Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дастовардҳои насли саодат
ТандурустӣРупиямо саршори ҳавасҳои ширини кӯдакӣ кулоҳи тиббии аз пораи коғази сафед сохтаашро ба сар ниҳода, бандаки фишорсанҷи корношоями дар гардан овехтаро бо нӯги ангуштонаш тоб дода, ба такрор таъкид мекард: «Ба тозагӣ риоя кунед, оби хунук нанӯшед»… Падар маҳви тамошои «духтурбозӣ»-и кӯдакон дар дил орзу мепарварид, ки кош он рӯзи дилангез ба сар ояд то Рупияморо дар хилъати сафед бубинад.
Мурури солҳои мактабхониву донишҷӯӣ зодмандон лаҳзаҳои кӯдакиашро ба ёд меоварданд. Табиби ҳозиқ шудани ӯро ҳама аҳли оила писандида буданд, ки ҳангоми таҳсил дар синфҳои болоӣ падари меҳрубонаш Рупияморо ба хониши аълои фанҳои дақиқ, ба хусус, кимиёву биология, физикаву математика ва забонҳои хориҷӣ талқин менамуд.\
Майли беандоза ба дарсҳои кимиёву биология ва ковишҳои навҷӯёнаашро дар ҳалли муодилаҳои вобаста ба амалиётҳои кимиё дида, устодон ояндаи варо дар риштаи пажӯҳишҳои илмӣ тасаввур мекарданд. Валекин, фатҳи қуллаи орзуҳои бузурги Рупиямо идомаи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буду аз он ба баъд вақти барои илму донишандӯзиро оқилона истифода мебурд.
Ҳолиё ба симати муовини сардухтури Шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббӣ ва санитарии ноҳияи Данғара масъулиятҳои ниҳоят муҳимро бар зимма дошта, ҳамзамон, мардум, ба хусус, бонувону модарони ҷавон ӯро дармонбахши асилу яке аз беҳтарин мутахассисони риштаи ташхису табобат мешуморанд.
Бетардид 50 дарсади муваффақияту дастовардҳои ҳаётиам аз баракати таълиму тарбия дар муҳити фараҳзои оилавӣ маншаъ мегирад, ки падари омӯзгорам вақти зиёди худро барои илму донишандӯзии мо – фарзандон, бахшида буданд ва аз сӯи дигар, модарам ҳамчун тарбиятдиҳандаи муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар андӯхтани донишҳои ибтидоӣ ва пасон, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳунаромӯзиву дар руҳияи ватандӯстиву арзишҳои инсонӣ ба воя расидани мо нақши меҳварӣ доштанд,- изҳор намуд дар оғози суҳбат Рупиямо Ғуломова. – Айёми донишҷӯӣ чун афсонаи баҳори умр ба гумони як мижа задан ширину руҳафзо паси сар шуд. Баъди интихоби ихтисоси табиби кӯдакона таҳсилро дар интернатура идома дода, ин зинаи касбиро бо дипломи сурх хатм намуда, фаъолияти касбиро аз бахши 11-уми Беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе оғоз намудам.
Баъди панҷ соли фаъолияти касбӣ ва такмили донишу таҷрибаи амалӣ барои идомаи фаъолият ба зодгоҳам ноҳияи Данғара баргаштам. Аз соли 2016, баъди хатми курси шашмоҳаи такмили ихтисос дар риштаи табиби оилавӣ дар Маркази саломатии деҳаи Ғарғараи ноҳия ба фаъолият шуруъ намудам. Дар он давра бинобар норасоии табибони дорои маълумоти олии тиббӣ, дар баробари татбиқи барномаҳои роҷеъ ба солимгардонии ҷомеа, ҳамвора аҳолии деҳкадаҳо аз маъракаи эмгузаронӣ қафо монда буданд ва, умуман, дар назди мо - табибони навкор ва ихтисосманди бемориҳои гуногун, вазифаву масъулиятҳои зиёд меистоданд. Ҳамин тавр, соли 2023 бо кулбори донишу собиқаи тибби оилавӣ дар Маркази саломатии деҳаи Ғарғара ба вазифаи муовини роҳбари Шабакаи муассисаҳои КАТС дар ноҳияи Данғара таъин гардидам.
