Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҷарроҳ ва ташхисгари фаросадои асаб
ТандурустӣДар Тоҷикистон ӯ ягона ихтисосмандест, ки ба ташхиси фаросадои (ултрасадои) системаи асаб машғул аст ва ноҷӯриҳои онро ба духтурони асабшинос аён менамояд. Ин раванди кор дақиқ буда, табибон нуқтаи асосиро табобат ва муҳлати шифоёбии беморро кӯтоҳ менамоянд…
Аз ин навгонӣ огаҳӣ ёфта, суроғи ин табиби ҷавон шитофтам. Маълум гардид, ки ӯ дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» ва ҳам Маркази тиббии «Диамед» фаъолият менамояд. Вақти суҳбатро аниқ карда, раҳораҳ оид ба фаъолияти ҷарроҳ ва мутахассиси фаросадои асаб меандешидам. Ӯро духтари бисёр хоксор ва меҳрубон дарёфтам. Маълум гардид, ки воқеан вай дӯстдори касби худ асту доим пайи пешааш дар ҷустуҷӯст. То ба ин сатҳ расидан, вай зиёд заҳмат кашидаву нозукиҳои пешаро аз худ кардааст.
Ӯ аз замони наврасӣ ба касби модар дил бохт. Фориғ аз дарсҳо роҳаш танҳо як сӯ буд, беморхонае, ки модар он ҷо ба дардмандон даво мебахшид. Бо нигоҳи пур аз шафқату дардошно ба маризон менигарист ва қарор дод, ки духтур мешавад. Вай эҳсос мекард, ки табиб будан, яъне масъул будан ба давобахшии бемор аст. Ба мафҳуми табиб будан хуб сарфаҳм рафта буду баҳри ба мақсад расидан талош меварзид.
Азиза Алиева яке аз хонандагони пешқадами Гимназияи № 74-и шаҳри Душанбе буду онро соли 2015 бо медали тилло хатм намуд. Дар кушодашавии МТМУ № 100-и пойтахт суҳбате бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дошт, ки баҳри таҳсили минбаъдааш муваффақият хоста буд. Боварии Сарвари давлат ба ӯ неруву тавоноӣ бахшид, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо дипломи сурх поён бурд. Метавон ӯро ҷамъоварандаи дипломҳои сурх номид, чун Азиза ординатураро дар факултети ҷарроҳии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия (РУДН) бо дипломи сурх хатм намудааст. Дар баробари дарсҳои назариявӣ дарсҳои амалиро онҳо дар Гертсен - филиали Муассисаи давлатии буҷети федералии «Маркази миллии тадқиқотии тиббӣ»-и Вазорати тандурустии Россия, ки аввалин беморхонаи саратоншиносӣ дар Россия аст, гузарондаанд.
Ҷавоне ҷарроҳ
Ҷарроҳ яке аз касбҳои душвортарини соҳаи тиб буда, аз шахс масъулияти бузургро талаб мекунад. Табиби ҷарроҳ дар баробари асабхастагӣ, ҳамчунин фаъолияти доимии ҷисмонӣ дорад. Мувофиқи маълумоти таҳқиқгарон, ҷарроҳон дар як сол дар саросари ҷаҳон зиёда аз 300 миллион амалиёти ҷарроҳӣ анҷом медиҳанд.
Азиза ҳанӯз аз курси аввали донишҷӯӣ оид ба пешаи ҷарроҳӣ меандешид. Ҳарчанд ҳамсабақон ба ӯ мегуфтанд, ки ин касби занона нест, ӯ интихобашро иваз накард. Аз курси 3–4-ум ба амалиёти ҷарроҳӣ медаромаду ба кори устодон зеҳн мемонд. Вале дар Москва устодон гузарондани ҷарроҳиро ба шогирдон вогузор мекарданду худ назорат мебурданд. Ҷарроҳии ангушт аввалин кори Азиза буд, ки бобарор анҷом ёфт. Устодон ба донишу истеъдоди гулдухтари тоҷик бовар намуда, замоне то се рӯз навбатдории беморхонаро ба уҳдааш гузоштаанд.
Ҷарроҳӣ бидуни буриш
Пешрафти технологияи муосир ба табибон низ имкон дод, ки роҳҳои қуллай ва беосебро ба беморон роҳандозӣ намоянд. Яке аз ин усулҳои пешрафта амалиётҳои ҷарроҳии миниинвазивӣ (малоинвазивная хирургия) аст, ки Азиза Алиева мутахассиси ин самт аст. Ин намуди ҷарроҳӣ бидуни буриш ва мадҳушсозӣ гузаронда мешавад. Ҷарроҳиҳо тавассути рагҳои хунгард ё сӯрохиҳои хурде анҷом дода мешаванд, ки ин намуди ҷарроҳӣ нисбат ба ҷарроҳии анъанавӣ зуд шифо меёбад.
Тибби муосири ҷаҳон ба чунин усулҳои ташхис ва муолиҷа рӯ овардааст ва ин табиби ҷавон саъй дорад, ки дар Тоҷикистон низ усули мазкур рушд намояд. Вай ба он назар аст, ки аксари табибон ҳанӯз бо усулҳои пешин кор мекунанду чунин навгониҳоро қабул надоранд.
Усулҳои нави ҷарроҳӣ пайваста дар инкишоф асту моро зарур аст, ки онро пайгирӣ намуда, малакаҳои нави касбиро омӯзем. Мехоҳам тамоми ҷарроҳони кишвар аз ин навгониҳову пешравиҳо огоҳ бошанду маҳорату малакаи пешрафтаи якдигарро қабул созанд, - иброз дошт табиби ҷавон.
Азиза модарро улгуи зиндагии худ медонад ва тамоми дастовардҳои худро ба модар мебахшад. Бародари ягонааш ба ӯ пайравӣ намуда, мактабро бо медали тилло хатм кард ва мехоҳад дандонпизишк шаваду ба ниёзмандон дасти мадад расонад.
Вай бо ҳисси хушнудӣ иброз дошт, ки ҳар боре ба ҷарроҳӣ медарояд, пеш аз ҳама, дар мавриди сиҳатии бемор меандешаду бо боварӣ корро шуруъ менамояд. «Бисёр хушоянд аст, вақте дастони ту, ҳунару малакаи ту сабаб мешаваду нафаре аз дарду ранҷ раҳо мегардад», – мегӯяд ӯ…
Мо симои як ҷавони рушдкардаи замони соҳибистиқлолии кишварро дар ақидаи донишманди тоҷик, Муҳаммад Закариёи Розӣ мебинем, ки гуфтааст:
Касе, ки худро ба хизмати тиб мебахшад, аввало бояд босаводу фурӯтан ва мардумдӯст, бомулоҳиза ва дурандеш бошад. Мақсади ҳалли ҳар масъаларо комилан бифаҳмад. Табиби накуманиш дорои ахлоқи ҳамидаву шоиста буда, ҳавоси хешро ром мекунад, аз пулпарастиву мансабҷӯйӣ рӯ метобад. Бар замми ин, ӯ бибояд шифогари закию доно бошад.
Фарзона ВОСЕЕВА