БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ дар мавзӯи "Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон" баргузор шуд

Сиёсат / Слайдер

Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ дар мавзӯи  "Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон"

баргузор шуд.

 Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" 10 июни соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии парламентӣ дар мавзӯи "Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон" доир гардид.

Чорабиниро нахуст Мавсума Муинӣ - муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, роҷеъ ба аҳамияти об ва захираҳои он, ташаббусҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи обу пиряхҳо суханронӣ намуд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистон агарчи дар самти захираҳои об кишвари пешоҳанг аст, аммо зиёд дучори хатару таҳдидҳои обшавии пиряхҳо, фаромадани селу ярч ва тарма мегардад. Дар раванди Форум масъалаҳои самаранок истифодабарии об ва ҳалли мушкилиҳои вобаста ба он, саҳми ҷавонон дар самти ҳифзи обу пиряхҳо, тақвияти талошҳои муштарак ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои обу Рӯзномаи рушду устувор то соли 2030 ва ғайра баррасӣ гардиданд.  

Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Нур Ҷазлан Муҳаммад – муовини раиси Сенати Малайзия, Дания Еспаева – муовини раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Улуғбек Иноятов – муовини раиси Палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ӯзбекистон, Флоренс Бауэр –директори минтақавии Хазинаи нуфуси СММ оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Айки Тошихиро – сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ва дигар роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили ҷавонон, обу иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд. 

  Боиси тазаккур аст, ки аз 10 то 13 июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар доираи «Раванди оби Душанбе» Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" доир мегардад, ки он бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар ду сол як маротиба бо ҳамкории зич бо СММ гузаронда мешавад. 

С. Ашӯрова

Далер Шарифов

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 5)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон