Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Артиш бо дуои модар неруманд мегардад
СиёсатНуқтае чанд рӯ ба рӯи 33-солагии Артиши миллӣ
Рўзи Артиши миллӣ дар асл рўзи ифтихори миллӣ ва андешаи амиқ дар бораи арзиши сулҳу амният аст. Бахусус барои ҳар як бонуи тоҷик ин рўз бо эҳсосои хос пайванд мегирад.
Эҳсоси модаронаи онҳоро дарк кардан барои дилхоҳ нафар душворие надорад. Эҳсосе, ки дар он интизории фарзандон, дуо дар ҳаққи онҳо ва бовар ба фардои осударо ғунҷондааст. Чун артиш сипарест, ки ба воситаи он зиндагии ороми ҷомеа, рушди занону модарон ва орзуҳои фарзандон ҳифз мегардад.
Ҷавонон ҳангоми рафтан ба хизмати аскарӣ албатта ба ёд меоранд, ки қабл аз ёд кардани савганди ҳарбӣ, онҳо дар домони модар маънои муҳаббат ба Ватанро омўхтаанд. Дар домони модароне, ки бо иродаи хос (дур будан аз фарзанд барои кӣ сахт аст?), аммо бо дуои нек ҷигарбандони худро ба хизмати ҳарбӣ мегуселонанд ва ҳар рўз умеди бозгашти ҷигарбандонашонро мекунанд. Ин сабру таҳаммул, ин оромии зоҳирӣ ва изтироби ботинӣ бидуни шак саҳми арзишманди бонувон дар таҳкими Артиши миллӣ хоҳад буд.
Бале, модарон амиқан мефаҳманд, ки агар фарзанд имрўз дар хизмати Ватан бошад, фардои ҷомеа амн хоҳад буд. Ин гуна фаҳмишу мантиқ аслан аз муҳаббат ба сарзамин маъво мегирад. Сарзамине, ки барои ҳифзи истиқлолияташ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамоиҳо дошту дорад…
Зимнан, таърихи таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо нест. Дар солҳои душвору тақдирсоз, маҳз иродаи қавӣ, дурбинӣ ва масъулияти таърихии Пешвои миллат боис гардид, ки пояҳои Артиши миллӣ устувор шаванд. Дар шароите, ки кишвар ба сулҳ ва субот ниёз дошт, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қадами ҳалкунанда дар роҳи ҳифзи давлатдорӣ ва якпорчагии миллӣ гардид.
Аз ин ҷост, ки барҳақ Артиши миллии акнун 33-соларо самараи сиёсати оқилона ва пайгиронаи Сарвари давлати тоҷикон меҳисобанд ва онро ниҳоди қавие медонанд, ки ба ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти шаҳрвандон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ нигаронда шудааст. Барои бонувон бошад, ин сиёсати давлат маънои эътимод ба фардо, итминон ба амнияти фарзандон ва имкони зиндагии осоиштаро дорад.
Фаромўш набояд кард, ки дар асри XXI мафҳуми ҳифзи Ватан маънои васеътар аз ҳар вақти дигарро гирифтааст. Чунки имрўз таҳдидҳо танҳо низомӣ набуда, балки иттилоотӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ низ шудаанд. Дар чунин шароит хизмат дар артиш ин ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва ваҳдати ҷомеа низ мебошад.
Барои бонувон артиш, пеш аз ҳама, маънои амнияти хонадонро дорад. Аз сўи дигар, агар кишвар ором бошад, зан метавонад таҳсил кунад, фаъолият намояд, ба эҷодкорӣ даст занад ва дар рушди ҷомеа саҳм гузорад. Яъне ҳифзи Ватан барои бонувон ҳифзи зиндагии босаодат аст. Ба таври дигар, ҳар як сарбоз, ҳар як афсар муҳофизи ноаёни орзуҳои занон ба ҳисоб мераванд.
Шоёни зикр аст, ки имрўз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон занону бонувон кам нестанд. Онҳо шабонарўзӣ бо ҷавонмардон дар хизмати Ватан қарор доранд.Занони низомӣ аксари вақт ҳамчун табиб, равоншинос, корманди тиб, алоқачӣ, омўзгор ва ҳатто афсар вазифаҳои пурмасъулиятро ба ҷо меоранд.
Ҳузури зан дар артиш маънои ба худ хос дорад. Он рамзи масъулият, сабр ва устуворист. Бонуи низомӣ дар артиш бо худ нармии инсонӣ ва ҳамзамон қотеияти касбиро мегирад. Онҳо собит месозанд, ки муҳаббат ба Ватан ҷинс надорад ва ҳифзи он рисолати умумимиллист.
Дар маҷмуъ, эҳтиром ба Артиши миллӣ, эҳтиром ба ояндаи худи мост.Барои ҳамин, таҷлили Рўзи артиш барои ҳар соҳибватан рўзи ифтихор ва шукргузорист. Ин рўз моро ба андеша водор месозад, ки сулҳ ва амният чӣ қадар арзишманданд аст. Ин амният ва субот бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, бо фидокории ҷавонмардон ва матонати занони низомӣ ҳосил мешавад.
Ҳамзамон аз ёдҳо набояд равад, ки ҳифзи Ватан танҳо бо силоҳ набуда, он бо муҳаббат, сабр ва дар шароити ваҳдату ягонагӣ саҳл мегардад. Дар ин роҳ бошад, дили ҳар бону модарвор ҳамеша бо Ватан метапад. Инро ҳар як сарбози шуҷои Ватан бо дилпурӣ эҳсос менамояд.
Пас, идамон муборак!
ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон
Мубодила:
Шарҳҳо












