Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳадаф - ободкорӣ
ТандурустӣТашаббускорӣ хислати модарзодии Шаҳодат аст. Замони мактабхонӣ хонандаи фаъол ва ҳамчун гирандаи Стипендияи президентӣ байни шогирдони МТМУ № 29-и шаҳри Душанбе намунаи ибрат буд. Дониши мукаммал ва шавқу рағбат ба илмомӯзӣ, ки дошт, дар ҳар озмуну мусобиқаҳои фаннии беруназмактабӣ ширкат варзида, роҳнамоӣ менамуд, то ҳамсабақонаш низ иштирокчии маҳфилу чорабиниҳо ва олимпиадаҳо бошанд. Ҳар рӯзаш бо ҳамсолон чун ид оғозу анҷом меёфт. Гоҳе дар синфхона дӯстонашро ҷамъ оварда, тамрини сурудхониву рақсиданро барояшон тавсия медод. Вақти дигар сари минбари толори консертии мактаб барои гузарондани чорабинии навбатӣ омодагӣ медид. Ровӣ буданро меписандид.
Дар ҷараёни суҳбат бо Шаҳодат Ашӯрова дарк намудем, ки ҳанӯз ҳам он алангаи ташаббускорӣ дар қалбаш рӯшан аст ва бо он ҷасорати модарзодӣ мекӯшад саҳме дар ободии диёр гузорад.
Таҷриба аз ҳар қадам
Шаҳодатбону дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Волидонаш дар ботини ӯ аввалин нишонаҳо ё истеъдоди ташаббускориву ташкилотчигиро дар синни томактабиаш эҳсос намуданд. Бо расидан ба айёми наврасӣ хислатҳои наҷибаш, ба мисли инсондӯстӣ ва зуд унс гирифтан бо атрофиён ӯро миёни ҳамсолонаш намоёнтар намуд. Донишҷӯ шуд ва дар баробари таҳсил ва коромӯзӣ ташкили барномаҳои фароғатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба дӯшаш буд, зеро устодонаш бовар доштанд, ки маҳз Шаҳодат аз уҳдаи ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳо мебарояд.
Як нуктаи муҳимро ҳамеша Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Бо мардум бошед! Байни онҳо будан моро аз бисёр мушкилиҳои зиндагиашон огоҳ мекунад!» Воқеан, таҳти ин гуфтаҳо ҳазорон маънӣ нуҳуфтааст. Вақте бо одамон аз наздик ошно мешавам, беҳтарин андешаҳо барои тасмим гирифтани коре баҳри ободкорӣ пайдо мегарданд. Пешаи интихобнамудаам барои бо мардум наздик будан мусоидат мекунад, зеро табиб аз дарди одамон бохабар аст ва ҳам аз мушкилашон, ки боиси дардмандии аксаран ҳамон камбудиҳои рӯзгордорист.
Дар баробари он ки шавқу рағбат ба наттоқӣ доштам, табиб шудан орзуи деринаам буд. Пас аз хатми мактаб соли 2004 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шомил шуда, онро соли 2011 хатм намудам. Аллакай баъди ба итмом расидани соли аввали таҳсил ба хотири аз наздик шинос шудан бо кори тиббӣ ва омӯхтани таҷриба аз устодони касб дар таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе поккор (санитарка) шудам, - мегӯяд бонуи пизишк.
Ин қадами нахустини Шаҳодат дар таҷрибаандӯзӣ буд. Поккорӣ дар таваллудхона имкон дод, ки аз таҷрибаи пизишкону ҷарроҳон роҳу усулҳои навро дар соҳаи тибби муосир бигирад. Дар баробари шустану омода намудани асбобҳои ҷарроҳӣ ба беморон сӯзандору гузаронданро низ омӯхта, барои ҷарроҳӣ тайёрашон менамуд.
Такмили касбият
Соли 2011 тибқи роҳхати Донишгоҳ Шаҳодат дар беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав тайи се сол ҳамчун духтури бемориҳои занона заҳмат ба бор бурд.
