Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ворисони Сино
ТандурустӣНаҷот
Ҳуҷраи интенсивии кӯдаконаи шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ. Ду навзод, писарчаи якрӯза ва духтарчаи панҷрӯза, дар дастгоҳи махсуси нигоҳубини навзодони вазнинтаваллуд паҳлуи ҳам хоб.
Духтарча, бо сабаби камхунӣ, фишорбаландӣ, бисёробӣ дар батни модар пеш аз муҳлат бо роҳи буриши қайсарӣ ба дунё омадааст. Ҳолати навзод аз рӯи ҳисоби Апгар ба 5–6 бал баробар аст. Модари навзод Парвина Сабзалиева 30 сол дорад ва ин тифл фарзанди дуюми ӯст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳо ҳолати модару навзод дар рӯзи таваллуд вазнин арзёбӣ шуд.
Писарча аз модари 33-сола бо исми Таманнои Идибек ба дунё омад, фарзанди чаҳоруми оила аст. Навзод аз норасоии оксиген нафасгир ва дар ҳолати вазнин ба дасти табибон супурда мешавад. Аз ин рӯ, ҳоло зери дастгоҳи нафаскашӣ қарор дорад.
Дилором Назарова, табиби навзодон, аз нигоҳи изтироболудам рамуз мегирад, ки бо итминон мегӯяд: «Шукр, навзодонро аз гурӯҳи хавф берун овардем. Солҳои пеш дар чунин ҳолат, имкони наҷоти ҳар ду кӯдак дар як вақт набуд, чунки дар дастгоҳе, ки навзодон хобанд, ҳамагӣ як дона доштем. Хушбахтона, имрӯз соҳиби 6 чунин дастгоҳем, ки дар баъзеаш то ҳол ҳатто навзоде нахуфтааст».
Ҳуҷраи офтобии бароҳат, шику муҷаҳҳаз ба хотирам таваллудхонаҳои давлатҳои аврупоиро меорад. Воқеан, дар ҳуҷраи навзодони вазнинтаваллудшуда тамоми таҷҳизот, ҳатто роҳаткурсиҳои махсус барои модару кӯдак аз таваллудхонаҳои маъмулӣ фарқкунандаанд.
Дастовардҳо
Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, МИМҲД ноҳияи Рӯдакӣ ба муассисаи сатҳи ҷумҳуриявӣ табдил ёфта, дар ҳамсарҳадӣ бо шаҳри Душанбе қарор доштани ноҳия, талаботро барои истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ ин ҷо зиёд кардааст.
Хизматрасониҳои мо барои 409 ҳазор аҳолии ноҳия пешбинӣ шуда бошад ҳам, наздикии ноҳияи Рӯдакӣ бо пойтахт ва мавҷудияти шоҳроҳи калони аҳамияти ҷумҳуриявидошта сафи истифодабарандагонро афзун намудааст. Ба хотири зиёд будани талабот, дар тамоми ҷамоатҳои калонтарини ноҳия, марказҳои тиббӣ, саломатӣ, беморхонаҳои минтақавӣ бо шуъбаҳои кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, таваллудхонаҳо фаъолият мебаранд. Соли гузашта беморхонаҳои ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Ганҷобод, Эсанбой, Сарикиштӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ ва лавозимоти тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардиданд, - зикр мекунад Абдурасул Абдумаҷидзода, сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ.
Дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 513 корманди соҳаи тандурустиву беҳдоштӣ фаъолият мебаранд, ки аз ин шумор 36 дарсадро табибони дараҷаи олӣ ташкил медиҳанд. Дар беморхонаи марказӣ 2 нафар номзади илм ба кор ҷалб шудааст. Аз ҷамъи умумии табибон, 75 дарсадро бонувон ташкил медиҳанд.
Таҷҳизоте, ки мо дорем ва ташхисҳое, ки имрӯз анҷом медиҳем, аз ягон беморхонаи пешрафтаи сатҳи ҷумҳурӣ фарқ надоранд. Ҳоло дастгоҳҳои рентгении рақамии сайёр, статсионарӣ, дастгоҳи муосиртарини томографияи компютерӣ амал мекунанд. Дар шафати беморхона, ба тозагӣ бинои нави шуъбаи қабул ва ёрии таъҷилӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ду мошини нави ёрии таъҷилӣ низ бо тамоми шароитҳои зарурӣ барои хидмат ба аҳолӣ вогузор шуд, - бо қаноатмандӣ мегӯяд сартабиб.
