БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Пайравони нури ҳидоят

Сиёсат

Фаъолияти меҳнатиам аз идораи Телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт», имрӯза Шабакаи телевизионии Душанбе–HD ибтидо мегирад, ки баъди хатми таҳсилоти олӣ дар ин муассиса ба унвони мутахассиси ҷавон муаррифӣ гаштаам, - саршори ёддоштҳои овони ҷавонӣ риштаи суҳбатро кушод онҷониб. – Ин ҳам аз ҳикматҳои зиндагист, ки думболи ҳавасу ормонҳои наврасӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шудам, аммо хатти сарнавишт моил ба сӯйи орзуҳоест, ки аз айёми донишҷӯӣ дар замирам маъво гирифтааст. Бинобар нооромиҳои солҳои аввали донишҷӯӣ баъзе ҷавондухтарон аз идомаи таҳсил даст кашиданд. Аммо ҷавонони дар азми худ устувор, зимни идомаи таҳсилоти олӣ, шоҳиди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳаввулоти бузурге дар кишвар буданд. Тадбирҳои ватандӯстонаи поягузори давлати навини тоҷикон, дар масири сулҳу ваҳдатгароӣ ва ташаккули рукнҳои давлатдорӣ, афроди ватандӯст, аз ҷумла ҷавононро бобати иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ неруву ангезаи созандагӣ мебахшид. Дар партави ин нури ҳидоят бештари мо баъди хатми мактаби олӣ шавқу шӯри идомаи фаъолият дар пойтахти кишварро доштем, - иброз медорад Қумринисо.

Дар солу замоне, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расида, ҷиҳати пешбарии бонувон ба вазифаҳои роҳбарӣ иқдомҳои ҷиддӣ гирифта мешуданд, вай ҳамчун нозири хурди гумрук дар истгоҳи роҳи оҳани «Пахтаобод»-и раёсати Турсунзодагии Кумитаи гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият мекард. Соли 2000 издивоҷ намуда, тули 6 соли баъдӣ ба тарбияи фарзанд ва масъулиятҳои хонаводагӣ мепардозад.

Соли 2006 дар арафаи омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ бону Қумринисо дубора ба фаъолияти ҷамъиятӣ оғоз бахшида, тариқи озмун ба мансаби мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Норак пешбарӣ гардид. Маҳз дар ин зинаи масъулиятҳои хизматӣ оид ба нақши аҳзоби сиёсӣ дар шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолияти густурда дидгоҳи хоси худро пайдо кард.

 Соли 2014 раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак интихоб намуданд. Дарвоқеъ, барои дастпарварони ҳизби пешоҳанг, ки корномаи таърихсози Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор додаанд, интихоб шудан ба вазифаҳои роҳбарии ҳизбӣ ифтихори баланду ҳам масъулияти беҳад бузург арзёбӣ мегардад. Хушбахтона, давоми ҳашту ним соли роҳбарии Кумитаи иҷроия маҳз бо дастгирии фаъолон, аъзо ва ҷонибдорон дар иҷрои он ҳама нақшаву ҳадафҳои пешбинигардида ноил гардидем. Дар ин муддат, шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз 31 ба 79 адад ва сафи аъзои ҳизб аз 1500 ба 4 ҳазору 504 нафар расид.

Қумринисо Гулмуродзода аз соли 2022 ҳамчун муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, роҳбарии самти таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва татбиқи барномаву ташаббусҳои аз ҷониби роҳбарияти ҳизб рӯйи кор омадаро ба уҳда дорад. Масъули дастгоҳи идеологии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, дар радифи густариши ҳамкориҳо бо қишри ҷавонони аъзо ҷиҳати ҷалби ин неруи бузург дар татбиқу амалигардонии ташаббусҳои ҳизбӣ саҳми назаррас дорад.

Ба пиндори ӯ, рисолати пешгирифтаи ҲХДТ, ки аз ниёзҳои иҷтимоии ҷомеа сарчашма гирифта, ба рушду пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронда шудааст, маҳсули андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Биноан, дар он марҳалаи муҳими тақдирсозе Сарвари ҷавони кишвар дар партави сиёсати сулҳу ваҳдатгароӣ мардуми дохилу хориҷ аз кишварро ба ҳам меовард, ҳузури як неруи сиёсии дорои моҳияти халқиву демократӣ тақозои замон буд. Ҳаминак, гузори ҳидояти ҷомеа дар ин масири ифтихор, пайравону дастпарварони Мактаби сиёсии Пешвои миллат хизмати содиқона ба Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи мардумро шиори худ дар зиндагӣ мешуморанд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон