Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Маҳина Раҳимова: «Насли солимро модари солим ба дунё меорад»
ТандурустӣБа шарофати соҳибистиқлолии кишвар, ки дар фазои он сулҳу амонӣ ҳукмфармост, дар ҳар қадам шоҳиди навгониҳо мегардем. Воқеан, маҳз бо тадбирҳои андешидаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корсозиҳои Ҳукумати кишвар дар ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ пешрафти соҳаҳои гуногуни барои зиндагии мардум муҳим ба назар мерасад.
Ноҳияи Панҷ яке аз мавзеъҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва ҳамсарҳад бо давлати Афғонистон аст, ки дар ин сафар гурӯҳи кории мо аз якчанд соҳаҳо дидан намуда, шоҳиди пешрафти бесобиқаи ноҳия дар солҳои соҳибистиқлолӣ гардидем.
Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, ки дар он кормандони тиб барои солимгардонии аҳолӣ заҳмат мекашанд. Соҳаи тиб аз зумраи он самтҳоест, ки бо сатҳи олии хизматрасонии тиббӣ ва ҷорӣ намудани тарзи ҳаёти солим байни аҳолӣ хеле рушдкарда мебошад.
Маҳина Раҳимова, мудири шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказӣ аз пешравиҳои самти кории кормандони шуъба ва рушди соҳа, ки иртибот ба пешрафти технологияи тиббӣ дорад, чунин гуфт:
Соли 2010, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолиятам аз ҳамин шуъба оғоз ёфт. То ба ин маврид шоҳиди навгониҳои зиёде дар ин даргоҳи саломатӣ гардидам. Алҳол шуъбаи таваллуд дорои тамоми шароити хуби корӣ буда, таҷҳизоту асбобҳои тиббии замонавӣ ва ҳуҷра барои ҷарроҳон, ки махсус барои буриши қайсарӣ омода гардидааст, мавриди истифода қарор гирифт. Аҳолӣ аз тавсия ва машваратҳои мутахассисони ботаҷрибаи маҳаллӣ баҳравар буда, сари ҳар вақт дар бораи пешгирии бемориҳо чорабиниҳо гузаронда мешаванд.
Маҳинабону дар оилаи зиёӣ ба воя расида, зодмандони омӯзгораш аз хурдӣ дар қалби ӯ муҳаббат ба илму донишандӯзиро ҷо намуда буданд. Ҳамин шавқмандсозии падару модар ӯро ба касбомӯзӣ талқин намуд. Пизишк шудан мехост ва меҳраш ба пеша аз дидани хилъати сафеди табибон пайдо гардид. Мардум заҳмати духтурони маҳалро қадр карда, бо эҳтиром сипосгузорӣ аз меҳнаташон менамуданд. Агарчи давом додани таҳсил дар пойтахт барои духтарони деҳаи дурдаст мушкил буд, Маҳина бо дастгирии волидон аз пайи амалӣ кардани орзуҳояш шуд.
Соли 2004 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шуда, онро соли 2010 бо ихтисоси духтури амрози занона-момодоя хатм намуд.
- Ноҳияҳои дурдасти кишвар ҳамеша ба табибони бемориҳои занона ниёз доранд ва ин мушкили маҳал водорам сохт, ки баъди хатми Донишгоҳ корро аз зодгоҳ оғоз намоям. Алҳол дар баробари бартараф шудани мушкилиҳои корӣ, яъне нарасидани таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва ғайра, камбудии мутахассисони соҳаи тиб низ аз байн рафта, дар шуъба 12 табиб дар самти худ ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Ҳамчунин, ба хотири сайқал додан ва баланд бардоштани савияи дониш табибонро ба курсҳои бозомӯзӣ мефиристем. Дар ҷараёни фаъолият эҳсос мешавад, ки огаҳӣ аз навовариҳои замонавии илми тиб дар пешрафти кор мусоидат менамояд, - иброз дошт Маҳина Раҳимова.
Мавсуф бо таассуф аз беаҳамияти занони маҳал ба саломатии хеш ва риоя накардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, ки боиси мубтало гаштан ба дигар бемориҳои музмин мегардад, чунин андеша ронд: - Мавзуи беҳдошти саломатӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ маҳаки ҳар чорабинӣ ва вохӯриҳои духтурони маҳал бо бонувон мебошад. Илтиҳоби музмини гурда, камхунӣ ва фишорбаландии шарёнӣ аз зумраи бемориҳоеанд, ки аксари занон дар давраи ҳомиладорӣ ба табибон муроҷиат менамоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки пешгирии беморӣ беҳ аз табобат аст. Мутаассифона, на ҳар зани ҳомила ё қобили таваллуд ба ин нукта аҳамият медиҳад. Онҳо фурсате, ки кор аз кор мегузарад, баъд ба духтур муроҷиат мекунанд, ки на дар ҳар маврид натиҷаи хуб ба даст меояд.
Ба гуфтаи ӯ, дар шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказӣ дар як шабонарӯз 10–12 зан аксар бо роҳи зоиши табиӣ тифл ба дунё меорад.
- Баъзе занон мехоҳанд, ки тариқи буриши қайсарӣ тифл ба дунё оранд, агарчи дар ҳуҷраи ҷарроҳӣ тамоми шароити корӣ муҳайё аст ва ҳамчунин, занон давраи ҳомиларо бо оризаҳои гуногун мегузаронанд, момодояҳо ва табибони шуъба мекӯшанд, то тифл тариқи зоиши табиӣ ба дунё ояд. Бо роҳи зоиши табиӣ таваллуд шудани навзодро мутахассисони соҳа низ тавсия дода, таъкид менамоянд, ки ин васила ба саломатии модару кӯдак камтар хатар эҷод менамояд, - мегӯяд Маҳинабону.
Дар асоси маълумоти бадастомада дар се моҳи соли равон дар шуъбаи мазкур 627 зан таваллуд намуд, ки аз ин 63 зан тариқи буриши қайсарӣ тифл ба дунё овард, ки ин 9,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Табиби корозмуда ҳини суҳбату вохӯриҳо ба занони ҳомила ва қобили таваллуд тавсия медиҳад, ки истеъмоли кабудиҳои тару тоза, меваю сабзавот барои саломатии занҳои ҳомила зарур буда, пайваста истеъмоли онҳо занонро дар ин давра аз гирифторӣ ба бемориҳои камхунӣ ва фишорбаландии шарёнӣ нигоҳ медорад.
- Солимии ҷомеа ба солимии зан вобаста аст, зеро насли солимро модари солим ба дунё меорад. Хушбахтона, барои хуб нигоҳ доштани саломатӣ табиати зебо ва боду ҳавои мусаффо дорем, танҳо тарзи ҳаёти солимро дуруст интихоб бояд кард, - мегӯяд бонуи пизишк.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе - Панҷ - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