Хушбахтона, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгириву ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ дар кишварамон ниҳоят рушду пешрафтҳо карда, дар радифи бунёду азнавсозии беморхонаву марказҳои саломатӣ, ҳамзамон, то дар деҳкадаҳои дурдаст бунгоҳҳои наву замонавӣ ва дигар воситаҳои хизматрасонии тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд. Марҳалаи рушду нумӯи соҳаи тиб ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои ҷадиде дар самти муҷаҳҳазгардонии самти ташхису муоинаи тиббӣ ба табибони ҷавоне мисли Рупиямо руҳбаландиву завқу ангезаи бозомӯзӣ мебахшид, то ба хотири баланд бардоштани сатҳи донишу сайқали касбият ҷидду ҷаҳди бештар дошта бошанд.
Гарчанде хатмкардаҳои муассисаҳои олии тиббӣ зимни интихоби ихтисос ками дар кам ба соҳаи тибби оилавӣ мароқ зоҳир менамоянд, аз лиҳози масъулияту самти фаъолият табибони оилавӣ сарчашмаи ташхису муоина ва ба табобат фаро гирифтани ҳама гуна бемориҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, табибони оилавӣ мурури таҷрибаи корӣ дилхоҳ ихтисоси иловагиро тариқи курсҳои такмили ихтисос аз бар карда, метавонанд доираи фаъолияти касбии худро васеъ намоянд.
Бо амри тақдир аз оғози соли таҳсили мо дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино сарварии ин муассисаи машҳур дар қораи Осиёро олими забардаст, ҳакими нуктасанҷу орифи замон устод Убайдулло Қурбонов бар зимма доштанд, ки бо таъмини шаффофият зимни қабули довталабон ва баъдан давомоти солҳои хониш ҷавонони дономанду фаъол имкониятҳои олии расидан ба орзуҳои худро доштанд. Ҳолиё ҳам, бо ҳузури ин донишманди илми тиб муҳити илмиву таълимии Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти рӯзмарраи соҳаи тандурустии ноҳия нақшу таъсири амиқ мерасонад. Ин ки дар ояндаи наздик ноҳияи дар шоҳроҳи бузурги абрешим ба яке аз марказҳои бузургу ояндадори тибби тоҷик табдил меёбад, мо табибону кормандони соҳа, бовар дорем,-иброз медорад Рупиямо.
Оғози фаъолияти Рупиямо Ғуломова дар Шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Данғара ба замоне рост омад, ки дар доираи ҷашнҳои фархундаи кишвар сохтори мазкур соҳиби бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии муҷаҳҳаз бо асбобу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ гардид. Дар шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббӣ ва санитарии ноҳия 1300 нафар фаъолият дорад, ки аз ин 856 нафар бонувон буда, аз ҷумла 24 тани онҳо табибони дорои маълумоти олӣ мебошанд. Тавре мавсуф иброз медорад, мутахассис дасти дармон ва таҷҳизот чашму қалби тиб ба ҳисоб мераванд ва ташхис самти меҳварии тиб мебошад. Табибони ноҳия ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу муҳаббати бепоён изҳор медоранд, ки бо ифтитоҳ бахшидани бинои бисёрошёнаи Маркази солимии бисёрсоҳавӣ барои онҳо шароитҳои кории мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ фароҳам гардид. Ҳамакнун, бо истифода аз асбобу таҷҳизоти пешрафта ва гузарондани ташхисҳои мушаххас метавон ҳатто вазъи солимии кӯдакони навзодро ҳам комилан муайян намуд, ки ин дар раванди табобати беморон ниҳоят муҳим аст.
Ба гуфтаи Рупиямо Ғуломова, баъди ифтитоҳи бинои навбунёди Маркази солимии бисёрсоҳавӣ, дар баробари баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ барои 205 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Данғара, инчунин, сокинони ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Балҷувон ва шаҳри Норак ҳам ба хотири ташхису табобат ба табибони мо муроҷиат мекунанд. Илова бар ин, дар тобеияти Маркази солимии бисёрсоҳавӣ 70 бунгоҳи тиббии маҳаллӣ фаъолият дошта, ба аҳолии деҳу рустоҳои дурдаст хизмати тиббӣ мерасонад.
Таъмини беҳтарин шароиту имкониятҳои корӣ табибонро водор месозад, ки дар радифи бозомӯзиву сайқали донишу таҷрибаи касбӣ ҳамвора, фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ҷоннок намуда, номбардори тибби тоҷик ва меросбарони шоистаи поягузори илми тиб Абуалӣ ибни Сино бошем.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Данғара