Шаҳодат Ашӯрова мегӯяд, ки ҳар касбу ҳунар такмил мехоҳад ва василаи рушди зеҳнии инсон ҳам дар сайқал додани дониш аст. Соли 2015 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар озмун барои ҷалби мутахассисон эълон гардид. Чун дигар мутахассисони соҳа ӯ низ ҳуҷҷатҳояшро ба озмун пешниҳод кард. Баъдан, бо муваффақ шудан дар ин озмун дар Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати мазкур корро оғоз кард. Бо истифода аз имкониятҳо ва талошҳо курси кӯтоҳмуддати ташхиси ултрасадоро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии назди Донишгоҳи давлатии тиббии ҷумҳурӣ хатм намуда, соҳиби сертификат гардид.
Бо бонувони деҳот
Аз соли 2019 дар Маркази саломатии деҳоти Роҳатӣ, ки дар деҳаи Ганҷобод амал мекунад, фаъолият дорам. Дӯстон мепурсанд, ки чаро корро дар деҳа интихоб намудам? Ростӣ, ҳар боре бо баҳонаи дидорбинии хешу табор ба деҳа меоям, бо мушкилӣ ва шароити зиндагии бонувони маҳал аз наздик бештар ошно мешавам. Махсусан, бепарвоии занони деҳот нисбат ба саломатиашон маро бетаваҷҷуҳ гузошта наметавонад. Дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани мардони хонавода ва ба кори саҳро шуғл доштани бонувон боиси ба табобати саривақтӣ фаро нагирифтанашон мешавад. Аз нигоҳи иқтисодӣ низ мушкилӣ доранду дар ҷойҳои дур аз нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ зистанашон низ сабаби сари вақт аз назари духтурон дур мондани бонувони маҳал мегардад, - мегӯяд Шаҳодатбону.
Аз хизмати пизишкони Маркази саломатии деҳоти Роҳатӣ аслан сокинони 9 деҳаи атрофи он баҳравар буда, ҳамчунин, як таваллудхонаи дорои 10 кат ба истифода дода шудааст. Ба гуфтаи Шаҳодат Ашӯрова, бо таъсис додани ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, ки набудани он дар маркази саломатӣ мушкили бонувон, бахусус занони ҳомиларо дучанд менамуд, кор осон гардид. Пештар аҳолии деҳот барои ташхиси беморӣ ба дармонгоҳҳою беморхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат мерафтанд. Бо фаъолияти духтурони бемориҳои занона дар ин марказ низ саломатии бонувон таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, сари вақт аз ташхис мегузаранд. Бештари занони ҳомила ва дигар беморони имкониятҳояшон маҳдуд дар хонаҳояшон ташхис шуда, ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Бонувон маърифати тиббӣ меомӯзанд
Ёд дорам, ки солҳои хуруҷи бемории СOVID-19 мардуми деҳот аз нарасидани пизишкон ва хизмати тиббӣ ташвиш доштанд. Воқеан, аз суҳбат бо бонувон маълумам гардид, ки онҳо аз расондани одитарин ёрии тиббӣ огаҳӣ надоранд. Ба мисоли усулҳои паст намудани ҳарорати бадан, ки сари ҳар вақт бо чунин ҳолат вохӯрдан аз эҳтимол дур нест. Тасмим гирифтам, дар ин марказ омӯзиши курси ёрии аввалини тиббиро барои бонувон роҳандозӣ намоям. Аз моҳи майи соли 2022 то имрӯз беш аз 140 бону курси мазкурро омӯхта, мустақилона метавонад, ки дар ҳолати рух додани ягон беморӣ ёрии аввалинро ба аҳли хонавода ва наздиконашон расонад, - иброз медорад Шаҳодатбону.
Аз он ки ҳадафаш ободкорист, ӯ тасмим дорад, то дармонгоҳи ташхисиро дар деҳаи Ганҷобод ифтитоҳ намуда, мутахассисони маҳаллиро ба кор ҷалб созад. Шаҳодат Ашӯрова мегӯяд, ки фаъолият доштан дар маркази саломатии маҳал ӯро на танҳо соҳиби таҷрибаи ғанӣ, ҳамчунин, барои давом додани корҳои ободонӣ ва дастгирии мардуми маҳал равзанаеро ба рӯяш кушод.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе - Рӯдакӣ
Мубодила:
Шарҳҳо
