БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Вақте мерос ба сухан меояд…

Сиёсат / Слайдер

Суханҳое ҳастанд, ки танҳо шунида мешаванд, баъзан танҳо сабт мегарданд, аммо суханоне низ ҳастанд, ки ба хотира табдил меёбанд, абадӣ дар таърихи миллат нақш мебанданд. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳар Паёми дигарашон аз ҳамин навъи суханҳост.

Паёме, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа шуд, на танҳо ба толор ё минбар, балки ба хотираи таърихии миллат, ба дилҳои онҳое нигаронда шудааст, ки ин хотираро зинда нигоҳ медоранд ва дар ин миён ҷойгоҳи зан махсус аст, зеро маҳз зан фарҳангро аз китоб ба зиндагӣ, аз таърих ба хона, аз сухан ба амал меорад…

 

Дар Паёми нав сухан аз чопи 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ рафт. Зимнан, ин ташаббуси беназирро на  танҳо ҳамчун як иқдоми фарҳангӣ, балки ҳамчун даъват ба худшиносӣ фаҳмида бошем. Аз ин ҷост, ки Президенти муҳтарами Тоҷикистон хеле мантиқӣ зикр карданд, ки ин китобҳо барои рафҳои китобхона нестанд. Онҳо барои он ройгон тақсим шуданд, ки дар хона боз шаванд, дар бораи онҳо суҳбат шавад, аз онҳо қиссаҳо бихонанд, маҳфилҳо биороянд. Дар ҳақиқат, агар модар фарзандашро бо номҳои Рустам, Сиёвуш, Гурдофарид ва дигарон, қаҳрамонии онҳо, ҳанўз аз тифлӣ фаҳмонад, ин шиносоӣ бо решаи миллат пайванд хоҳад буд.

Сарвари давлат ба дурустӣ таъкид намуданд, ки мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Маълум аст, ки ҳар шиноснома то замоне арзиш дорад, ки соҳибаш онро истифода барад. Мерос низ ҳамин гуна аст, агар мо онро танҳо ситоиш кунему дар зиндагии ҳаррўза ҷой надиҳем, он ба гузаштаи хомўш ва фаромўшшуда табдил меёбад.

Соли 2025 ворид гардидани 11 ёдгории Хуттали қадим ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО як рўйдоди бағоят муҳим аст. Ин на  танҳо шинохти ҷаҳонӣ, балки эътирофи он аст, ки сарзамини мо хотираи зинда мебошад. Ин хотираро кӣ зинда нигоҳ медорад? Кӣ ба кўдак мефаҳмонад, ки чаро санг қадр дорад, чаро хароба таърих аст? Боз ҳам зан-модар…

Ҳамчунин, қабул гардидани қатъномаҳои ЮНЕСКО дар мавриди Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сўзанидўзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии шоири классики тоҷик, ҳамасри устод Рўдакӣ Робияи Балхӣ дар худ як ишораи равшан дорад: фарҳанги тоҷик бе ҳузури зан тасаввурнопазир аст!

Воқеан, сўзанидўзӣ танҳо ҳунар нест, балки забонест, ки бе ҳарф маъно медиҳад. Дар натиҷа ҳар нақш таърих дорад, ҳар ранг хотираеро меғунҷонад…

Ҷойгоҳи Робияи Балхӣ низ дар таърихи мову аҳли башар танҳо як шоир набуда, ҳамчун рамзи ҷасорат ва худшиносии зан боқӣ мондааст. Зани муборизе, ки бо сухан зиндагӣ кард ва бо сухан ҷовидон шуд.

Дар Паём барҳақ таъкид шуд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунёанд. Ин ҷумла ифтихорбахш аст, аммо, ҳамзамон, масъулияти зиёдро тақозо менамояд. Хосса дар муҳити оила. Фаромўш набояд кард, ки тамаддун, пеш аз ҳама, бо андеша оғоз меёбад. Андеша бошад, дар оила шакл мегирад.

Фалсафаи «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек», шиори куҳани ориёии мо, имрўз ҳам бояд қоидаи зиндагии ҳаррўзаи ҷаҳониён бошад. Аз ин се таъбир омўхта метавонем, ки чи гуна сухан гўем, чи гуна андешем, чи гуна фарзанд тарбия кунем, чи гуна сулҳу ваҳдат созем то роҳи худро боз ҳам равшантар намоем…

Наврўзи бостонии мо, ки имрўз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, ҳамчунин, Тиргон, Меҳргон ва Сада низ фақат иду ҷашнвора не, дарсҳои зиндагӣ маҳсуб меёбанд. Дарсҳои эҳтиром ба табиат, инсон ва вақт.

Бунёди Конун - Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврўз дар пойтахт талош барои табдил додани мерос ба фазои зинда аст, аммо бузургтарин марказ ҳам бе инсон маъно надорад. Барои ҳамин, агар дар хона, дар вақти тарбияи фарзанд, ҳангоми сухангўӣ ва рафторамон меросро идома надиҳем, ҳеҷ девор онро поянда ва ҳеҷ ҷомеае зинда нигоҳ дошта наметавонад.

Дар Паём даъват шуд, ки мо бояд арзишҳои моддиву ғайримоддии худро ҳадафмандона муаррифӣ намоем. Маълум аст, ки муаррифӣ, пеш аз ҳама, аз худ оғоз мешавад. Аз ин суол: «Мо кӣ ҳастем ва худро чӣ гуна мебинем?».

Дар маҷмуъ, агар мағзу муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чанд ҷумла мушаххас кардан зарур ояд, бо дили пур гуфтан мумкин, ки он ба оила, ба зан, ба муҳити солим равона шудааст. Аз ҳамин ҷост, ки алҳол вазифаи зани тоҷик танҳо нигаҳбонии хона нест. Ў нигаҳбони ҳувияти миллист. Ў пулест миёни гузашта, имрўза ва оянда. Агар ин пул мустаҳкам бошад, миллат роҳгум намезанад, рушд меёбад.

Мутмаинем, ки ин маъниро ҳар сокини закии Тоҷикистон ва тоҷикони дунё ба хубӣ дарк намудаанд…

                                                                                        ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 1)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон