БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Табибе аз Рашт

Тандурустӣ

Субҳи ӯ низ мисли дигар бонувони маҳал муқаррарӣ оғоз меёбад. Вай чун ҳамеша кору бори хонаро сомон дода, сӯи коргоҳ мешитобад. Медонад, ки омаданашро мардуми маҳал мунтазиранд. Саодат Ҳусейнова 44 соли умри худро сарфи пешаи духтурӣ намуда, миёни мардуми ноҳияи Рашт иззату эҳтиром ёфтааст…

Орзуи табиб шудан ҳанӯз аз овони хурдӣ дар дили ӯ маъво дошт. Бо муҳаббат ба бародарбузург ва хоҳарбузургаш нигариста, худро дар хилъати сафед тасаввур мекард. Ин орзуи духтарак ҷомаи амал пӯшид. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1975 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурда хушбахтона, сазовори номи донишҷӯӣ мегардад. Ҳарчанд аз ноҳияи дурдасте буд, дар Донишгоҳ дар қатори донишҷӯёни фаъол вирди забон буд. Баҳри расидан ба орзуҳо мақсад гузошта, талош мекард ва муваффақ мешуд. Ният дошт, ки баъди хатми Донишгоҳ ба зодгоҳ баргашта, ба мардуми маҳал хизмат расонад. Ҳамин гуна, соли 1981 дар шифохонаи зодгоҳаш ҳамчун духтури бемориҳои даруна фаъолияти меҳнатиашро оғоз бахшид. Тули фаъолияти меҳнатӣ 15 сол муовини сардухтур буд.

Бо сабаби набудани мутахассиси фаросадо дар ноҳия, соли 2013 Саодатро барои омӯзиш ба шаҳри Душанбе фиристоданд. Ӯ дар назди духтурони соҳибтаҷриба омӯзиш гирифта, дар Маркази саломатии ноҳия ба мардум мадад мерасонад.

Шифокор ба ҷуз доруву дармон бо забони ширин ва маданияти волои худ ба дарди бемор марҳам шуда метавонад. Ин гуна фазилатҳоро дар симои ин бонуи дармонгар пайдо кардем, ки ба ҳар дардманд муносибати воло дошт.

 Табиб дар ҳама гуна ҳолати равонӣ бояд муносибаташро ба бемор тағйир надиҳад. Вақте бемории ӯро ташхис мекунӣ, бояд дарди онро низ эҳсос карда тавонӣ. Мо ин ҷо барои беҳгардонии саломатии беморонем. Бо сухани хуб мегӯем, ки шумо шифо меёбед, агар аз рӯи гуфтаҳои табибон амал намоед…

Табибе, ки беморон аз кори ӯ розиянд, яъне табобаташ ба шифоёбӣ мепайвандад, дар дили мардум маъво мегирад ва ба иззату эҳтиром сазовор мегардад, – мегӯяд шифокор Саодат Ҳусейнова.

Доим ҷӯёи навгониҳост, мудом мутолаа мекунад, аз таҷрибаи табибони пешрафта бохабар аст, ҳамвора бо устодону донишмандон ва табибони ҳозиқи кишвар дар иртибот мебошад. Мақсади асосии ин дармонкор, духтури дараҷаи олӣ, ба ёрии инсон шитофтан ва дар беҳ гардондани саломатии онҳост.

Меҳнатдӯстиву садоқат ба касбаш буд, ки ӯро ба нишони Аълочии тандурустии Тоҷикистон лоиқ донистанд.

Саодатбону дар баробари табиби ҳозиқ будан, ҳамсари хуб, модари меҳрубони фарзандону набераҳояш мебошад. Дар маҳал ӯро ҳамчун бонуи хушсухану хушрафтор мешиносанд.

Абуалӣ ибни Сино ҷое фармуда: «Бархе аз беморонро танҳо бо сухан даво кардан мумкин аст». Табъи хира (ланҷ), руҳафтодагӣ, ғаму ғусса кори дастгоҳи ҳазми хӯрокро бесомон месозанд. Табиб бояд муҳитеро фароҳам оварад, ки мариз аз фикру хаёли нохуш ва маъюсӣ фориғ гардад, ба сиҳатёбӣ аз дарди сахт умед бандад.

Тибқи маълумотҳо дар ноҳияи Рашт барои хизматрасонии тиббӣ Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, 19 маркази саломатии деҳот, 49 хонаи саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ фаъолият намуда, дар онҳо 131 табиб ва 452 корманди миёнаи тиб кор мекунанд. Инчунин, диспансери байниноҳиявии бемориҳои руҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳи­яи Рашт бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ доранд. Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият дорад, ки дорои 366 кати бистарӣ мебошад.

Чуноне Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ироа карданд: «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».

Фарзона ВОСЕЕВА,

Душанбе - Рашт

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2025_.rar [4.4 Mb] (зеркашиҳо: 59)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон