Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дардошнои мардум
ТандурустӣБа таърихи рушди соҳаи тиб назар афканда, эҳсос менамоем, ки дар ин ҷода шахсиятҳое арзи вуҷуд доранд, ки фаъолияти бисёрсолаи онҳо на танҳо соҳаи тибро равшан намудааст, балки бо амалу фаъолияти босамари хеш дар тақдири ҳазорон-ҳазор инсонҳо нақши муассир гузоштаанд. Аз ҷумла, чеҳраи намоёну бонуи самимӣ, зани отифаву солеҳа, инсоне, ки тамоми вуҷудашро баҳри пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим бахшидааст, Биумия Арабова аст, ки бо амали собитқадамона дар дилу дидаи мардум мақом ёфт.
Биумия Арабова парвардаи деҳаи Ашти ноҳияи Ашт буда, 12-уми июни соли 1956 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Падараш Арабҷон Қулматов (писари мулло Қулмат, мударриси шаҳри Қӯқанд) солҳои 30-юми асри гузашта Донишгоҳи шаҳри Тошкандро тамом кардааст. Модараш Раҳбарой Шарифова омӯзгори мактаби деҳа буд. Дар ҳамон солҳо, то Инқилоби Октябр ва баъд аз он ҳам оилае, ки Биумия ба воя расид, оилаи илмдӯсту фарҳангпарвар маҳсуб меёфт.
Бародаронаш Нозирҷон Арабзода олими сатҳи ҷаҳонӣ, доктори илми фалсафа, профессор, Ғайратҷону Умарҷон низ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, дар зинаҳои роҳбарӣ фаъолият намудаанд. Байни духтарон танҳо Биумия соҳаи тибро ихтиёр намуд. Хоҳаронаш Ҳарифаю Назмия омӯзгоранд.
Шояд таъсири оила бошад, ки аз хурдсолӣ дар вуҷуди ноздонаи хонадон Умиябонуи хурдсол як шуълае дурахшон буд, ки ӯро ба сӯи камолот, сӯи амалӣ намудани орзуҳои худ ҳидоят мекард. Дар ҳақиқат он солҳо дар деҳа ба маркази кишвар – шаҳри Душанбе барои идомаи таҳсил кам дар кам духтарон сафар мекарданд. Биумия, ки аз овони хурдсолӣ орзуи пизишк шуданро мекард, соли 1972 мактаби миёнаи №1-и ба номи Умари Хайёмро хатм намуда, барои идомаи таҳсил ба пойтахт омад. Ҳамон сол ба факултаи муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд. Ӯ мекӯшид, ки вақти пурқимати худро зоеъ нагузаронад.
Соли 1979 пас аз хатми интернатура фаъолияти кории худро дар таваллудхонаи вилоятӣ ҳамчун духтури акушер-гинеколог оғоз бахшид. Аз ҳамон вақт то ин дам Биумия Арабова аз пайи муолиҷаи занон буда, барои онҳо на танҳо табиб, балки аз ҳар ҷиҳат такягоҳи рӯҳии онон низ ҳаст.
Ӯ тӯли 20 сол дар вазифаи мудири шуъбаи амрози занона фаъолият бурд. Духтури дараҷаи олӣ, узви Ҷамъияти акушер-гинекологҳои ҷумҳурӣ буда, аз таҷрибаи корӣ-касбии табобатгоҳҳо ва марказҳои илмии соҳаи момодоягии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Миср, Ҳиндустон, ИМА, Олмон ва Туркия таҷрибаи корӣ андӯхтааст. Аз устодону ҳамкорони соҳа Марҳамат Сайдуллоева, Ёқутхон Муҳиддинова, Шарафнисо Дадобоева, Санавбар Азизова, Насиба Ёқубова, Гулнора Розиқова, Гулнора Муъминова, Дилрабо Эшматова, Наимахон Ғаффорова, Сабоҳат Мирзоева сеҳри касб омӯхтааст.
Яке аз устодони номвари Биумия Арабова Марҳамат Сайдуллоева буда, дар бораи дониши баланд, истеъдоди нодири ин пизишки ҳушманд чунин изҳор намуд:
— Биумия Арабова яке аз шогирдони нотакрори банда ба шумор меравад. Аз рӯзи аввали фаъолият дар таваллудхонаи вилоятӣ худро ҳамчун мутахассиси хуб, дорандаи заминаи аълои назарияи соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ нишон дод. Дар назари аввал, солҳои нахуст ҳамчун духтари шармгину дурандеш ва хеле хоксор ба назар менамуд. Вале, дар ҷараёни кори табибӣ аён гардид, ки дар баҳсу мунозираҳои тиббӣ-муолиҷавӣ қавӣ буда, далелҳояш заминаи ҷиддии илмию амалӣ доштанд.
Қабули беморон, суҳбатҳо бо бонувон, муоинаи бемор, тарзи табобат ва тавсияҳои муолиҷавии ӯро мушоҳида намуда, зарур донистам, ки барои духтури таҷрибадор ва табиби ҷарроҳ шудани ӯ ҳамчун устод раҳнамо бошам. Дар раванди корӣ ба ӯ ҳамаи намудҳои ҷарроҳии бемориҳои занонаро омӯзондам. Биумия, ки дониши хуби назариявӣ, қобилияти хуби дарккунӣ ва зеҳни волои интеллектуалӣ дорад, гуфтаву нишондодҳоро дар як он иҷро менамуд. Аз ин рӯ, дилгармӣ ба касби пешанамуда буд, ки ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба сатҳи духтурони номдори вилояти Суғд расид.
Бале, мардум гавҳаршиносанд. Маҳорат, истеъдод ва қобилияти хуби Биумия Арабоваро ба инобат гирифта, пайваста дари ӯро мекӯфтанд. Меҳнати босамар ва маҳорати баланди касбӣ ӯро соҳибэҳтиром гардондаанд. Ифтихори устодӣ аз чунин шогирд дорам. Бале, Умия Арабова аз қабили мутахассисони нодирест, ки дар соҳаи акушерӣ ва амрози занона тамоми умри худро барои саломатии зан-модар сарф карда, ба комёбиҳо мушарраф шудааст....
Шогирдонаш Санавбар Азизова, Насибахон Ёқубова, Дилрабо Эшматова, Наимахон Ғаффорова ва чанде дигарон имрӯз бо устоди худ фаъолияти босамар доранд.
Барои хидматҳои шоён Умия Арабова бо чандин ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардидааст. Ӯ табиби дараҷаи олӣ буда, бо медали «Хизмати шоиста», нишони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр шудааст.
Биумия Арабова бо ҳамсари ҳаётиаш соҳиби се фарзанду ҳашт набера гардидаанд. Ҳамсарашон Нодирҷон Солиҷонов собиқадори хизмати давлатӣ, дорандаи медали «Хизмати шоиста» буда, дар вазифаҳои гуногун заҳмат кашидааст. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати сеюм мебошад.
Фарзандони онҳо Шуҳратҷон ҳуқуқшинос, корманди масъули Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умедахон иқтисодчӣ, сармуҳосиби «Бонки рушди Тоҷикистон», Зебохон пайрави модар буда, дар кишвари Олмон фаъолият дорад.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Хуҷанд
Мубодила:
Шарҳҳо










