Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Гар умри дароз хоҳӣ…
ТандурустӣХулосаи андешаҳои сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Муҳаммад Ҷумъазодаро дар боби солимию тандурустӣ ҷавҳар ҳамин нуқта буд. Мавсуф маҳаки асосии нигоҳ доштани саломатӣ ва тани бедарди инсонҳоро дар ҳаёти хуши оилавӣ, муносибати нек бо узви хонавода, аҳли коргоҳ ва риояи дурусти истифодабарии ғизо медонад.
Шояд корбарӣ ва суҳбату вохӯриҳои судманди кормандони соҳаи тандурустӣ дар маҳал бошад, ки сол ба сол теъдоди бемориҳои бистаришуда дар касалхонаи марказӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ кам шудан дорад, - изҳор дошт сардухтур.
Ноҳияи Панҷ на танҳо аз навоҳии дурдасти вилояти Хатлон, ҳамчунин аз минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ буда, бо кишвари Афғонистон дар масоҳати 56 километр ҳамсарҳад мебошад. Танҳо дарёи Панҷ аст, ки ноҳияро аз ин кишвар ҷое бешу ҷое камтар аз ҳам ҷудо мекунад.
Мусаллам аст, ки соҳаи тандурустии ноҳия аз самтҳои афзалиятнок буда, ба он диққати бештар равона мегардад. Бо дарки ин маънӣ Муҳаммад Ҷумъазода, ки аз соли 2020 сардухтури беморхонаи марказии ноҳия аст, кормандони соҳаро мудом барои дар сатҳи баланд хизмат расондан ба беморон даъват менамояд.
Беморхонаи марказӣ дорои 381 кат, чор беморхонаи минтақавию касалхонаи бемориҳои сил ва таваллудхонаи ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат низ дорои 145 кат мебошанд, ки дар маҷмуъ семоҳаи аввали сол ба 1890 нафар табобати статсионарӣ расонда шудааст. Аз ҷумла 269 нафар кӯдакони ноболиғ аз қайди ҳуҷраи хатна гузаштаанд, ки ҳар кадоми онҳо баъд аз амалиёти хатна муддати муайян таҳти назорати кормандони тиб қарор доштанд.
Хушбахтона, дар қаламрави ноҳия мутахассисони соҳа, табибону бародарон ва ҳамшираҳои шафқат дар соҳаи тандурустӣ мерасанд. Бемориҳои сироятӣ, ҳарчанд ки хавфи он зиёд аст, бинобар ҳамҷаворӣ бо давлати ҳамсоя хеле кам ба назар мерасад. Ба ибораи сардухтур ҳатто хавфи КОВИД-19, ки дар баъзе ноҳияҳо сирояти бештар дошт, дар ноҳияи Панҷ на танҳо дер ба қайд гирифта шуд, балки зуд бартараф гардид ва мардум аз он чандон осеб ҳам надидаанд. Албатта, ин натиҷаи корҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби табибон миёни мардум аст.
Шумори кормандони муассисаи тандурустӣ ба 980 нафар мерасад, ки 71 дарсадро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла 532 нафар бонувони соҳибтаҷриба ҳамчун хамшираи шафқат пайи табобати беморони бистаришудаанд. Роҳбари ҷавон тайи панҷ соли фаъолияти хеш аз ҳисоби буҷаи маҳалу соҳибкорони ватанӣ ва барномаҳои грантӣ дар ҳаҷми 10 миллион сомонӣ барои беморхона таҷҳизоти тиббии наву ҳозиразамон ворид намуда, беш аз 8 миллиони дигар дар таъмиру тармими муассиса сарф намудааст.
Барои бозомӯзии мутахассисони ҷавон, ки дар дохил ва берун аз кишвар таҷриба мегиранд, соҳибкорони маҳаллӣ саҳми арзанда доранд. Иддае аз табибон шуъбаи ординатураи шаҳри Москваро хатм намуда, дар муассисаҳои тандурустии ноҳия ба фаъолият пардохта, гурӯҳи дигар рӯзҳои наздик барои таҷриба андӯхтан ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар мешаванд. Барои омӯзишу таҷрибаи кофӣ ҳосил намудан дар дохили беморхонаи марказӣ ҳам имкониятҳо фаровонанд.
Адабиёти илмиву соҳавӣ ва матбуоти даврӣ мудом дар ихтиёри табибону ҳамшираҳо қарор дошта, соатҳои омӯзишӣ миёни кормандони соҳа дар рӯзҳои муайяншуда бетаъхир гузаронда мешавад. Донишҷӯёни Коллеҷи тибби ноҳияи Панҷ, ки соатҳои амалии худро дар беморхонаи марказӣ ва минтақаҳо мегузаранд, аз назорату ғамхории ҳамаҷониба бархӯрдоранд. Ҳифзи саломатии мардумро табибону ҳамшираҳои шафқат бемуҳобот вазифаи аввалиндараҷа медонанд, - бо қаноатмандӣ изҳор менамояд сардухтур М. Ҷумъазода.
Шиори «аввал аскар, баъд шаҳрванд»-ро аз роҳбар то коргари қатории беморхона вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд. Бо ворид шудани аскарон ва ё афсарони бемор ҳар нафар худро муваззаф медонад, ки сари вақт кумаки хешро дареғ надорад. Ба онҳо бенавбат ва ройгон хизмат расонда шуда, дар сурати имкони табобат пайдо нашудан сарбозон фаврӣ ба вилоят ё пойтахт интиқол дода мешаванд. Гузашта аз ин, мувофиқ ба реҷаи корӣ кормандони соҳаи тандурустии ноҳия гурӯҳи сайёр созмон дода, ба қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳо рафта вазъи саломатии аскарону афсаронро ташхис ва ба онҳо кумаки аввалияи тиббӣ мерасонанд. Хидмати «Ёрии таъҷилӣ» ҳарчанд аз соли 2023 аз тавозуни беморхона ба КАТС - кумаки аввалияи тиббию санитарӣ гузаштааст, дар чунин сафарҳо кормандони соҳа бо ҳам муштарак фаъолият мебаранд.
Аксари табибон бо муҳаббату садоқати ба кору вазифа доштаашон миёни ҳамкорон ва мардуми маҳал аз худ номи нек гузоштаанд. Роҳбарияти беморхона дар ҷашну идҳои миллӣ ба аёдати собиқадорони соҳа рафта, аз онҳо маслиҳатҳои муфид мегиранд.
Гоҳе, ки аз марзи беморхона берун шудем, марди миёнсоле рӯ ба рӯ омаду аз сардухтур бинобар хизматрасонии табибону ҳамшираҳо изҳори сипос намуд.
- Падарҷон, мо танҳо вазифаи худро анҷом мебахшем, ин тарафи ҳифзи саломатӣ дар дасти худи шумост. Тавсияи табибон, яъне парҳезу истеъмоли дурусти ғизоро фаромӯш насозед. Агар чунин кардед, бо боварӣ умри дароз хоҳед дид, - иброз намуд Муҳаммад Ҷумъазода.
Муҳофизони даргоҳ беморони рухсатшударо эҳтиромона «дигар касал нашавед», гӯён, гуселу табъашонро болида менамуданд. Аён буд, ки кормандони беморхона ҳамагӣ хоҳони сиҳатию саломатии мардуманд.
Рустами НАЗИР,
Душанбе – Панҷ – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
