Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Сазовори эътимоди мардум
Тандурустӣ / ҶавононАз овони наврасӣ ёд дошт, ки падар чӣ қадар бо таассуф аз даргузашти одамон аз бемориҳои сироятӣ қисса мекард. Солҳои пеш дар беморхона ва дармонгоҳи ноҳия дар баробари норасоии духтурони асабшинос, момодояҳо ва дандонпизишк, фаъолият надоштани табиби сироятшинос низ мушкилӣ ба бор меовард. Бемордорон 170 км роҳро тай намуда, маризонашонро барои ташхис ва табобат ба пойтахт меоварданд. Падар мегуфт, ки гоҳҳо то расидан ба шаҳр мариз дар роҳ ҷон мебохт.
Пешаи қиблагоҳам табибист ва имрӯз ман давомдиҳандаи кори падар ҳастам ва ифтихор аз касб мекунам. Воқеан, ин суханони падар, ки бо ҳасрат аз набудани духтурони сироятшинос изҳор мекард, то ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳанд. Шояд таъсири гуфтаҳои падар маро дар интихоби касб раҳнамун гардид, - мегӯяд Фотимабону.
Соли 2008 пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурда, тибқи квотаи президентӣ донишҷӯи ин даргоҳ шуд. Сипас, таҳсилро дар интернатура ва ординатура давом дода, солҳои 2015–2018 дар Институти педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона ҳамчун ходими илмӣ фаъолият намуд.
Ҳангоми дар курси чоруми донишгоҳ таҳсил намудан мебоист гурӯҳи донишҷӯён ба равияҳо ҷудо мешуданд. Ҳамсабақонам равияҳои гуногуни тиб, ба мисоли духтури табобатӣ, акушер-гинеколог, духтури бемориҳои дарунӣ, гӯшу бинӣ ва ғайраро интихоб намуданд.
Дӯстон маслиҳат доданд, ки духтури ҷарроҳ ё табиби бемориҳои занона шавам, чунки мардуми ноҳияҳои дурдаст ба чунин мутахассисон бештар ниёз доранд. Вақте ман дар интихоби равияҳо табиби сироятшинос шуданро пазируфтам, ҳама дар ҳайрат монданд. Аз он ки аз мушкилоти мардуми ноҳия огаҳ будам, равияи духтури сироятшиносро интихоб намудам. Табиист, ки кам донишҷӯён чунин равияро мепазиранд, зеро аз нигоҳи аксарият табиби сироятшинос шудан корест басо хатарнок, - иброз медорад пизишкбону.
Фотима Шарифова аз соли 2018 ба зодгоҳ баргашта, фаъолияти худро дар беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод идома медиҳад. Алҳол, дар шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳия ба беморон хизмати тиббӣ мерасонад.
Замоне ҳамсабақон мегуфтанд, ки духтури сироятшинос ба кор намеояд, вале аз фикрам нагаштам. Тасмими маро дар интихоби пеша муваффақ гардонд. Дар давраи доман паҳн намудани бемории оламгир СOVID-19, ки мардумро ниҳоят ғамбемор карда, маҳз духтурони сироятшинос бо маслиҳату машварати худ тавонистанд, то аз дили мардум тарсу ваҳмро берун кунанд.
Дар ин давраи пурташвиш эҳсос намудам, ки воқеан дар интихоби пеша иштибоҳ накардаам. Шабу рӯз барои гирифторони бемории коронавирус, ки умед ба мадади духтурон доштанд, қарзи инсонии худро ҳамчун табиб адо карда тавонистам. Вақте эътимоди мардумро ба кори худ мебинам, неруи дучанд гирифта, мекӯшам, то ҳар лаҳзаи умрро сарфи хидматашон кунам, - мегӯяд Фотима Шарифова.
Пас аз ором шудани мавҷи ин маризии шум табибонро зарур омад, ки аҳолиро барои пешгирӣ аз бемории коронавирус эмгузаронӣ намоянд. Фотима иқрор меояд, ки табиист, мардуми деҳот ин амалро кобили қабул надониста, иҷозати гузарондани эмкуниро намедоданд. Ҳатто ҳолатҳои бо духтурон даст ба гиребон шудану нофаҳмиҳо ба вуқуъ пайваст.
Ягона василаи пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмгузаронии саривақтӣ мебошад, ки онро кормандони тиб тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ метавонанд миёни аҳолии деҳот онро татбиқ намоянд…
Ҳар фасл вобаста бо тағйир ёфтани вазъи боду ҳаво бемориҳои сироятӣ хурӯҷ мекунад. Ба мисол дар фасли тирамоҳу зимистон бемориҳои сироятии зуком, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, шамолхӯрӣ ва зардпарвин авҷ гирифта, дар давраи баҳору тобистон бошад, бахусус кӯдакон аз бемории дарунравӣ азият мекашанд, - иброз медорад бону Фотима.
Мавсуф мегӯяд, дар баробари он ки табибон ба мардуми маҳал дар бобати ин ё он беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, ҳамчунин дар рӯзномаи ноҳиявии «Нури Нуробод» вобаста ба бемориҳои сироятии мавсимӣ маводҳо ба табъ мерасонад.
Ҳамчунин, бо беморони сироятии ба мисоли ВНМО, ки алҳол 67 нафар гирифторонашро дар қайд дорем, сари ҳар вақт вохӯрӣ гузаронда, барояшон хизмати тиббии ройгонро фароҳам овардаем. Зеро мубталоёни ин маризӣ аз нигоҳи равонӣ ошуфтаҳол ва аз зиндагӣ дилсарданду таваҷҷуҳи хосаро аз атрофиёну табибон талаб менамоянд. Ҳамин робитаи тарафайни пизишкону беморон аст, ки дар миёни аксари маризон, ки мардонанд, бо истифода аз роҳҳои худмуҳофизатӣ ҳамсаронашонро сироят накардаанд, - иқрор меояд пизишкбону.
Ба иқрори Фотима Шарифова бо иртибот бо мардум, донишу заковати касбӣ ва муомилаи наку метавон обру ба даст овард ва сазовори эътимод шуд. Аз ин рӯ, мекӯшад, то аз навовариҳои соҳа ҳар рӯз беш аз пеш омӯзад ва таҷриба андӯзад.
Қутбия Неъматуллло,
Душанбе - Нуробод
Мубодила:
Шарҳҳо
