Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳини ҳассосият чӣ бояд кард?
ТандурустӣИмрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки бемориҳои ҳассосият, ки аллергикӣ мегӯянд, афзуда, ба пӯст таъсири манфӣ мерасонанд ва зебоии бонувонро коҳиш медиҳанд. Ҳассосият аксуламали патологии системаи масуният аст, ки дар он бадан моддаҳоеро, ки барои аксари одамон бехатаранд, вазнин мешуморад. Ин метавонад ғизо, гулобӣ, пашм, хок ва ғайра бошад. Ҳангоми тамос бо аллерген, пӯст, роҳи нафас ё дигар аксуламал ба амал меояд, ки дар баъзе ҳолатҳо метавонад ба ҳаёти инсон хатар эҷод намояд.
Бемориҳои хусусияти ҳассосиятдошта тақрибан дар 30 дарсади одамон мушоҳида мегарданд. Ба ин беморӣ, асосан, сокинони бузургшаҳрҳо ва марказҳои бузурги саноатии дорои дараҷаи баланди ифлосшавии ҳаво мубтало мегарданд. Кӯдакон ба ин беморӣ бештар дучор гашта, мардҳо ва занони калонсол низ аз ин маризӣ азият мекашанд. Вобаста ба ин мавзуъ бо ассистенти кафедраи аллергология иммунологияи Маркази миллии ташхису таҳлил Моҳидил Акбарова суҳбат анҷом додем.
Аломатҳои ҳассосиятро чӣ гуна метавон пай бурд?
Нишонаҳои маъмултарини ҳассосият сурхшавии пӯст, хориш ва сулфа, оби чашм, сурхшавии чашм ва бинии пуроб аст. Зуҳуроти аз ҳама хатарноки ҳассосият ангиодэма ва зарбаи анафилактикӣ маҳсуб меёбанд.
Чӣ гуна метавон дарк кард, ки дучори ҳассосият шудаем?
- Ягона роҳи боэътимоди муайян кардани он, ба аллергенҳои мушаххас ҳассосияти баланд дорад ё не, таҳлил аст. Аввалин коре, ки барои бартараф намудани ҳассосият бояд иҷро шавад, ин риоя кардани парҳез аст.
Кадом вақти сол ҳассосият метавонад хуруҷ намояд?
- Аллергия метавонад дар чор фасли сол рух диҳад, аммо барои бисёр одамон, авҷ гирифтани беморӣ мунтазам дар мавсими гармо – баҳор, ҳангоми гардолудшавии гулҳо ва тобистон рух медиҳад. Дар ин давра рустаниҳо мешукуфанд ва мева медиҳанд, кӯча чанг мешавад, аз гулҳо аллергия ба амал меояд, ки номаш поленоз аст. Илова бар ин, баъзан аллергия дар тирамоҳ шадидан эҳсос мешавад, зеро ҳавои хунук низ метавонад ҳамчун аллерген амал кунад.
Ҳангоми ҳассосият аз усулҳои ороишӣ ё худ косметика истифода бурдани бонувон то чӣ андоза дуруст аст?
- Аз лавозимоти ороишӣ, аз қабили упо, малҳам ва дигар маҳсулоти ба ин монанд, ки бевосита ба пӯст барои ниҳон кардани камбудиҳои рӯй истифода мешаванд, худдорӣ бояд варзид.
Ба нафарони дорои ҳассосият, кадом ғизоҳо зарароваранд?
- Ҳини ҳассосият аз тухм, машруботи спиртӣ, гӯшти мурғ, шири гов, шоколад, моҳӣ, меваҳои ситрусӣ, қулфинай, ангур, ананас, харбуза, хурмо, анор, қаҳва, какао, чормағз, асал, занбурӯғ ва дигар ғизоҳое, ки дар таркибашон барангезандаҳо доранд, дурӣ бояд ҷуст. Аммо зикр бамаврид аст, ки системаи иммунии ҳар шахс ба таври инфиродӣ ташаккул ёфтааст ва баъзе аз ғизоҳо метавонанд ба ҳар кас таъсири ҳархела расонанд.
Ҳассосият чӣ хатаре дорад?
- Хатари асосӣ ин доғҳои дар пӯст пайдошаванда мебошад, ба шуш, рӯдаҳо ва роҳҳои ихроҷи гурдаҳо таъсир мерасонад.
Чаро ҳассосият шабона хуруҷ мекунад?
- Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи гистамин ба соати биологии мо ё ритми сиркадианӣ пайравӣ мекунад. Сатҳи гистамин тақрибан, вақте ки одатан хоб кардан мехоҳем, баланд мешавад ва нишонаҳои аллергияро бадтар мекунад. Аллергия бештар аз хӯрок ва дору ба вуҷуд меояд.
Чӣ бояд кард, агар доруҳои аллергия вуҷуд надошта бошанд?
- Қабули ҳаммом бо гиёҳҳои оромбахш ва шифобахш (бобуна) ба кас сабукӣ меоранд. Пас аз оббозӣ ба пӯсти осебдида сабр (алоэ) ё равғани зайтун молидан мувофиқ аст. Ҳангоми атса задан, бинӣ сероб ва хоришдор мегардад, дар ин ҳолат шустани бинӣ муҳим мебошад.
М. БАЛАҶОНОВА