Модар
Аз ҷамъи умумии таваллуд солона 30 фоизро омори навзодони норасид бадунёомада, ташкил медиҳад. Дар бештар маврид бемориҳои сироятӣ, экстрагенеталӣ, камхунӣ, пиелонефрит, ки сабаби пешакӣ ҷудо шудани ҳамроҳак ё боиси барвақт рафтани обҳои наздитифлӣ мегарданд, сабаби ноқис ва пеш аз муҳлат таваллуд шудани навзодон мегарданд.
Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва паст намудани нишондиҳандаҳои фавти атфол аз тарафи ҷамъияти ТИКО-и давлати Туркия барои ҳуҷраи интенсивии навзодон ба мо 5 дастгоҳи нигоҳдории кӯдакони ноқис ва пеш аз муҳлат таваллудшуда, 5 фотолампаҳо барои табобат, 5 кату мизҳои махсуси реаниматсионӣ барои гузарондани корҳои эҳё бо навзодон, ки ба он хеле ниёз доштем, дастрас гардид, ки корамонро осонтар гардонд. Соҳиби дастгоҳҳои муосири нафаскашие гардидем, ки дар сурати набудани қувваи барқ низ бе мушкилӣ кор мекунанд, -
мегӯяд Саймира Хабирова, мудири шуъбаи таваллудии беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ.
Соли 2024-ум дар ноҳияи Рӯдакӣ 11 ҳазору 387 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумор 6150 кӯдак дар таваллудхонаи ноҳия ба дунё омадааст. Солҳои 2022–2023 ҳолати фавти модарон умуман ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, дар соли 2024 ин нишондиҳанда ба ду нафар расид.
Мутаассифона, яке аз ин занҳо бо ҳолати фавти клиникӣ ба таваллудхона расонда шуд, ки дигар имкони наҷот вуҷуд надошт. Модари дуюмро низ дар хона то вазнин шудани ҳолат нигоҳ дошта, баъди хунравии зиёд ба беморхона оварданд. Тамоми чораҳои заруриро анҷом дода бошем ҳам, дардовар аст, ки ба наҷоташон муяссар нагардидем, - бо таассуф мегӯяд Фирӯза Ёқубова, муовини сартабиб.
Валодат табиӣ ва ҳолат хуб арзёбӣ гардад, пас аз 24 соат зан метавонад ба хона мураххас шавад. Дар сурати мавҷуд будани нишондиҳандаи манфӣ, занон 3 рӯз ва ҳатто зиёда аз он зери назари табибон қарор мегиранд. Замони боздид, се зан дар шуъбаи эҳё бистарӣ буд.
Яке аз модарони ҷавон дар ҳолати хеле вазнин, зери дастгоҳи нафаскашӣ буд, ки шукр ҳоло берун овардем. Ҳолати 2 нафари дигар ҳам пас аз ҷарроҳӣ хеле беҳтар шуд, - бо эҳсос нақл мекунад табиб Саймира Хабирова ва аз фурсат истифода бурда, аз бонувон даъват ба амал меоварад: - Аз модарони оянда хоҳиш мекунем, ки нисбат ба саломатии худ ва тифли батнашон беаҳамият набошанд. Дар сурати камтарин ноҷӯрӣ, зуд ба табибон муроҷиат намоянд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо далели гӯё осонтар будани ҷарроҳӣ аз таваллуд ҷавонон мехоҳанд, тариқи буриши қайсарӣ тифлро аз батн берун оранд. То чӣ андоза ба ҳақиқат наздик будани ин афкорро аз табибон пурсон мешавем.
Мо ҳамеша ҷонибдори таваллуди табиӣ ҳастем. Пас аз валодати табиӣ зан тез шифо меёбад, аммо ҷарроҳӣ оризаҳои зиёде дошта метавонад. Ин амалиёт барои модар тамоми умр мушкилӣ ба бор меорад. Таваллуди табиӣ барои худи кӯдак ҳам хуб аст. Вай аз роҳҳои валодат гузашта, ба ҳаёти беруна мутобиқ ва омода ба дунё меояд, - зикр мекунад акушер-гинеколог Фирӯза Ёқубова.
Кӯдак
Соли 2024 аз ҷамъи умумии таваллуд 34 ҳодисаи фавти навзодон ба қайд гирифта шудааст. Сабабҳои фавт дар бештар маврид нуқсҳои вазнини модарзодӣ, пеш аз муҳлат таваллуд шудани навзодон гуфта мешавад.
