БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳолати шифохонаҳои шаҳри Ваҳдат

Тандурустӣ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи замон роҳандозӣ гардидааст. Дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,3 сол расидааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 1990 ба 70,1 сол баробар буд. Баҳри беҳтар намудани шароити мусоид барои ташхису табобати шаҳрвандон корҳои назаррасе ба анҷом расонда шуда, шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат зиёд гардидааст.

Дар ин давра бунёд ва ба истифода додани садҳо биноҳои хуштарҳу замонавии соҳаи тандурустӣ худ далели рушди соҳаи тандурустии мамлакат мебошад. Агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошт, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин шумора ба 5116 расидааст…

Дар соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат 2668 нафар барои беҳгардонии саломатии мардум заҳмат мекашад, ки аз он 480 нафарро табибон ташкил медиҳанд. Онҳо ба 377824 нафар аҳолии шаҳру деҳот хизмати шабонарӯзӣ мерасонанд. Таҷрибаи баланди касбӣ, муносибати хуби табибонро дониста, баъзе беморони ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Файзобод, шаҳрҳои Роғун ва Норак давои дарди худро маҳз ба эшон бовар мекунанд. Чун шаҳри Ваҳдат ҳамсояшаҳри Душанбе асту аз навгониҳову пешравиҳои соҳаи тандурустӣ огоҳ аст, диққати сокинони кишварро ба худ ҷалб менамояд.

Дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат шуъбаҳои ташхисию табобатии статсионарӣ, шуъбаи қабули беморон, шуъбаҳои ёрирасониҳои тиббӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ, нуқтаи шикастабандӣ, шуъбаи паталогоанатомӣ бо маитгоҳ ва 6 беморхонаи рақамдори минтақавӣ ба аҳолӣ хизмати ташхисию табобатӣ мерасонанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Ваҳдат беҳ гардида, муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ, молҳои тиббию доруворӣ дастрасӣ пайдо намуданд. Дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат тамоми шароит барои табобати беморон фароҳам аст. Бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ айни замон дар мамлакат Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди амал қарор дорад. Қабул ва мавриди амал қарор додани даҳҳо барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳавӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин бахши муҳим дарак медиҳад. Чи тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд, зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд». Бо ин мақсад мо саъй мекунем, ки доим аз пешравӣ ва навгониҳои соҳаи тиб огоҳ бошему дар солимии ҷомеа саҳм гирем, - мегӯяд сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Фирӯз Шарипов.

Замони соҳибистиқлолӣ ба бонувони кишвар имкон дод, ки баробари мардон дар ҷомеа саҳм бигиранду бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубро боз ҳам ободу зебо гардонанд. Хурсандибахш аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии бонувону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Ҳоло аз шумораи умумии табибон дар соҳаи тандурустӣ 71 фоизро занон ташкил медиҳанд.

 Дар 6 моҳи соли 2024 муассисаҳои тиббии шаҳри Ваҳдат 5408 бонуи ҳомиларо ба қайд гирифтанд, ки онҳо таҳти назорати доимии момодояҳо, ҳамшираҳои минтақавӣ, табибони оилавӣ ва дояпизишкон қарор доранд. Самти бақайдгирии саривақтии беморон, таҳлилу ташхисгузаронӣ, муолиҷаю солимгардонӣ, пешгирии беморӣ, гаштҳои хонагӣ ва хизматрасонӣ ба нафарони имтиёздошта хубтар ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷониби кормандони мо оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ, назорату ғизодиҳии кӯдакон ва таъмини эмгузаронии бефосилаи онҳо, танзими оила ва монанди инҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. Ҳар ҳафта тибқи реҷаи тартибдодашуда рӯзи чоршанбе дар марказҳои саломатии деҳот мутахассисони шуъбачаи КАТС (Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ) вазъи саломатии аҳолии минтақаро ройгон муоина намуда, маслиҳатҳои муфид медиҳанд, - мегӯяд Сайёд Абдуназаров, роҳбари шабакаи КАТС-и шаҳри Ваҳдат.

Дар ин росто маълум гардид, ки дар ин самт корҳои назаррасе идома дошта, барои сокинони ин гӯшаи диёр шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Айни ҳол сохтмони муассисаҳои тиббӣ дар деҳаҳои аз шаҳр дур дар ривоҷ аст. Барои мисол, корҳои сохтмонӣ дар Маркази саломатии «Меҳрбахш»-и деҳоти Р. Исмоилов, бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Сорво ва Лошхарфи Ҷамоати деҳоти Ромит, бунгоҳи саломатии деҳаи Ғалчагии Ҷамоати деҳоти Чору ва дигар ҷамоатҳо бомаром идома доранд.

 «Саломатии миллат боигарии давлат аст», - ин нуктаи муҳиму тақдирсоз аз таъкидҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад. Дар робита ба ин, метавон хулоса кард, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфта, дар самти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ гомҳои устувор гузошта мешаванд.

Фарзона ВОСЕЕВА,

Душанбе - Ваҳдат - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон