Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дарунравӣ бемории мавсимист
Тандурустӣ
Фасли тобистон, ки асосан давраи истироҳат ва сайругашти одамон аст, аксаран аз беэҳтиётӣ рух додани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ аз эҳтимол дур нест. Кадом намуди бемориҳои сироятӣ нисбатан дар ин давра хавфноканд?
Дар ин бора мусоҳибамон Иззатулло Халифаев, табиби сироятшиноси Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе дар мавзуи бемории дарунравӣ байни калонсолон чунин гуфт:
- Табиист, ки дар давраи гармои тобистон асосан бемориҳои сироятии дарунравии энтеровирусӣ ва ротавирусӣ ё ба истилоҳ «диарея» бештар байни аҳолӣ хурӯҷ мекунад. Сабабгори асосии мубтало гаштани одамон ба бемории дарунравӣ ин микробҳое мебошанд, ки дар наҷосат ҷойгир шуда, ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Микробҳо асосан аз риоя нагардидани қоидаҳои гигиенӣ ва истеъмоли ғизои нодуруст фаъол мегарданд. Мусаллам аст, ки ғизои истеъмолнамуда ҷисми инсонро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарур таъмин менамояд.
Бахусус, сабабгори гирифторшавии калонсолон ба бемории дарунравӣ асосан аз истеъмол намудани меваю сабзавоти ношуста мегардад. Ҳамчунин, истеъмоли хӯрокҳои тезтайёри сарироҳӣ, ки на ҳамеша аз рӯи талаботи санитарӣ омода мегарданд, боиси гирифторшавӣ ба ин беморӣ мешавад.
Ҳар бемориҳо нишонаҳои ба худ хас доранд ва нишонаи аввалини бемории дарунравӣ ин дамиши шикам, дарди шикам, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез мебошад. Табиб мегӯяд, ки ранги наҷосат сабзи сиёҳтоби пардадор буда, дар бемории исҳоли хунин бошад, пардадори хунолуд мешавад. Дар дигар бемориҳои дарунравӣ ва бемориҳои шадиди меъдаю рӯда бошад, ҳоҷатравӣ тез-тез, яъне то 10-15 маротиба дар як шабонарӯз меафзояд.
Ҳарорати бадани бемор баланд шуда, иштиҳо баста мешавад. Инчунин, фишори хун паст гардида, набз тез- тез мезанад. Лабу даҳон ва пӯсти бемор хушк мешавад. Дар вақти мушоҳидаи ин гуна аломатҳо дар бемор ҳатман нӯшидани оби ҷӯшомада ва доруи регидрон тавсия дода мешавад. Бояд гуфт, ки маслиҳат ва муоинаи духтури оилавӣ низ ҳатмист.
Табиист, ки баъзан ҳолатҳое рух медиҳад, ки аксаран истифода аз ҳар гуна гиёҳҳо ё нӯшобаҳо ҳолати беморро бадтар карда, раванди шифоёбӣ дурудароз давом мекунад.
Иззатулло Халифаев мегӯяд, ки дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои дар боло зикргардида чӣ дар кӯдакон ва чӣ калонсолон бошад, ҳатман ба духтур муроҷиат намудан зурур аст. Зеро табибон ба бемор истифодаи дурусти регидронро бо иловаи дигар доруҳо тавсия медиҳанд, ки дар ин ҳолат бемор ҳар чӣ тезтар шифо меёбад. Дар сурати вазнин шудани ҳолати бемор бо маслиҳати табиб бемор дар беморхона бистарӣ шуда, таҳти назорати духтурон қарор мегирад.
Баъдан, бемороне ҳастанд, ки бо худмуолиҷакунӣ ҳолати нохушро ба бор меоранд, ки бояд ин гуна беморон ҳатман таҳти назорати ҷиддии табибон гирифта шаванд.
- Аксаран ба бемор додани доруи регидрон тавсия дода мешавад, вале ин нуктаро ба инобат гирифт, ки истеъмоли он ҳам қоидаҳои махсуси худро дорад. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки беморон худсарона ба истеъмоли дору машғул нашаванд ва ҳатман аз маслиҳату машварати табибони сироятшинос баҳравар гарданд, - иброз медорад табиб.
Ҳамчунин, мавсуф тавсия медиҳад, ки косаю табақ ва дигар зарфҳои бемор мебоист аз атрофиён ҷудо карда шавад. Агар духтури оилавӣ дар беморхона бистаришавиро тавсия диҳад, рад накарда, гирифтани табобати статсионарӣ барои бемор зарур аст.
Мегӯянд, ки тозагӣ гарави саломатист. Риоя намудани тозагии хонаи хоби бемор бояд дар мадди назари бемордорон бошад. Риояи тозагӣ ва интихоби тарзи ҳаёти солим инсонро аз ҳар гуна бемориҳо ҳифз менамояд.
- Чуноне дар боло зикр шуд, аксаран тарзи истифобарии регидронро намедонанд ва роҷеъ ба тарзи тайёр кардани маҳлули омода кардани регидрон чунин чунин тавсия медиҳам: Як халтачаи регидронро кушода, хокаи онро ба зарфи шишагии 1 литра андозед ва 1 литр оби ҷӯшонидашудаи ширгармро илова кунед. Онро то ҳал шудани хока омехта кунед. Маҳлули тайёршударо фақат то 24 соат истифода баред. Дар таркиби регидрон дар як воя 20 гр глюкоза, 3,5гр хлориди натрий, 2,9 гр лимӯи турши натрий, 2,5 гр бикарбонати натрий ва 1,5 гр хлориди калий мавҷуд аст.
Ҳангоми дастрас набудани регидрон дар хона намуди маҳлули табобатӣ тавсия дода мешавад. Онро чунин омода намоед: дар як литр оби ҷӯшонидашудаи ширгарм чор қошуқчаи хурд шакар, ним қошуқчаи хурд намаки оширо омехта намоед. Ҳангоми тайёр намудани ин маҳлул таркиби онро дуруст ҳисоб намудан лозим аст, зеро истифодаи шакари зиёд шиддати дарунравиро зиёд мегардонад. Намаки зиёд бошад, барои организм зарарнок аст, - иброз медорад пизишк.
Аз тавсияи табибон:
Хоҳед, ки дар фасли гармо аз хатари дарунравӣ эмин монед, аввалан ба тозагӣ риоя намуда, баъдан ҳар хӯрок ё маҳсулоту мевае, ки истеъмол мекунед, тоза шуста, истифода намоед.
Аноҳито
Мубодила:
Шарҳҳо
