Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Сипос ба ворисони ибни Сино
ТандурустӣЗиндагӣ бо ҳама зиштиву зебоиҳо, нишоту ғуссаҳо, бешу камиву пастиву баландиҳояш чанд соли охир дар зеҳни хастаам фақат бо як калима муродиф аст, калимаи дард. Вақте азоби ҷонкоҳи фишору қанди баланд ва номураттабии дил вуҷудамро фаро мегирад, дасту дил аз дунё мешӯям…
Дарди дилашро чунин оғоз кард бонуи азиятдида, маъюби гурӯҳи 2 Сафаргул Саиданварова, ки ба хотири изҳори миннатдорӣ ба табибони дармонбахшаш ба умед ба даргоҳи «Бонувони Тоҷикистон» меҳмон шуд. Дили ғамдору алами бисёр ва суҳбати пурбори модар моро бо худ ба долонҳои бемористонҳо бурд, ки ҳазорон беморон ба умеди раҳоӣ аз чанголи дард ба назди табибон паноҳ мебаранд. Онҳое, ки шифо меёбанд, табибонро бузургу беҳамто мехонанду онҳое, ки дардро аз меъёр гузарондаанд ва аз ин хотир табобаташон тул мекашад, ин ҳомиёни сиҳатии ҷомеаро камсаводу бетаҷриба медонанд. Аммо ворисони арзандаи Абуалӣ ибни Сино, ки бешак нобиғаи давру замонҳост ва бо таълимоти худ илми тибро комил кард, сарфи назар аз сатҳу баромади иҷтимоӣ ба кулли беморон ҷоннисорона хизмат мекунанд ва дар нигаҳ доштани вазъи саломатии аҳолӣ талош меварзанд.
Дар суҳбат холаи Сафаргулро бисёр зани намакшинос дарёфтем, ки дар бораи табибони худ ҳамчун дар бораи ҷигарбандонаш суҳбат орост ва хубии онҳоро як - як баршумурд.
Аз зарбаҳои пайдарпаю шикастҳои беохири зиндагӣ, ҳарчанд ғуруру руҳам нашикаста бошад ҳам, дилам дар панҷаи ғуссаву фишор тоб оварда натавонист. Оғози соли 2018 саломатиам рӯз аз рӯз бадтар мешуду хастагӣ тамоми вуҷудамро фаро мегирифт. Ин ҳама ноҷӯриҳои саломатиро дар асари хастагӣ медонистаму чун аксари модарон, хоса онҳое, ки фарзанди бемор доранд, худамро қавитар нишон дода, саргарми ташвишҳои рӯзгор мезистам. То он дам, ки сактаи дил маро низ аз пой афтонду дар бемористон бистарӣ кард. Баъди ташхис табибон муайян намуданд, ки ҳангоми тангшавии рагҳои дил ва ё пурра маҳкамшавии рагҳо хунгардиш дар онҳо кам ё пурра қатъ шуда, сабаби сактаи дил шудааст. Бо маслиҳату машварат ба чунин хулоса омаданд, ки барои пешгирии сактаи дигар, ки метавонад охирин тапиши дил бошад, дар дохили рагҳо девор гузоранд ва гардиши хунро барқарор намоянд, - иброз медорад бону.
Ҳарчанд дар авҷу хуруҷи дардҳо афтодаву паршикаста мешавад, гӯшаи дилаш ҳамеша рӯшан аст. Зеро ба ин бовар аст, ки бо мадади табибони ҷавону донишманди шуъбаи кардиоревмотологии МД «Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи академик К.Тоҷиев» ҳар бор дар набарди дарду ноумедӣ пирӯзу дастболо мегардад.
Дасти шифобахш, забони ширин, чеҳраи бозу ғамхории табиб-кардиологи ҷавони шуъбаи кардиоревматологияи МДМТШ №2 Муҳаммадюнус Латифов борҳо маро аз чанги ноумедиву афсурдаҳолӣ раҳо кардаасту барои беҳтар шудани вазъи саломатиам, ки зуд-зуд маро бар дари ин беморхона меорад, ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекунад. Муҳаммадюнусро, дар баробари духтури донишёру хушмуомила буданаш, бисёр ғамхору дилсӯз дарёфтам. Сарфи назар аз вақту соат ҳар боре, ки фишор ё кашиши дил азиятам диҳад, бедудилагӣ ба ӯ муроҷиат мекунаму бо риояи маслиҳату машваратҳояш ҳолати равону тавонам хубтар мешавад, - изҳори қаноатмандӣ мекунад холаи Сафаргул.
Ниёзманди беҳии саломатӣ на танҳо аз Муҳаммадюнус, балки аз тамоми он табибоне, ки дар барқарор намудани саломатии ӯ донишу маҳорати хешро дареғ надоштаанд, сипосгузор аст ва ному насаби ҳар яки онҳоро бо меҳр ба забон меорад. Аз сардухтур то хурдтарин корманди ин соҳаро эҳтиром қоил аст.
Дар баробари табибони синодаст ҳамшираи шафқат, ки аз раҳму шафқати ӯ на танҳо ман, балки тамоми беморони Маркази мазкур сипосгузоранд, Манзурабону Неъмоновна аст.
Манзурабону дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаву пешаи ҳамширагиро бо умеди ёрӣ расондан ба беморон пазируфтааст. Бонуи хушрафтору меҳрубон беморонро мисли аъзои оилаи худ медонад ва нозбардори онҳост. Чаҳор фарзандашро дар руҳияи инсонмеҳварӣ ва меҳру шафқат ба камол расондаву хушиву саодати худро ба баракати дуои неки бемороне медонад, ки аз дасти ӯву табибони ин даргоҳ шифо ёфтаанд, - баён медорад С. Саиданварова.
Чунин табибоне, ки дармонбахширо на танҳо тақозои касб, балки вазифаи ҷонии худ медонанд, дар ҳудуди кишвари азизамон кам нестанд. Аммо бо ҳисси муҳаббати модарона ва эҳтироми бузург ба шифокорони тоҷик бону Сафаргул сипосу миннатдорӣ баён мекунад, ки барояш умеди дубора ба зиндагӣ мебахшанд.
М.НАЗИРОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
