Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз табори бузург
ТандурустӣБаҳри бузургу нопайдоканори зиндагӣ сафинаи орзуву ормони инсонро дар ҳалқаҳои мавҷҳои пурталотуми худ печонда, алвонҷ додаву гирдгардон ба соҳили мурод мерасонад. Ҳамин гуна амвоҷи пурпечутобро Мамлакатхон низ туфайли созандагиву матиниродагӣ бартараф намуда, зиндагии хешро ободу рангин сохтааст. Бале, барои ба ҳадаф расидан бурдборона дар чорсӯи зиндагӣ қадам ниҳода, ба дастовардҳои нав ба нав ноил гашт.
Оре, - мегӯяд ӯ, - дар ин гирудорҳои зиндагӣ ҳамеша панду насиҳатҳои модаркалони равоншодам, арбоби намоёни ҳизбию сиёсӣ ва давлатӣ Тоҷинисо Осимова маро қуввату мадор мебахшиданд. Ба хонадони мо доимо аз марказ–
Душанбе, гирду атрофи ноҳияҳо меҳмонони олиқадр Низорамоҳ Зарифова, Ибодат Раҳимова, Муҳаммад Осимӣ, Аслиддин Осимӣ, Офият Раҳимова, Каромат Мирзоалиева, Энаҷон Бойматова, Шуҷоат Ҳасанова, Хайринисо Мавлонова меомаданд ва ман аз суҳбатҳои пурҳикмати онон баҳраманд гардидаам.
Боре ҳамсарони устодон Мирсаид Миршакар ва Боқӣ Раҳимзода меҳмони хонадони мо шуданд. Онҳо пурсиданд, ки оё шеър медонем. Ман дар хотир дорам, ки бо лафзи кӯдакона шеъри Мирсаид Миршакар «Мо аз Помир омадем»- ро ифоданок хондам.
Рӯзе, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷамъбасти «16 рӯзи мубориза бо хушунат» ҷамъомади бонуфузе доир гардид, вазифаи садри маҷлисро ин бонуи соҳибзавқ ба зимма дошт. Диққати аҳли толорро бо садои малеҳу ҷозибадораш ба худ кашид. Ҳар як сухани худро бо шеър оғоз мекард. Дар суҳбат бо Мамлакатхон дарёфтам, ки дар қаъри дилаш дурдонаҳои некию накукорӣ нуҳуфтаанд. Агар ба авроқи зиндагиномаи ин бонуи соҳибфазилат дида дӯзем, он басо пурпечутоб аст. Мамлакатхон Мадаминова 22-юми ноябри соли 1981 дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Соли 1988 ба мактаби миёнаи №28 қадам ниҳода, онро соли 1998 бо медали тилло хатм намуд. Мамлакат аз овони наврасӣ орзу дошт, ки мисли падараш дорусоз шавад. Падараш Аълочии тандурустии Тоҷикистон Ботурхӯҷа Мадаминов дар дорухонаи вилоятӣ беш аз 40 сол фаъолият намудааст, модараш Мунаввархон Мадаминова омӯзгори собиқадор, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон буда, собиқаи 40- солаи педагогӣ дорад.
Мамлакатхон соли 1998 ба Коллеҷи тиббии ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ дохил шуда, онро соли 2000-ум бо дипломи аъло хатм намуд. Дар Коллеҷ ӯ тавонист дар яқ вақт ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дохил шавад, онро соли 2004 хатм кард.
Соли 2000-ум фаъолияти кории худро дар беморхонаи вилоятии бачагона, дар таҳлилгоҳи биохимия оғоз бахшид. Аз соли 2012 то 2022 дар ширкати «Микролапс» мутахассиси тиб буд.
Тули солҳои корӣ барои такмили ихтисос ба якчанд мамлакати хориҷӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия, Туркия ва шаҳри Дубай сафар карда, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардидааст.
Аз соли 2022 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳуҷанд ҳамчун омӯзгори фанни услубҳои тадқиқотӣ ва клиникӣ буд. Алҳол мудири бахши занон ва духтарон аст. Мамлакатхон дар бораи пошхӯрии оилаҳои ҷавон таассуф хӯрд, ки имрӯз дар кишвар миқдори бекор кардани ақди никоҳ хеле зиёд шудааст. Ҷавонон каме бесабр шудаанд. Худ, ки баъд аз ҷашни арӯсӣ аз пандҳои рӯзгори модарбузурги шавҳараш баҳраманд гардида, тули 8 сол бо онҳо зиндагӣ намуд ва хизмати эшонро ба ҷо овард, ба навхонадорон аз панду насиҳатҳои ин зани отифа сухан карда, ҷавононро талқин месозад, ки баҳри устувории оилаи худ ҷаҳд созанд. Мамлакатхон худ соҳиби 2 фарзанд ва 1 набера аст.
Духтараш Саидахон имрӯз орзуи модарро амалӣ сохта, донишҷӯи курси чоруми факултаи дорушиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва писараш Рустамхон дар Бонки «Ҳумо» мутахассиси пешбар аст.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Хуҷанд
Мубодила:
Шарҳҳо
