Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Табиби ширинзабон
ТандурустӣПушти дараш корафтодагони зиёде ҷамъ омадаву ҳамагӣ хоҳиши танҳо ба назди ӯ даромаданро доштанд, агарчи теъдоди табибони дандонпизишк дар ин марказ кам набуд. Вақте аз чанде бемор пурсидам, чаро маҳз назди ӯ даромадан мехоҳанд? Ҳамагӣ як посух доштанд: «Табиб Гулҷаҳон дар баробари мутахассиси хуб будан, бениҳоят ширинзабон аст. Аз ин рӯ, мехоҳем, ки ба дарди дандонҳоямон ӯ дармон бахшад».
Баробари ворид шудан ба ҳуҷраи кориаш, ӯро андармони кор дарёфтем. Бо вуҷуди мизоҷ доштанаш, имкон пайдо карда, оромонаву малеҳона ҳамроҳам суҳбат мекард. Чун аз маҳбубият ва маҳз ширинзабониаш дар назди мизоҷони пушти дараш истода гуфтам, бо лаҳни ширин лаб кушод:
«Табиб бояд дасти навозишкор, дили пок, чеҳраи кушода, забони хуш дошта бошад ва дарк намояд, ки ҳамаи ин тавъам бо доруву даво ба таъҷилан шифо ёфтани бемор мусоидат менамояд».
Гулҷаҳон мактаби миёнаро бо баҳои аъло ба итмом расонда, шомили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мешавад. Агарчи ӯ худ хоҳиши рӯзноманигор шуданро дошт, бо хоҳиши падару тавсияи амакаш пешаи табибиро интихоб намуд. Замони донишҷӯӣ аллакай дилбохтаи касби хеш гардид. Донишгоҳро бо ихтисоси табиби дандонпизиш хатм кард. Аз соли 2007 фаъолияташро оғоз бахшида, то ин муддат дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» фаъолият дорад. Алҳол ӯро яке аз дандонпизишкони номвари кишвар меҳисобанд.
Чӣ гуна метавон дандонҳоро ҳифз кард, ки осеб набинанду то ба кандан оварда нарасонад?
Барои хуб нигоҳубин кардани дандонҳо, қабл аз ҳама, гигиенаи дандонҳоро бояд риоя кард. Аз 2–3-солагӣ дандонҳоро дар як шабонарӯз 2 маротиба, субҳ пас аз наҳорӣ кардан ва шаб пеш аз хоб бишӯем. Инчунин, ба хамираи дандоншӯӣ диққати махсус мебояд дод. Чунки таркиби хамираҳои дандоншӯӣ аз микроэлементҳои калсий, магний, фосфору фтор ва оҳан бой буда, баҳри пешгирии бемориҳои дандон нақши муҳим мебозанд, - мегӯяд Гулҷаҳон Саидова.
Ба қавли ӯ, дар баробари тозагӣ, ҳамчунин, ба хӯрду хӯрок низ мебояд аҳамияти ҷиддӣ дод, зеро истеъмоли ғизои нодуруст яке аз сабабҳои асосии пайдоиши бемориҳои дандон ба шумор меравад. Дар сурати хуб будани беҳдошти ковокии даҳон ва истеъмоли ғизоҳои сервитамин, дандонҳо ба бемориҳо камтар гирифтор шуда, талаф намеёбанд. Азбаски витамини калсий барои солимӣ ва мустаҳкамии дандон мусоидат менамояд, мебояд ширу ҷурғот, творог, панир ва меваю сабзавотро бештар истеъмол кард.
Фаромӯш набояд сохт, ки дар сурати ҷой доштани бемориҳои узвҳои даруна, истеъмоли калсий низ фоидаи хешро ба дандонҳо расонда наметавонад. Аз ин рӯ, қабл аз ҳама, беморро зарур аст, ки аввалан меъдаву талха ва рӯдаҳояшонро табобат намоянд. Чунки паразитҳое, ки дар дохили рӯдаҳо ҳастанд, тамоми витаминҳоро фурӯ мебаранд. Ин боиси осеб дидану ба ҳар гуна бемориҳо мубтало гардидани дандонҳо мегардад. Як ҳолате ҳам давоми фаъолияти корӣ ба амал омада буд. Беморе доштам, ки дандонҳояшро табобат кардам, вале ҳеҷ ҳамон бӯйи даҳонаш нест намешуд. Бемор мегуфт аз меъда ҳам шикояте надорад. Вақте ба назди табиб барои ташхис равон кардам, маълум гардид, ки меъдаву рӯдаҳояш касал будаанд, - мегӯяд дандонпизишк.
Яке аз роҳҳои дигари бемор шудани дандонҳоро ӯ дар пайдоиши ҷоғар мебинад, зеро вақте бемории ҷоғар дар инсон ба амал меояд, ӯ зуд-зуд асабӣ мешавад. Ҳолати руҳонияти бемор ба дандонҳояш таъсир мегузорад. Баъдан, резиши мӯйи сар ба амал омада, чашмҳо хира мегарданд. Ҳормонҳо низ дар ин ҳолат дуруст кор намекунанд ва боиси калон шудани ғадуди сипаршакл (ҷоғар) мегардад. Аз ин рӯ, табиб тавсия медиҳад, ки дар мадди аввал бояд ба табиби эндокринолог муроҷиат карда, сабабу омилҳои сар задани бемориро дақиқ кард ва пасон, ба табобати дандонҳо шуруъ намуд.
