Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Телефони мобилӣ ва зарари он
ТандурустӣДу даҳсолаи охир миёни аҳолӣ истифодаи телефони ҳамроҳ маъмул гаштаву барои бархе телефони беҳтару замонавитарро пайдо кардан меъёр шудааст. Ҳама ҷо, мушоҳида мегардад, ки кӯдакон, наврасон ва калонсолон бо худ телефон доранд. Агарчи медонанд, ки чунин телефонҳо ба саломатӣ зарар меорад, ҳамоно аз он фаровон истифода мебаранд.
Табиби Маркази саломатии № 14-и шаҳри Душанбе Заррина Муҳиддинова оид ба зарари телефони мобилӣ бар он аст, ки истифодаи бемеъёри он шахсро ба заъфи асаб гирифтор карда, мавҷи нурҳои электромагнитии он оҳиста-оҳиста ба кас таъсири манфӣ мерасонад.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз оризаҳои заъфи асаб фишорбаландӣ аст, ки дар натиҷа гардиши хун вайрон ва рагҳои майнаи сар тағйир меёбанд.
- Истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ ба омоси майнаи сар, сафедхунӣ (лейкемия), бемориҳои Алтсгеймер, Паркинсон, вайроншавии хотира, заифии шунавоӣ ва биноӣ, вайроншавии кори системаи дилу рагҳо, баландшавии фишори раги шараёнӣ, харобшавии хоб, паст шудани муқовимати организм ба бактерияҳо оварда мерасонад, - мегӯяд Зарринабону.
Тақрибан 70 дарсади истифодабарандагон бо телефон зиёда аз 30 дақиқа дар як рӯз гуфтугӯ мекунанд. Бисёр ашхосеро мебинем, ки ҳатто дар ҷойи хоб ҳам аз телефон ҷудо нестанд. Ҳол он ки ҳангоми хоб телефонро дар масофаи як метр аз худ дур нигоҳ бояд дошт. Ба ҳеҷ ваҷҳ онро зери болишт набояд гузошт, зеро мавҷҳояш боиси фишори равонӣ ва харобшавии марҳалаи хоб мегардад. Телефонҳои мобилӣ қобилияти тавлиди майдонҳои электромагнитиро доранд. Аз ин рӯ, шуоафкании (радиатсия) онҳо ба системаи масуният ва асаб таъсири манфӣ мерасонанд.
Ба назар мерасад, ки модарони ҷавон масъулияти худро нодида гирифта, ба хотири лаҳзае ором нишастани кӯдак ба дасти тифл телефони мобилӣ медиҳанд. Барои тифл, ки имконаш барои аз худ кардани муҳити атроф бисёр аст, телефони мобилӣ бо барномаҳои ҷолиб диққаташонро ҷалб месозад. Дар натиҷа, кӯдаконе, ки дастгоҳҳои мобилиро зиёд истифода мебаранд, асабиву инҷиқ мешаванд. Ба хотири барҳам надодани масруфият ба коре ва фароғати худ ояндаи фарзандро дар хатар мегузоранд. Модарон чунин хатои худро тули ҳаёти фарзанд дигар наметавонанд ислоҳ созанд.
Дар баробари суст шудани хотираи кӯдакон, дар онҳо хирабинӣ, камшунавоӣ ва дарди сар низ пайдо мешаванд. Баъзе аз модарони ҷавон ба он ақидаанд, ки бо истифода аз телефони мобилӣ ва компютеру гаҷетҳо ҷаҳонбинии кӯдак васеъ мегардад. Аммо олимон исбот кардаанд, ки донишҳои тариқи телефони мобилӣ гирифта зуд аз хотир фаромӯш мешаванд.
Асабшинос меафзояд, ки хирашавии чашм аслан нишонаи пиронсолист, лекин синни хирашавии чашм имрӯзҳо низ поён рафтааст. Теъдоди зиёди ҷавонон ҳоло аз хирашавии чашм шикоят мебаранд, ки дар натиҷаи зиёд ба экрани телефон нигаристан нури чашмони онҳо заиф гаштааст.
Тадқиқотҳои ҷаҳонӣ нишон додаанд, ки нафароне, ки беш аз чор соат дар як рӯз аз телефони мобилӣ истифода мебаранд, сатҳи баландшавии фарбеҳӣ дар онҳо бештар аст.
Шуоафкании телефон ба тамоми организм таъсири манфӣ мерасонад, вале системаи марказии асаб, масуният ва майнаи сар аз ҳама бештар аз он зиён мебинад. Барои худро бардам ҳис намудан, бояд тарзи ҳаёти солимро ба роҳ монд. Бештар ғизоҳои якум ва сабзавотро истифода бурдан дуруст аст. Ҳамчунин, ширу ҷурғот низ ба кас манфиат мебахшад. Чормағз, мавиз, писта ва бодом ҳуҷайраҳои асабро бедор менамоянд. Мутолааи китоб, сайругашт дар ҳавои тоза ба майнаи сар манфиат меоранду фаромӯшхотириро коҳиш медиҳанд…
М. БАЛАҶОНОВА