванди таназзули забон ҳамеша монеа эҷод карда метавонад, ин хонавода аст. Дар ҳолати беэътиноӣ ва беаҳамиятии бузургсолони хонавода метавонад забон коста ва асолати худро гум кунад ва ҳатто аз истифода барояд. Бо кадом забоне, ки дар муҳити оила бо кӯдакон гап зананд, мақоми ҳамон забон дар хонавода устувор гашта, забони аслии кӯдак маҳсуб меёбад. Агар он забони ғайр бошад, фардо дар ниҳоди ин кӯдак, ки ояндаи миллат аст, бедор намудани ҳувияти миллӣ душвор ва имконнопазир мегардад.
- Омили асосие, ки мардум ба лаҳҷа суҳбат мекунанд, чист ва чӣ гуна аз он раҳо шавем?
- Тамоми забонҳои дунё дорои шева, лаҳҷа ва гӯйишҳои худ мебошанд. Гурӯҳи алоҳидаи мардум байни ҳамдигар бо ин ё он лаҳҷа ё гӯйиш суҳбат мекунанд. Ба лаҳҷа суҳбат кардани мардум байни якдигар бад нест. Лаҳҷа ганҷинаи забон аст. Забони тоҷикӣ низ дар баробари шакли адабӣ доштан, аз шеваю лаҳҷаҳо ва гӯйишҳои худ иборат аст.
Даврони шуравӣ бо ҳукми «лаҳҷа» вожаҳои истилоҳии зиёди аслан тоҷикӣ, ки дар ин ё он гӯйишу лаҳҷа истифода мешуданд, агар мабодо ба забони адабӣ роҳ меёфт, зери «тозиёнаи танқид» онро аз сафи вожагони адабӣ дур меронданд ва ҳамин анъана то имрӯз идома дорад. Агар аз бунёди забонамон, ки вожаҳои нодири лаҳҷаву гӯйишҳо ва фарҳангҳои қадим асоси онро ташкил медиҳанд, истифода нанамоем, роҳ ба арабишавии забони тоҷикӣ ҳамон қадар васеътару наздиктар мегардад.
Забони адабӣ – дараҷаи олитарини забони миллӣ ва асоси маданияти нутқ ба ҳисоб меравад. Он дар соҳаҳои гуногун: сиёсат ва давлатдорӣ, қонунбарорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, муоширати байни миллатҳо ва муоширати маъмул байни лаҳҷаҳо истифода бурда мешавад. Забони адабӣ маҳсули ҷараёни дуру дарози та- раққиёти ҷамъият аст, ки бо мурури замон ба худ шакли муайян гирифта, инкишоф ёфта, пухтаву суфта гардидааст. Инкишофи таърихии забони тоҷикии адабӣ – забону адабиёти асрҳои IX–XIXро ба вуҷуд овард ва тараққиёти минбаъдаи он ба дараҷаи забони тоҷикии муосир омада расид.
- Нисбат ба калимаҳои иқтибосӣ аз дигар забонҳо ба забони тоҷикӣ ва кӯчиши калимаҳои тоҷикӣ ба дигар забонҳо чӣ метавон гуфт?
- Дар таҷрибаи кишварҳо собит шудааст, ки забонро аз иқтибосе, ки ворид гардид, тоза кардан нашояд, танҳо дар ҳоле, агар иқтибосҳо ҷанбаи замонӣ дошта, барои як давраи муайян хизмат кунанд. Масалан, бо оғози ҷанги Амрико ва Ҷопон, соли 1941 дар Ҷопон созмоне таъсис мегардад, ки вазифааш тоза намудани забони ҷопонӣ аз калимаҳои англисӣ ва ба ҷойи онҳо истифода бурдани наввожаҳои ҷопонӣ буд. Чунин комиссия дар Корея солҳои 60-уми асри гузашта, дар Франсия (қонуни Тубон, 1994) низ созмон ёфта буд. Дар Туркия соли 1932 «Ҷамъияти лингвистии Туркия» ташкил мегардад, ки мақсадаш тоза намудани забон аз вожаҳои бегона, бахусус аз вожаҳои арабию форсӣ буд. Вале ҳамааш бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Калимаҳое, ки ба забонҳои дигар ворид ме- шаванд, онҳоро худӣ кардан амри муҳол аст, зеро решашиносӣ (этимология) соҳаи илмест дар забоншиносӣ, ки чунин «худӣ»-гардониҳоро ош- кор мекунад. Баръакс, иқтибос шудани вожаҳои ноби тоҷикӣ ба дигар забонҳо боиси ифтихори мост. Аммо дуруст аст, ки мардум калимаҳои худиро аз бегона (иқтибосшуда) фарқ намегузоранд. Аз ин рӯ, шояд баъзе бегонаҳо ҳадс зананд, ки ин ё он калимаи тоҷикӣ моли мост, вале инро танҳо илм исбот месозад.
Масалан, дар мавриди истифодаи номҳои тоҷикона, ки хеле зиёданд, бояд ҳаминро донист, ки номҳо низ аз як забон ба забони дигар мегузаранд, аммо онҳо на иқтибос мешаванд, балки онҳоро фарҳангҳо бо худ мебаранд. Чунончи, номҳои тоҷикии Рустам, Ҷамшед, Наврӯз, Лола ва монанди инҳоро фарҳанги тоҷикӣ бо худ ба дигар фарҳангҳо бурд ва баръакс, фарҳанги исломӣ номҳои зиёди арабиро бар фарҳанги тоҷикӣ зам намуд, чун Назар, Назира, Холида ва ғайра.
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