Гулҷаҳонбону мегӯяд, дандонҳо ҳам мисли гул парвариш мехоҳанд. Аммо аз чӣ бошад, ки аксар мардуми мо нисбат ба дандонҳояшон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Ба назди табиб танҳо дар ҳолати дардманд шудани дандонҳояшон меоянд.
Барои ҳамеша солим будани дандон ва пешгирӣ намудан аз ҳар гуна бемориҳо, ҳар шахсро зарур аст, ки дар як сол ду маротиба ба духтури дандонпизишк муроҷиат карда, муоинаи тиббиро гузашта, солимии дандонҳояшро ҳифз намояд. Вагарна, ба бемориҳои кариес, пулпит ва периодонтит мубтало мегардад. Бемории нахустине, ки дар дандон пайдо мешавад, кариес аст, ки бедард буда, дар дандон нуқтаи сиёҳе намоён мегардад. Бисёриҳо ба ин аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, ки дар натиҷа бемории кариеси дандон калон шуда, ба асаби дандон наздик мешавад ва ин боиси ба амал омадани бемории пулпит мегардад. Танҳо дар ин ҳолат дарди дандон рӯ мезанад. Баъзан, дар чунин ҳолатҳо низ беморон ба табиб муроҷиат намекунанд. Бо гузоштани доруҳои гуногуни беҳискунанда ва истеъмоли онҳо, нисбат ба беморӣ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Дар ин сурат дандонҳо ба бемории периодонтит мубтало мегарданд, ки чирку фасод, пасон варамҳо пайдо мешаванд, - бо таассуф мегӯяд Гулҷаҳон.
Аз ин ҷост, ки табиб тавсия медиҳад, на ин ки ҳангоми хуруҷу дарди дандон ва ё ба амал омадани мушкилие ба дандонпизишк муроҷиат намуд, балки қаблан садди роҳи ин гуна бемориҳо гардид. Ҳар шахсро мебояд, соле 2 маротиба ва ҳангоми зарурат ҳар як се моҳ ё аз он бештар ба назди дандонпизишк равад. Муҳимтар аз ҳама, бо пайдо шудани нуқтаи сиёҳ ҳатман ба мутахассис муроҷиат намояд.
Дар ҳамин ҷойи суҳбат бо ӯ хайру хуш намуда, аз ҳуҷрааш баромадан хостам. Бо ишораи он ки пушти дараш беморон зиёданду соат низ ба вақти хӯроки нисфирӯзӣ дакка мехӯрад ва ниҳоят серкор асту бояд биравам. Бо ишора ба ёрдамчиаш, Сабринабону хушҳолона гуфт, ки маҳз ӯ ҳаст, ки баъзан хастагиро эҳсос намекунад.
Сабрина бениҳоят духтари ботамкину пурсабр аст. Сарфи назар аз он ки аллакай дар пешаи худ як мутахассиси хуб гардидааст, садоқату муҳаббат ба касбаш намегузорад, ки вақташро зоеъ сипарӣ намояд. Ҳар чизе ки намедонад, мепурсад. Бисёр кунҷкоб асту бо вуҷуди ҷавон буданаш, нозукиҳои пешаашро пурра аз худ кардан мехоҳад. Дар ҳама ҳолат, новобаста аз вақту соат ҳамеша дар канорам асту кумакрасонам. Маҳз бо ёрии ӯ гузашти рӯзҳои серташвишу вазнинро дарк намесозам. Муҳимтар аз ҳама, бо мизоҷон ниҳоят меҳрубон аст, ки як роҳи муваффақияти табиб ҳамин аст, - ифтихормандона меафзояд ӯ.
Гулҷаҳон Саидова на танҳо нозукиҳои пешаашро ба ёваронаш меомӯзонад, балки то имрӯз шогирдони зиёдеро низ тарбия намудааст. Алҳол, чаҳор нафар аз шогирдони омоданамудааш ҳамчун дандонпизишк фаъолият бурда истодаанду яке аз онҳо дар кишвари Олмон мебошад. Аз он фараҳманд аст, ки шогирдонаш бо машварату маслиҳати ӯ, ҳамеша пайи ҷустуҷӯи роҳу усулҳои нави табобати дандонҳо ҳастанд ва дар соҳаи худ аллакай муваффақ гардидаанд.
Гулҷаҳонбону соҳиби се фарзанд буда, дар оянда мехоҳад, духтаронаш пешаи табибиро касб намоянд. Зеро худ аз ин касб баракат ёфтаву обрӯву эътибор. Рӯз ба рӯз меҳру муҳаббаташ ба пешаи интихобнамудааш бештар мегардаду баҳри такмили касбаш аз роҳу усулҳои замонавӣ истифода менамояд. Ҳамеша дар ин самт, аз устодонаш машварату маслиҳат мепурсад.
Бунафша РАҲМОНОВА