Ба андешаи Дилором Назарова, табиби кӯдакони навзод, бо баробари пешрафти соҳа табибон низ дар фаъолияти корӣ ба пешрафтҳои назаррасе ноил гардиданд. Бо ворид шудани оксигенераторҳо кор дар самти наҷоти навзодон ҷоннок ва шиддати фавти атфол низ поён омадааст. Замони боздид дар шуъбаи навзодон 5 кӯдак бистарӣ буд.
Навзодонро пас аз хона бурдан, дубора бо илтиҳоби шуш, сармохӯрдагӣ меоранд. Баъзан сирояти дохилибатнӣ ҳам дертар аз худ дарак медиҳад. Модар, агар пас аз таваллуд ба бемории сироятӣ гирифтор шавад, навзод ҳам бемор мешавад, - иброз медорад Дилором Назарова.
Маслиҳати табиб ба модарони ҷавон ин аст, ки дар сурати бемории худ ва навзодон сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд. Барои солимии атфол, ба онҳо ҳатман шири модар диҳанд. Аз шишаву пистонакҳо даст кашанд, эмкӯбиро мувофиқи ҷадвали муқарраргардида ба сомон расонанд.
Паноҳгоҳ
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ барои занони мавриди хушунати равониву ҷисмонӣ қароргирифта ҳуҷраи махсус созмон ёфтааст, ки бонувон бо фарзандон то ба оромишу мусолаҳа расидан, метавонанд дар макони амн қарор гиранд. Онҳо бо ҷойи хоб, хӯроки гарм, лавозимоти тиббӣ, сарулибоси комилан ройгон таъмин мегарданд.
Ин ҳуҷра бо дастгирии МИМҲД ноҳияи Рӯдакӣ ва ташкилоти ЮНИСЕФ соли 5-ум аст, фаъолият дорад. Соли 2024 он мавриди истифодабарии бештар аз 30 нафар қарор дошт. Омодаем занони хушунатдидаро аз ҳудуди тамоми ҷумҳурӣ паногоҳ бидиҳем. Дирӯз зани ҷавоне бо шавҳараш ҷанҷол ва ду кӯдакашро гирифта ба лаби дарё рафтааст. Нозирони минтақавӣ зуд бохабар гардида, ӯро ҳамроҳи кӯдаконаш ба ин ҷо оварданд. Суҳбат кардем, фаҳмондем, ки ҳеҷ амал дар дунё наметавонад ӯро дилшикаставу руҳафтода намояд, зеро ӯ бо фарзандонаш таҳти ҳимояи давлату Ҳукумат қарор доранд, - нақл мекунад Саймира Хабирова ва меафзояд, - ҳодисаҳое ҳам ба қайд гирифта шудаанд, ки зан пас аз мавриди лату кӯб қарор гирифтан ба табибони осебшинос муроҷиат намудааст. Пас аз муоина ва оғози табобат табибон ӯро ба паноҳгоҳ роҳнамоӣ месозанд, то зан дар муҳити ором роҳи баромад аз мушкили оилавиро биҷӯяд. Ба он хотир паноҳгоҳро дар шуъбаи занона мақом додем, ки ин ҷо онҳо нисбатан роҳаттаранд.
Бемориҳо
Ҳар минтақа вобаста ба иқлиму табиат ва мавқеи ҷойгиршавӣ бемориҳои хоси худро дорад. Сокинони ноҳия бештар бо шикоят аз бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, занона, бемориҳои роҳи нафас, сироятҳои мавсимӣ, анҷоми ҷарроҳиҳои гуногун ба табибон муроҷиат мекунанд. Дар беморхона айни замон ба як табиби кӯдаконаву як табиби сироятшинос ниёз доранд.
Муроҷиати ман ба мардум ин аст, соле як маротиба аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд. Беморӣ, агар сари вақт маълум шавад, табобаташ осон аст. Мо дар самти бистаринамоӣ умуман мушкил надорем.
Барои беморон ду маротиба ғизои ройгон пешниҳод мешавад. Таббохи беморхона Мунира Халилова ҳар субҳ барои 140–150 бемор бо навбат рӯзе ордоб, рӯзе ширбиринҷ, нисфирӯзӣ ғизоҳои гуногун амсоли карамшӯрбо, мастоба, макароншӯрбо, марҷумакшӯрбо, нахӯдшӯрбо омода месозад.
Сарфи назар аз дастовардҳо корро дар масъалаи модару кӯдак, ҳамкории марказҳои солимии репродуктивӣ бо занони ҳомила, кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ба мардум, ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷонноку босифат карданием, – бо нақшаҳои масъалагузор ба суҳбат хотима мебахшад сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ Абдурасул Абдумаҷидзода.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе-Рӯдакӣ
Мубодила:
Шарҳҳо
