БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Самараи заҳмати бузургон

Тандурустӣ

Гузори беш аз чиҳил баҳорон аз панду ҳидоятҳои зодмандон, Зумрад бо шавқи баҳрамандӣ аз аҷру фазилатҳои бомдодӣ, ҳамеша пеш аз дамидани субҳ аз хоб бедор шуда, тулуи хуршеди саҳариро раҳораҳ ба сӯи дармонгоҳ истиқбол мегирад. Мурури солҳо ҳампешаҳо пайхас намудаанд, ки ӯ якумин шуда аз дарвозаи беморхона ворид мешавад ва бегоҳӣ пас аз ҳамкорон, аз ин макон ҷониби манзилаш раҳсипор мегардад. Ба ин хотир аст, ки солиён масъулияти сарпарастии беморхонаи вилоятии силро бар зимма дорад.

Зумрад Дониева дар хонадони роҳиоҳанчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, бо амри сарнавишт пешаи синоиро пазируфт ва имрӯз ҳаёти худро бидуни фаъолияти касбӣ тасаввур карда наметавонад. Бо ҳидояти зодмандон таҳсилро дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон идома бахшид.

- Коллеҷи мазкур филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе маҳсуб ёфта, дар он беҳтарин кадрҳои сатҳи ҳамшираи шафқат омода мегардиданд,- гуфт Зумрадбону. – Давоми се соли таҳсил ва ҳамвора, лаҳзаҳои таҷрибаомӯзӣ дар дармонгоҳу маркази табобатӣ таъкидҳои модарам дар гӯшам садо медоданд: «Табибоне ҳабибони мардумонанд, ки роҳнамояшон илму таҷрибаи аз устодон омӯхтаву рисолаташон давою фараҳ овардан ба дилҳост».

Завқу истеъдоди саршор ба пеша буд, ки ҳатто дар мавсими таътил бештар аз айни таҳсил саргарми такмили касбу таҷрибаомӯзӣ буд. Дар ин ҷода роҳнамои Зумради ҷавон табибсилшиноси машҳур, равоншод Аҳмадҷон Машарифов аст, ки бо симои нурониву рафтору гуфтори дилнишинаш орзуи мисли ӯ духтур шуданро дар замири кӯдакони маҳалла парварда буд. Баъдан, аз овони донишҷӯӣ бо ҳидояти модари бузургвораш, ки ошпази беморхонаи вилоятии сил буд, ба шогирдиву баҳраварӣ аз касбияту суҳбатҳои ҳароратангези ин шахсияти беназир мушарраф гардид. Пас аз солиёни таҷрибаомӯзӣ ҳамчун дастпарвари табибони ҳирфаӣ дар ин муассисаи тиббӣ ба кор омад.

- Ҳини хатми Коллеҷи тиббӣ ва ба фаъолияти касбӣ пардохтанам дар Тоҷикистон марҳалаи баргардондани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан оғоз гардида, гурӯҳҳои корӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари тозаинтихоби кишварамон миёни мардум суҳбату вохӯриҳоро ба роҳ монда буданд, - иброз дошт Зумрад Дониева. - Дар ин ҷода, табибони саршинос ва чеҳраҳои номдори тибби вилояти Хатлон, ба мисоли Аҳмадҷон Машарифов дар ташаккули афкори ҷомеа дар руҳияи инсондӯстиву сулҳу ваҳдатгароӣ нақши таъсиргузор доштанд.

Ба гуфтаи мусоҳибам, бо ҳама шароиту имкониятҳои фароҳам дар самти табобати бемории сил, ки дар баробари сатҳи баланди хизматрасониҳои тиббӣ, ҳамзамон, дар беморхонаи вилоятӣ, беҳтарин мутахассисони корозмуда фаъолият доштанд, вале мардум мисли замони имрӯзи мо хушбину фараҳманд наменамуданд, зеро вақт довари ҳақ буд, ки барои хушбахтии инсон, пеш аз ҳама, фазои сулҳу осоиштагӣ ва оромиши қалбу хотири ҷамъ мебояд, пас он, тансиҳативу дигар хостаҳои ҳаётӣ.

Мавсуф ба умеди ояндаи накуи меҳани азиз ва фатҳи қуллаи орзуҳояш солиён ҳамчун ҳамшираи навбатдори беморхонаи вилоятии сил фаъолият бурда, 12 сол боз сарпарастории шуъбаи шуши манфии беморхонаи мазкурро ба уҳда дорад. Тули 30 соли фаъолият дар ин беморхона, дар баробари устоди нахустин ва идеали ҳаётиаш Аҳмадҷон Машарифов, ҳамзамон, аз мутахассисони баландпояи риштаи силшиносӣ, табибони зиндаёд Очилов, Азизулло Эмомалиев ва ҳам аз ҳампешаҳои соҳибтаҷрибаи худ, ба мисли Шамсулло Олимзода, Ҳабибулло Назиров, Суҳроб Камолов ва дигарон таҷрибаи касбӣ андӯхта истодааст.

Ба гуфти ӯ, новобаста ба фаъолияти пурсамари таблиғу ташвиқ дар самтҳои воқифгардонии аҳолӣ аз бемории сил, моҳияти табобати саривақтӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии он, ҳоло ҳам, аз сабаби ноогоҳӣ ва бардошти нодуруст оид ба ин беморӣ, баъзе сокинон аз шунидани мафҳуми бемории сил меҳаросанд. Ҳол он ки ин беморӣ табобатшаванда буда, аз насл ба насл намегузарад ва барои муолиҷаи саривақтӣ, шахси гирифтори касалиҳои сил, пеш аз ҳама, ба ғизои аз лиҳози экологӣ хушсифат, шароити хуби зиндагӣ ва фараҳмандиву дилбардории атрофиён ниёз дорад.

– Шукри қисмат, ки овони мактабхонӣ, дар баробари зодмандонам, инчунин, устоди мактабиамон Нуъмон Сангинов моро дар руҳияи худшиносиву хушбинӣ ба ояндаи нек ва сабру таҳаммулпазирӣ дар ноҳамвориҳои ҳаётӣ тарбияву ба воя расонда буданд. Самараи заҳмати чунин шахсиятҳои муътабар дар тарбияву обутоби мо – ҷавонон, буд, ки бо шавқу рағбати бузург таҳсил намуда, Коллеҷи тиббиро бо баҳои аъло ба итмом расондам. Дар он солу замон, новобаста аз шароитҳои вазнини иҷтимоӣ, ки устоди мактабиамон дар хонаи мо иҷоранишин буданд, ҳама ҳастии худро ба кори таълиму тарбия бахшида, дар ташаккули ҷаҳонбинии шогирдон заҳмати шабонарӯзӣ мекашиданд. Мусаллам аст, ки ҳар яки мо, меросбарони Ибни Сино, бо дарки рисолати касбӣ, фидокориву азхудгузаштанҳо ва азму иродаи матин ба ин ҷодаи пуршараф гомҳои устувор гузоштаем, то ин ки саҳми шоистаи худро баҳри ҳифзи сиҳатии башар ва солимии ҷомеа гузошта бошем,- иброз дошт дар фарҷом Зумрад Дониева.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

вилояти Хатлон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 32)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон