Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Пешгирии диабети қанд
ТандурустӣТибби муосир рӯз ба рӯз рушд мекунад, ниёз ба табибони дониши нав, диди тозадошта дорем. Моҳсафар Раҳимова дар қатори табибони ҷавонест, ки бо муҳаббат ба касб, эҳсоси масъулият ва ғамхорӣ нисбат ба мардум дар роҳи пуршарафи тиббӣ қадам мениҳад. Ӯ ассистенти кафедраи эндокринологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, дар баробари фаъолияти илмӣ ва табобатӣ, ҳамзамон, модари се фарзанд мебошад. Шавҳараш ҳуқуқшинос аст ва дастгирии аҳли оила ба ӯ имкон медиҳад, ки миёни зиндагии шахсӣ ва фаъолияти касбӣ тавозуни солимро нигоҳ дорад. Имрӯз тасмим гирифтем чанд маслиҳати муфиди табиби ҷавонро барои хонандагони гиромӣ пешкаш намоем:
Диабети қанд яке аз бемориҳои хатарнок ва босуръат паҳншавандаи асри муосир ба шумор меравад. Сол ба сол шумораи бештаре аз мардумро фаро мегирад ва ба як мушкили бузурги глобалии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст.
Тибқи гузориши Федератсияи байналмилалии диабет ( IDF ) дар соли 2024:
• Дар ҷаҳон зиёда аз 540 миллион нафар калон- сол (аз 20 то 79-сола) ба диабети қанд мубта- лост. Ин маънои онро дорад, ки тақрибан аз 10 нафар як калонсол гирифтори ин беморист. Ба ин маризӣ бештар занҳо гирифтор мешаванд.
Намудҳои диабети қанд ва сабабҳои пайдоиши он.
1.Диабети навъи 1
Ин намуди диабет дар натиҷаи аз кор мондани ҳуҷайраҳои истеҳсолкунандаи инсулин (ҳуҷайраҳои бета) ба амал меояд. Ин ҳолат метавонад сабаби мушкилиҳои аутоиммунӣ бошад, ки дар натиҷаи вайроншавии системаи масуният (иммунитет) рух медиҳад ва ба ҳормонҳои бадан таъсир мерасонад. Омилҳои хатар инҳоянд:
• Собиқаи оилавӣ (яъне, агар дар хонавода касе диабет дошта бошад);
• Омилҳои вирусӣ (баъди сирояти вирус);
• Омилҳои муҳити зист;
• Норасоии витамини Д дар кӯдакӣ.
2. Диабети навъи 2
Дар ин ҳолат, бадан ба инсулин муқовимат нишон медиҳад, яъне ҳуҷайраҳо ба он дуруст вокуниш намедиҳанд. Ин намуди диабет бештар ба ҳормонҳои дигар вобаста аст, масалан:
• Глюкагон- гормоне, қи сатҳи глюкозаро боло мебарад. Агар глюёагон зиёд ҳосил шавад, он метавонад боиси афзудани шакар дар хун гардад;
• Кортизол – ҳормони стресс. Дар ҳолати фишори доимӣ (стресс), сатҳи кортизол баланд мешавад;
• Ҳормонҳои ҷинсӣ (эстроген ва тестостерон) низ метавонанд ба мубодилаи шакар таъсир расонанд. Масалан, дар занони пас аз менопауза ва дар мардони калонсол, бо тағйир ёфтани сатҳи ин ҳормонҳо хавфи диабет меафзояд;
• Ҳормонҳои ғадуди сипаршакл: гипотире- оз (камфаъолшавии ғадуд) ё гипертиреоз (зиёдафаъолшавӣ) метавонанд ба вазни бадан ва ҳассосият ба инсулин таъсир расонанд;
• Ғадуди болои гурда: баланд шудани кортизол (дар бемории Кушинг) ба зиёдшавии шакар оварда мерасонад.
3. Диабети қанд дар давраи ҳомиладорӣ ё худ диабети гестатсионӣ
Диабети қанд дар давраи ҳомиладорӣ як навъи махсуси диабет аст, ки аввалин маротиба дар давоми ҳомиладорӣ ташхис мешавад. Ин ҳолат метавонад дар ҳар як зани ҳомила рух диҳад, ҳатто то он замон ягон нишонаи диабет надошта бошад. Ин беморӣ на танҳо ба саломатии модар, балки ба саломатии кӯдаки батн низ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Омилҳои хатар инҳоянд:
• Вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ пеш аз ҳомиладорӣ;
• Собиқаи диабет дар аъзои оила;
• Ҳомиладории қаблӣ бо диабет;
• Синни зиёда аз 30–35 сол;
• Таваллуди кӯдак бо вазни зиёда аз 4 кг дар гузашта.
Инчунин, яке аз сабабҳои асосии гирифтор шудан ба диабети қанд ин истифодаи ғизои нодуруст мебошад. Ғизои нодуруст маънои онро дорад, ки шахс ба шакару ширинӣ, ғизоҳои равғанӣ ва бирёншуда, нон ва маҳсулоти бо орди сафед тайёршуда, оби ширин (газдор), афшураҳои бастабандишуда ва хӯрокҳои зудтайёр (фасфуд) бештар майл дорад.
