Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Маърифати тиббии аҳолӣ боло меравад»
ТандурустӣСолимӣ асоси некуаҳволии оила ва ҷомеа буда, ҳар кас дар интихоби тарзи ҳаёти солим масъул дониста мешавад ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бо ширкати тамоми аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба самти тандурустӣ ҳаллу фасли худро меёбанд. Солимии ҷомеа, ки асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар мебошад, соли 2000-ум барои таҳкими саломатӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро Малоҳат Бойназарова, ба зимма дорад. Мо бо ӯ ҳамсуҳбат шудем.
ҶиҳатиамалигардонииСтратегияимиллиисолимииаҳолииҷумҳурӣтоинмуддатбоқарориҲукуматиҶумҳурииТоҷикистонсеБарномаимиллииташаккулитарзиҳаётисолимдарҶумҳурииТоҷикистонтасдиқгардид. Дар бораи ҳадаф ва то чӣ андоза амалӣ гардидани ин барномаҳо чанд сухан мегуфтед…
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нукта, яъне «Солимии ҷомеа боигарии давлат аст!» - ро таъкид намуда, ҷиҳати солимии аҳолӣ ва рушди соҳаи тиб ғамхориҳо менамоянд, ки ин ҳама ба хотири солимии ҷомеа ва тарбияи насли солим мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқ гардидани барномаҳои мазкур низ ҳадафмандона буда, мақсади асосӣ беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббии саривақтӣ ва манбаъҳои иттилооти саҳеҳ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, таҳкими ҳисси масъулияти ҳар як фард барои солимии худ ва атрофиён аст.
Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим аввалин бор соли 2000-ум барои солҳои 2000–2010, баъдан барои солҳои 2010–2020, 2022–2026 қабул гардид. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати амалишавии ин барномаҳо бо таъсис додани Шурои ҳамоҳангсозӣ ба кори худ сар карданд. Фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим тибқи ин барномаҳои миллӣ роҳандозӣ шуда, алҳол, дар 57 шаҳру ноҳияи кишвар марказ фаъолият дошта, дар 11 ноҳия ҳуҷраи ташаккули тарзи ҳаёти солим бо аҳолӣ кор мебарад. Ин ҳуҷраҳои тиббӣ асосан дар ноҳияҳое, ки шумораи аҳолиашон аз 25 ҳазор нафар камтар аст, фаъолият менамоянд.
Дар ҷаҳон баробари доман густурдани бемориҳои сироятӣ солҳои охир афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ зиёд гаштааст, ки Тоҷикистон низ аз ин истисно нест. Дар ин миён имрӯз дар байни аҳолӣ кадом намуди бемориҳои ғайрисироятӣ зиёдтар мушоҳида мешаванд?
Фарбеҳӣ аз зумраи бемориҳои ғайрисироятист, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон барои пешгирӣ аз он талошҳои зиёд равона гардидаанд. Агар гӯем, ки тавлидкунандаи аксари бемориҳои ғайрисироятӣ зиёдии вазн ё фарбеҳӣ аст, хато намекунем. Имрӯз дар кишвар низ нафарони зиёд аз афзоиши вазни бадан азият доранд. Аз ин рӯ, марказ, ки вазифаи асосӣ ё ҳадафи аслиаш ба мардум фаҳмондани роҳҳои пешгирӣ аз ин ё он беморист, тариқи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар якҷоягӣ бо кормандони вазорату кумитаҳои дахлдор байни аҳолӣ сари ин мавзуи муҳим, яъне солимии ҷомеа корбарӣ менамояд. Дар ин маврид аз ҷониби Ҳукумати кишвар Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2024 тасдиқ гардидааст.
Табиист, ки дар ҷараёни босуръати ҷаҳонишавӣ, дар баробари дигар самтҳои хоҷагидорӣ, соҳаҳои рушди иқтисод ва саноати хӯрокворӣ низ меафзояд. Талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба хӯрокҳои тезтайёру серчарбу ва нӯшокиҳои газноку серэнерҷӣ ҳам зиёд гаштааст. Аксар барои осонии кор ва роҳат доштан аз кори ошхонадорӣ аз ин хӯрокҳои тезтайёр истифода мекунанд. Ё мебинем, ки модарони ҷавон барои кӯдакони хурдсолашон аз бозору мағозаҳо қандаку хушкнон ва картошкаи хушк, ба истилоҳ «чипс»-ро харидорӣ менамоянд, ки бешак ба саломатии кӯдакон хатарнок аст.
Истеъмоли нодурусти ғизо боиси мубтало ба бемориҳои ғайрисироятӣ, аз қабили фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, диабети қанд ва дигар маризиҳои саратонӣ мегардад. Бахусус, солҳои охир байни кӯдакон ҳам афзоиши ин бемориҳо мушоҳида мешавад, ки истеъмоли ғизои носолим яке аз сабабҳои он мебошад.
Маркази мазкур сари ҳар вақт тибқи нишондодҳои Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар байни аҳолии кишвар чорабиниҳо гузаронда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии мардум ба корҳои ҷисмонӣ ва машғул шудан ба варзиш, ки асоси солимии бадан ва дарозумрӣ мебошад, саҳм мегирад.
Баъдан, бемориҳои сироятии мавсимӣ, ба мисоли бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, зуком ва дарунравӣ, ки дар ҳар фасли сол байни аҳолӣ хуруҷ меёбад, гоҳо боиси фавти одамон мегарданд.
Кадом роҳҳои пешгирӣ аз фарбеҳиро тавсия дода метавонед?
Қаблан, мебояд реҷаи истеъмоли хӯрок риоя шавад. Истеъмоли меваю сабзавот ва аз номгӯи ғизоҳо берун намудани чарбуи ҳайвонот ва намудҳои маҳсулоти қаннодӣ ба манфиат аст. Серҳаракатӣ ва шуғл доштан ба корҳои ҷисмонӣ беҳтарин василаи пешгирӣ аз фарбеҳӣ мебошад.
Бисёр вақт аз ҷониби аҳолӣ пешгирии бемориҳое, ки тариқи ваксинатсия ё иммунизатсия анҷом меёбанд, пазируфта намешавад. Яъне, ҳанӯз ҳам барои гузарондани ваксина ва иммунизатсия баҳсҳо байни мардум ҳастанд…
Баъди эмгузаронӣ дар организми аксар кӯдакон баланд шудани ҳарорати бадан ё дигар ҳолатҳо мушоҳида мегарданд, ки сабабашро дар гузарондани ваксина медонанд, ки ин иштибоҳ аз надоштани маълумот дар бораи ваксинатсия мебошад.
Бале, воқеан, ҳоло ҳам маърифати тиббии аҳолӣ то ба андозае боло нарафтааст, ки барои пешгирӣ аз ин ё он беморӣ ваксинаҳои кӯдаконро сари вақт гиранд. Ҳадафи кормандони Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим ҳам ин аст, ки тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бобати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ байни аҳолӣ вохӯриҳо гузаронда, маърифати тиббии аҳолиро баланд бардорад. Бахусус, сари ин мавзуъ ва дар бораи риояи тозагӣ, ки яке аз самтҳои асосии тарзи ҳаёти солим мебошад, як қатор чорабиниҳо гузаронда, тариқи шабакаҳои интернетӣ ва воситаҳои ахбори омма пешкаши аҳолӣ гардондем. Табиист, ки риояи гигиенаи шахсӣ ва ваксинатсия яке аз василаҳои пешгирии роҳҳои хуруҷи бемориҳо мебошанд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО
Мубодила:
Шарҳҳо
