Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ваҳдат - бақои миллат
СиёсатВаҳдати миллӣ, ки маҳз ба шарофати талошҳои фарзанди барӯманди миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваю тавоноӣ бахшида, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум дар шароити шаклгирии давлатдории навин заминаи мустаҳкам гузошт.
Мутаассифона, ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ барои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ давраи ғайричашмдошти инкишофи таърихӣ гашт, бахусус ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 аз оғози суқути ин давлати абарқудрат дарак дод. Акнун ҷумҳуриҳои собиқи СССР барои ба даст овардани истиқлоли комили давлатӣ саъй мекарданд. Истиқлоли давлатӣ барои тоҷикистониён ба осонӣ даст дод, вале бо таъсири қувваҳои хориҷӣ кишвар ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Душманони миллат аз норасоиҳои иҷтимоиву иқтисодии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ истифода бурда, байни мардум алангаи ҷангро афрӯхтанд, ки дар натиҷа шаҳрвандони зиёд тарки Ватан карданд. Дар кишвар хуни ҳамватанони бегуноҳ рехт. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти бе ин ҳам таназзулёфтаи он давраи мамлакат ҳисороти зиёд овард. Дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳазорҳо ҷавонон қурбон шуданд, занони зиёд бесарпаноҳ монданд, беш аз 60 ҳазор кӯдак аз навозиш ва оғӯши гарми зодмандон маҳрум гашт, зиёда аз миллион тоҷик иҷборан ба кишварҳои дуру наздик муҳоҷир шуд.
Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон ба сари давлат роҳбари хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмонро овард ва ӯ сарчашмаи сулҳу субот дар кишвар гашт. Бо баракати имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ тоҷик аз хатари парокандашавӣ раҳо ёфт. Имзои Созишнома барои халқҳои муқими Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, ҳаёти осоиштаю саодатро ато намуд…
Бо талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти солҳо он ҳама душвориҳо паси сар гаштанду Тоҷикистони азиз ба сарзамини сулҳ табдил ёфт.
Маҳз натиҷаи ин ваҳдати бебозгашт аст, ки эътибору мартабаи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ боло рафт ва имрӯз Тоҷикистон ба макони баргузории чорабиниҳои бузурги сатҳи байнидавлатӣ, ҳамоишҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ, чорабиниҳои муҳими фарҳангиву мусобиқаҳои сатҳи баланди варзишӣ, макони ташрифи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ва боз дигар чорабиниҳои азим мубаддал гаштааст.
Дар тули 33 соли сипаришуда дар кишвар тағйироти куллӣ ба амал омад. Дар маҷмуъ, маҳз сулҳу субот, ваҳдати комили миллӣ, якдигарфаҳмию хиради азалии мардуми тоҷик имкон дод, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат ислоҳоти бовусъату фарогир роҳандозӣ карда шавад.
Имрӯз ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои олам гардидааст. Дар мавриди аҳамияти сулҳи тоҷикон ҳанӯз соли 2000-ум сарвари Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил В. Кратов дар шаҳри Душанбе зикр намуда буд: «Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман, дар тули панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».
Аммо, набояд фаромӯш кард, ки имрӯз дар раванди шадиди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди назарҳо зуҳури баъзе омилҳои номатлуб метавонанд ба фарҳанги бесобиқаи сулҳу ваҳдати мо халал ворид созанд. Аз ин рӯ, ин неъмати бузургро ҳамеша чун гавҳараки чашм ҳифз намудан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз он шукргузор бошанд, ки дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд ва миллати сарбаланду соҳибтамаддун ва Ватани ободу мустақил доранд.
Фирӯза АБДУЛЛОЕВА