Нишонаҳои асосии диабети қанд
1. Полиурия - пешобравии зиёд. Ба сабаби зиёд шудани глюкоза дар хун, бадан онро тавассути пешоб хориҷ мекунад. Шахс шабона ва рӯзона борҳо пешоб мекунад;
2. Полидипсия - ташнагии шадид. Шахс доим ташна мешавад ва ҳатто баъд аз нӯшидани об эҳсоси ташнагӣ намеравад;
3. Полифагия - иштиҳои зиёд. Шахс бисёр мехӯрад, вале вазни баданаш кам мешавад. Ин нишонаи хоси диабети навъи 1 аст;
4. Хастагии доимӣ. Глюкоза ба ҳуҷайраҳо намерасад ва шахс худро доим хаста эҳсос мекунад;
5. Хушкшавии даҳон ва пӯст. Зиёд шудани глюкоза дар хун боиси хушк шудани даҳон ва пӯст мегардад;
6. Набудани шифо дар захмҳо. Захмҳо ва буришҳо дер шифо меёбанд. Ин сабаб мешавад, ки диабет боиси осеби пойҳо (қаҳварангии пӯст, ҷароҳатҳо) гардад;
7. Хира шудани биноӣ. Баланд будани шакар метавонад моеъи дарунӣ ва биноии чашмро вайрон кунад, ки боиси хирашавии биноӣ мешавад;
8. Ангезиши зуд ва асабоният. Норасоии глюкоза дар ҳуҷайраҳо ба ҳолатҳои асабоният ва депрессия оварда мерасонад.
Оризаҳои диабети қанд
1. Невропатияи диабетӣ (осеби асабҳо). Баланд будани глюкоза дар хун ба асабҳо зарар мерасонад. Аломатҳо метавонанд чунин бошанд:. Карахтшавӣ ва хориш дар дасту пой.. Эҳсоси сӯзиш ё дард.. Талафи ҳис дар ангуштон;
2. Ин ҳолат метавонад боиси пайдоиши ҷароҳатҳои пой ва ҳатто ампутатсия гардад;
3. Ретинопатияи диабетӣ (осеби чашм). Шакари зиёд ба рагҳои майдаи чашм таъсир мерасонад ва метавонад биноиро заиф кунад, боиси хирашавии чашм гардад, дар ҳолатҳои вазнин - сабаби нобиноии комил шавад;
4. Нефропатияи диабетӣ (осеби гурда). Диабет метавонад боиси норасоии кори гурдаҳо гардад. Дар ҳолатҳои вазнин, ба бемор зарур мешавад бо дастгоҳ хунашро тоза кунад, яъне гемодиализ гузаронад;
5. Бемориҳои дилу рагҳо. Диабет хатари бемориҳои дилро чанд маротиба зиёд мекунад, яъне оварда мерасонад ба инфаркти миокард (сактаи дил), инсулт (сактаи мағзи сар), фишорбаландии доимӣ;
6. Диабети пой (синдроми пойи диабетикӣ). Ба сабаби осеби асабҳо ва гардиши бади хун, дар пойҳо захмҳо ба вуҷуд меоянд, ки дер шифо меёбанд. Ин захмҳо метавонанд илтиҳоб шаванд, бе ҳис гарданд ва ба ампутатсия (буридани пой) оварда расонанд;
7. Кетоатсидоз ва кома. Дар беморони диабети навъи 1, агар инсулин сари вақт гирифта нашавад, дар бадан моддаҳои заҳрнок (кетонҳо) ҷамъ мешаванд, ки метавонанд боиси бӯйи атсетон аз даҳон, дард дар шикам, хоболудӣ ва ҳатто кома (беҳушӣ) шаванд;
8. Инфексияҳо. Бадани шахси диабетдор ба микробҳо ҳассостар мешаванд. Ин метавонад боиси илтиҳоби дандонҳо ва милки даҳон, илтиҳоби пӯст ва сирояти роҳҳои пешоб шаванд; Омилҳои бештаркунандаи хатар. Агар шахси гирифтори диабет ин амалҳоро иҷро накунад, хатари асорат дучанд мешавад:
• Назорат кардани шакари хун;
• Ғизои носолим ва сершакар;
• Камҳаракатӣ;
• Риоя накардани табобати табиб;
• Фишорбаландӣ ва холестерини зиёд.
Чӣ гуна аз оқибатҳои диабет пешгирӣ кунем?
• Назорати мунтазами шакари хун;
• Истеъмоли ғизои солим ва парҳез;
• Варзиши мунтазам;
• Истифодаи дурусти дору ва ё инсулин;
• Санҷиши мунтазами чашм, гурда ва пойҳо;
• Парвариши пойҳо ва истифодаи пойафзоли мувофиқ.
Хулоса
Вайроншавии ҳормонҳои занона дар давраи ҳомиладорӣ ва дер муроҷиат кардан ба мутахассисон, тарзи ҳаёти носолим ва ғизои нодуруст яке аз омилҳои асосии гирифтор шудан ба бемории диабети қанд мебошад. Аз ин рӯ, сари вақт ба духтурон муроҷиат намоед.
Мубодила:
Шарҳҳо
