Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
РИСОЛАТЕ БОЛОТАР АЗ КАСБ
ТандурустӣДар ҷодаи табибӣ дониш ва маҳорати касбӣ муҳиманд, аммо барои наҷоти ҷони инсон инҳо басанда нестанд. Касби пизишкӣ, пеш аз ҳама, садоқат, масъулият ва инсондӯстиро тақозо мекунад. Зиндагӣ ва фаъолияти директори Маркази саломатии репродуктивии ноҳияи Нуробод Шаҳристон Шокирова намунаи равшани ҳамин рисолати пуршараф аст. Беш аз понздаҳ сол аст, ки ӯ донишу таҷриба ва неруи худро ба ҳифзи саломатии модарон бахшидааст.
Дар ноҳияи Нуробод ӯро ба хубӣ мешиносанд. Барои садҳо модаре, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ аз ёрии ӯ баҳраманд шудаанд, ӯ на танҳо табиб, балки такягоҳи боэътимод ва мояи умед аст.
Роҳи Шаҳристон ба ин пеша аз як ҳодисаи талхи кӯдакӣ оғоз ёфт. Ҳанӯз дар синфи панҷум мехонд, ки ҳамсари амакаш ҳангоми таваллуди хонагӣ аз олам чашм пӯшид ва чор кӯдакаш ятим монд. Ин воқеаи фоҷиабор дар қалби духтараки кӯчак нақши амиқ гузошт. Ҳамон рӯз аҳд кард, ки табиб мешавад, то дигар ҳеҷ модаре бо сабаби набудани ёрии тиббӣ ҷони худро аз даст надиҳад.
Амалӣ гардидани ин орзу осон набуд. Солҳои ҷавониаш ба давраи душвори кишвар рост омад. Он айём бисёри зодмандон намехостанд духтаронашон барои таҳсил аз хона дур раванд. Аммо иродаи қавӣ ва муҳаббат ба касби интихобкардааш ӯро аз роҳ нагардонд. Пас аз хатми Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино идома дода, баъди хатми интернатура соли 2011-ум ба ноҳияи Нуробод баргашт ва роҳбарии Маркази саломатии репродуктивиро бовараш карданд. Шаҳристон Шокирова аз аввалин духтарони кӯҳистони Нуробод буд, ки тавассути квотаи Президент соҳиби таҳсилоти олии тиббӣ гардид.
Аммо тақдир ӯро танҳо дар пешаи табибӣ наозмуд. Зиндагӣ барояш имтиҳони вазнини дигар шуд. Ҳамон соле, ки ба ноҳия баргашт, модараш аз олам даргузашт. Ба дӯши ӯ тарбияи панҷ бародару чор хоҳар вогузор шуд. Ӯ ҳам вазифаи модарро иҷро мекарду ҳам хоҳари калонро.Имрӯз ҳамаи онҳо мустақиланд. Писарон соҳиби маълумоти олии омӯзгорӣ ва духтарон дорои маълумоти олии тиббӣ гаштанд. Ба гуфтаи бону Шаҳристон, бузургтарин мукофоти зиндагӣ хушбахтии бародарону хоҳаронаш аст, ки онҳоро мисли фарзандони худ ба камол расондааст. Тавре иброз намуд, бародару хоҳарони бузургаш ӯро апа ва хурдиҳо модар унвон мегиранд.
Имрӯз Маркази саломатии репродуктивии ноҳияи Нуробод ба 15 ҳазору 688 нафар занони қобили таваллуд хидмати тиббӣ мерасонад. Дар Марказ занони ҳомила таҳти назорати доимӣ қарор гирифта, гурӯҳҳои хавф муайян мешаванд. Машваратҳои тиббӣ, таъмини воситаҳои муосири банақшагирии оила ва корҳои густурдаи фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ мунтазам роҳандозӣ мегарданд. Ҳамчунин, барои ҷавонону наврасон семинару вохӯриҳо доир мешаванд, ки онҳо ба баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ боисанд.
