БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар Душанбе Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба об ва иқлим баргузор шуд

Сиёсат / Слайдер

 Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаии кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ)  Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба об ва иқлим баргузор шуд.

Дар форум ҷавонон аз кишварҳои гуногун, меҳмонон аз Шоҳигарии Нидерланд, Иттиҳоди Аврупо, Департаменти федералии корҳои хориҷии Швейтсария, намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ USAID, UNIFY ширкат варзида, оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ва саҳми ҷавонон дар ҳалли ин мушкилот маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Октавиан Бивол - муовини директори минтақавии ЮНИСЕФ дар маърӯзаи хеш изҳор дошт, ки тағйироти иқлим бештар аз ҳама ба кӯдакон таъсиррасон аст. Обшавии босуръати пиряхҳои Осиёи Марказӣ равиши дарёҳоро иваз карда, боиси сар задани офатҳои табиӣ мегарад. 

Барои баланд бардоштани некуаҳволии кӯдакон ва ҷавонон Тоҷикистон чанде пеш дар сатҳи ҷавонон Қатънома оид ба иқлимро ба имзо расонд, ки он дар сатҳи миллӣ равона шудааст. Ҳамчунин баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки муҳим ва хеле илҳомбахш аст, садои сокинони Тоҷикистон  ба гӯши аҳли сайёра оид ба мушкилоти обу иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирот мебошанд,  - афзуд О.Бивол.

Дар суханронии хеш Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар бораи нақши муҳими ҷавонон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим изҳори назар намуд.

Номбурда афзуд, ки зиёда аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони аз 14 то 30-сола ва 40 дарсадро наврасони 15-19-сола ташкил медиҳанд. Аз лиҳози демографӣ шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани иштироки ҷавонон ва наврасон дар масъалаҳои об ва иқлим Тоҷикистон чанде қабл Эъломия оид ба фаъолияти кӯдакон, ҷавонон ва иқлимро ба имзо расонд.

Ҷавонони Тоҷикистон бо дилгармӣ, заҳмат ва ғояҳои навоваронаи худ барои бартарафсозии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим дар давлати худ ва берун аз он мубориза хоҳанд бурд.

Форуми баргузор гардида барои ҷавонон майдоне фароҳам овард, то онҳо дар баҳсу ташаббусҳо барои ҳалли масъалаҳои об ва иқлим иштирок намоянд.

М. Назирова

Манбаъ: https://javononvavarzish.tj/

       

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 5)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон