БОЙГОНӢ
« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дандонпизишке аз Тоҷикобод
ТандурустӣБо хотирае
Зулайхо Мирзоеваро, ки дар як ноҳияи дурдасти кишвар кору рӯзгораш ба ҳам пайвастаанд, аз лаҳзаҳои хотирмонаш пурсидем. Ӯ лаҳзае ба фикр фурӯ рафт, сипас, лаб ба сухан кушод:
Пушти дари ҳуҷраи духтур зане аз ғояти дарди дандон, ин тарафу он тараф равуо дошт, бас азоб мекашид. Шавҳараш низ бетоқат буд, интизори во шудани дари ҳуҷраи табиб, аз назди он дур намешуд. Мехост, зудтар ҳамсарашро ба назди ӯ дарорад.
Бо берун шудани бемор, зан саросемавор дохили ҳуҷраи табиб шуда, гуфт: - Хайрият, апаҷон, як нафар духтурзан дар ҳамин дармонгоҳ будаед, вагарна аз дарди дандон чӣ азобе доштам. Бо сад зорӣ шавҳарамро розӣ кунондаму то дари дармонгоҳ омадам, - изҳори қаноатмандӣ намуд зан.
Чунин ҳолатҳо дар солҳои аввали кории Зулайхо Мирзоева дар Маркази саломатии ноҳияи Тоҷикобод борҳо рух додаанд, ки аз лавҳи хотираш зудуда намегарданд.
Воқеан, солҳои пеш бонувони водии Рашт мушкилӣ аз нарасидани духтурони бемориҳои занона, дандонпизишкон ва кормандони ташхиси фаросадо аз ҳисоби бонувон доштанд. Ҳамсарон бо иллати ин камбудӣ монеи сари вақт табобат намудан ва пайгирӣ аз солимии занон мешуданд. Бо роҳандозии Квотаи президентӣ барои духтарони минтақаҳои дурдасти кишвар ин мушкил то ҷое ҳалли худро ёфт, - мегӯяд бону Зулайхо.
Бо Квотаи президентӣ
Замоне мактабро хатм намуд, ки дар кишвар даргириҳо ба амал омаданд. Мисли Зулайхо даҳҳо духтарони кӯҳистонӣ, ки орзуи таҳсил дар мактабҳои олиро доштанд, пушти ин нобасомониҳо дар амалӣ гаштани мақсади худ оҷиз монданд. Модар, ки корманди Хонаи кӯдакон ва наврасони ноҳия буд, талош меварзид, то фарзандон, бахусус духтарон аз илму касбомӯзӣ дур намонанд. Ин буд, ки се духтар табиб шуду дар маҳали худ рисолати касбӣ анҷом медиҳад.
Агарчи вазъ ноором буд, бо ҳидояти модар баъд аз се соли ба итмом расондани мактаб, яъне соли 1994 ба Зулайхо муяссар гашт, ки донишҷӯйи Коллеҷи тиббии ноҳияи Тоҷикобод гардад. Хабари тариқи Квотаи президентӣ шомил шудани духтаронро ба донишгоҳҳо низ модар дарак ёфта, кӯшид, то ҷигарбандаш таҳсилоти олӣ гирад.
Соли 1997 тариқи Квотаи президентӣ донишҷӯйи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шудам. Аксар духтарон пас аз хатми донишгоҳҳо ба ноҳияҳо, ки аҳолӣ ниёз ба мутахассисони соҳибкасб доштанд, барнамегаштанд. Тасмим гирифтам, ки баъди гирифтани ихтисос ба зодбум баргашта, ба мардум хизмат намоям, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Соли 2003 ҳамчун аввалин бонуи дандонпизишк корро аз Маркази саломатии ноҳия оғоз намуд ва боиси хушнудист, ки имрӯз сафи занон дар ин самти соҳаи тандурустӣ афзудааст.
Ин ҳама дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳар бонуи лаёқатманду соҳибзавқ имкони амалӣ намудани орзуҳои худро дар самти омӯзишу касбазхудкунӣ дорад. Бахусус, духтарони деҳот, ки табиатан соҳиби завқи баланди илмомӯзӣ ва истеъдоди нодиранд, тариқи Квотаи президентӣ шомили донишгоҳҳои кишвар гардидаанд,.
“Хуб шуд, ки омадӣ…”
Зулайхо Мирзоева мегӯяд, ки агарчи хушҳолӣ бо соҳибкасб шудану баргаштан ба зодгоҳаш дошт, бо ворид гаштан ба ҳуҷраи корӣ ва қабули нахустин бемор, ки зан буд, шодиашро бештар афзуда, муҳаббаташро ба пеша қавитар гардонд.
“Хуб шуд, ки омадӣ. Мо, бонувони маҳал, ниёз ба дандонпизишк аз ҳисоби занон доштем. Дардошноямонро ёфтем…”,- гуфтани бонуе, ки барои муолиҷаи дандон омада буд, то ҳанӯз аз хотирам нарафтааст. Ҳоло бошад, мо, чор бонуи дандонпизишк, дар хизмати мардуми маҳал мебошем. Ин ҳама ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва озодист, ки ҳар нафар метавонад дар фазои орому осуда барои расидан ба мақсади хеш талош варзад, - мегӯяд Зулайхобону.
Таваҷҷуҳ ба солимӣ
Ноҳияи Тоҷикобод дорои табиати сард буда, авҷ гирифтани аксари бемориҳои музмин маҳз ба иқлими ин минтақа вобаста мебошад. Ба иқрори табиби дандон, вақте шахс ба тозагии даҳону дандон аҳамият намедиҳад, микробҳои касалиовар, ки бахусус дар хунукӣ фаъол мешаванд, боиси гирифторшавӣ ба дарди дандон ва даҳон мегарданд.
Ба мисоли варам кардан ва хунравӣ аз милки дандонҳо, ба истилоҳ пародонтиту гингивит, ки аксари бонувони маҳал аз ин бемории дандон азият мекашанд. Сари вақт ба духтур муроҷиат накардан ва пешгирӣ аз дигар намудҳои бемориҳои даҳону дандон боиси осеб дидан ва рехтани дандонҳо мегардад, ки табобат ёфтанашон муддати дурудароз идома меёбад. Шуъбаи дандонпизишкии ноҳияи Тоҷикобод бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, беморон пеш аз муолиҷа аз ташхису таҳлил мегузаранд, сипас ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Аз мушоҳидаҳо бармеоянд, ки солҳои охир бонувони маҳал нисбат ба солимии дандонҳои худ бетаваҷҷуҳ нестанд. Бо дарки аввалин нишонаҳои осебпазирии дандонҳо ба духтурон муроҷиат намуда, бо тавсияҳои онҳо аз пайи табобат мешаванд, - мегӯяд Зулайхо Мирзоева.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе-Тоҷикобод-Душанбе