Ба иттилои роҳбари Марказ, айни замон 978 нафар бо камхунӣ, 892 нафар бо бемориҳои гурда, 974 нафар бо ҷоғар, 422 нафар бо варикози рагҳо, 88 нафар бо бемориҳои рӯдаву меъда, 21 нафар бо бемории сил, 8 нафар бо диабети қанд ва як нафар бо бемории дил таҳти назорати доимии табибони онҳо қарор доранд.
Самараи фаъолияти пайгирона имрӯз равшан эҳсос мешавад. Солҳои охир дар ноҳияи Нуробод фавти модар ба қайд гирифта нашудааст. Агар солҳои пеш аксари таваллуд дар хона сурат мегирифт, соли 2025 ҳамагӣ 14 ҳолати таваллуди хонагӣ ва дар шаш моҳи аввали соли равон 6 ҳолат сабт шудааст, ки ҳамаи онҳо таҳти назорати кормандони тиб анҷом ёфтаанд. Ба қавли бону Шаҳристон, сохтмону азнавсозӣ, беҳтар гардидани роҳҳои мошингард ва дастрасии бештари аҳолӣ ба муассисаҳои тиббӣ аслан дар коҳиши чунин ҳолатҳо нақши назаррас доранд.
Дар фаъолияти ҳар як шахс рӯйдодҳое ҳастанд, ки бо сипарӣ шудани солҳо аз хотир зудуда намегарданд. Барои бону Шаҳристон яке аз чунин шабҳо, зимистони сарди соли 2012-ум буд.Нисфи шаб занги телефон хомӯшии шабро шикаст. Дар деҳаи дурдасти Зоруни деҳоти Муҷихарф зане пас аз таваллуди хонагӣ ба хунравии шадид гирифтор шудааст ва ҳар лаҳза метавонист ба фоҷиа анҷом ёбад. Берун барфи баланд, сармои сангин ва роҳҳои душворгузар буданд. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳамроҳи ҳамкоронаш бе дудилагӣ роҳи деҳаро пеш гирифт. Пас аз соатҳои пуризтироб ба назди бемор расиданд ва бо расондани ёрии таъҷилии тиббӣ ҷони модарро аз марг раҳо карда, ба беморхонаи марказӣ оварданд. Он шаб барои ӯ бори дигар собит сохт, ки либоси сафеди табиб танҳо нишони касб нест, балки рамзи умед барои инсоне аст, ки миёни маргу зиндагӣ қарор дорад.
Дар баробари рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ, маърифати тиббии сокинони ноҳия низ ба маротиб боло рафтааст. Ба гуфтаи бону Шаҳристон, солҳои аввали фаъолияташ баъзе занон ҳатто санаи таваллуди худро намедонистанд ва синну соли худро бо фаслҳои сол муайян мекарданд. Имрӯз бошад, аксари онҳо аҳамияти назорати ҳомиладорӣ, риояи фосилаи байни таваллуд ва истифодаи дурусти воситаҳои банақшагирии оиларо хуб дарк месозанд.
Дар ноҳияи Нуробод, ки замоне ҳатто як акушер-гинеколог набуд, имрӯз нуҳ нафар чунин мутахассис ба мардум хидмат мерасонад. Ин пешрафт самараи сиёсати давлат дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил барои духтарони ноҳияҳои дурдаст мебошад.
Орзуи бону Шаҳристон самимӣ ва инсонпарварона аст: — Дар Тоҷикистон дигар ҳеҷ модаре аз сабаби ҳомиладорӣ ё таваллуд ҷони худро аз даст надиҳад ва ҳар духтари деҳоти дурдаст имкони таҳсилу соҳибкасб шуданро пайдо намояд.
Рӯзгори Шаҳристон Шокирова исбот месозад, ки маҳз чунин бонувони соҳибрисолат бо дониш, муҳаббат ва садоқати худ эътибори табибонро боло бурда, барои ҳифзи арзишмандтарин неъмати зиндагӣ — ҳаёти инсон шабонарӯзӣ хидмат мекунанд.
Сабрина САФАРОВА,
ноҳияи Нуробод
Мубодила:
Шарҳҳо










