БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

50 сол дар хизмати мардум

Тандурустӣ

Табиби ҳозиқ Паймора Сулаймонова ним асри умри пурбаракати хешро нисори ҳифзи саломатии модару кӯдак намудааст. Айни ҳол мудирии беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнонро бар дӯш дорад. Ин табобатгоҳ соли 1995 бо назардошти ниёзи мардуми деҳот, ба мақсади мусоидат ба вазъи беҳдоштии ҳифзи саломатии сокинон таъсис ёфта, аввалин мудири беморхона Пайморабону дар беҳтар намудани шароити хизматрсонии ин муассиссаи тиббӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Ба мушкилиҳои зиёд нигоҳ накарда кормандони бемористон бо роҳбарии табиби соҳибтаҷриба ба деҳаҳои дуртарину балантарини деҳот пойи пиёда мерафтанду аҳли хонаводаҳоро аз ташхсиси аввалияи тиббӣ мегузаронданд. Бахусус, ҳолати модарону кӯдакон дар маркази диққати пизишкон қарор дошта, ба шарофати саъйи табибон дар иҷрои вазифаи хизматиашон аз лиҳози ҳифзи саломатии модару кӯдак Ҷамоати деҳоти Сучон ҳамеша яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар миқёси вилоятро дорад.

Паймора соли 1969 ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғҳуҷҷат супурда, донишҷӯ шуд. Ягона писарбачаи курс Хусрав аз байни соҳибҷамолони ҳамсабақ Паймораро, ки ҳушу ёдаш фақат ба хондан банду бештари вақташро ба мутолааи адабиёти тахассусӣ ва бадеӣ дар китобхона мегузаронд, дӯст дошт. Онҳо оила барпо намуданд.

 

Пас аз хатми Омӯзишгоҳ Паймора чанд муддат дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятӣ ва як соли дигар дар беморхонаи ноҳияи Мурғоб таҷриба омӯхт, пас аз ин зану шавҳари ҷавон ҳар ду довталаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид. Азбаски Паймора дипломи сурхи Омӯзишгоҳи тиббиро дошт, фақат аз фанни биология имтиҳон супурда, донишҷӯ шуд. Хусрав дар комиссияи мандатӣ нагузашт, вале аз муваффақияти ҳамсараш болида буду ӯро дилпур намуд, ки муттакояш мегардад. Ҳамин тариқ ҷавонзан ба таҳсил ва шавҳараш ба кор дар муассисаи тиббии шаҳр пардохтанду ҳосили ҷидду ҷаҳди шашсолаи кору таҳсилашон дипломи олӣ ва се фарзанди дӯстрӯяк, ки дар ин давра пайи ҳам ба дунё омад, насибашон гардид. Алҳол онҳо соҳиби панҷ фарзанд ва набераву абераи зиёданд.

Пас аз хатми Донишгоҳ дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятӣ, Хадамоти «Ёрии таъҷилӣ» дар шаҳри Хоруғва солиёни зиёд дар беморхонаҳои марказии ноҳияи Шуғнон ва беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Сучон ба мардум хизмати содиқона ва беподош расондааст.

Пизишкони тоҷик дар ҳифзи беҳдоштии сокинони кишвари ҳамсояи Афғонистон саҳми сазовор доранд. Бо сарпарастии созмонҳои байналмилалӣ П.Сулаймонова низ муддати шаш сол дар бемористонҳои Кобул ва вулусволиҳои Ишкошиму Шуғнони Бадахшони Афғонистон беморонро шифо бахшидааст.

Ҳамкорон дар бораи ин табиби ҳозиқ мегӯянд, ки дар ниҳоди ин бону ҷасорати бузурги мардона ниҳон аст. Вай доруву дармонро воситаи асосии табобат медонад, вале чун зарурати ҷарроҳӣ ба миён ояд, теғи синоӣ ба даст мегираду амалиётро бо азми қатъӣ ва сифати баланд анҷом медиҳад…

                                           Ш.МИРЗОҶАЛОЛ,

                                             ноҳияи Шуғнон.

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон