Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аҳолӣ аз хизматрасонии тиббӣ розӣ
ТандурустӣСоли дувум аст, ки дар иртибот ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон озмуни маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо номи «35 шаҳру ноҳияи беҳтарин» идома дорад. Дар ин муддат аҳли эҷоди маҷалла аз бештари шаҳру ноҳияҳои кишвар дидан намуда, аз рўзгори мардуми ободкору ватандўст, ки ҳар яке саҳме дар пешрафту рушди соҳаҳо гузоштан дорад, мавод омода карданд. Сар аз бонуи одии деҳотӣ, ки умри хешро сарфи кори саҳро, тамизкории кўчаю гулгаштҳо намудааст, то зани роҳбару мақомдор мусоҳибамон буданд.
Ин навбат роҳ пеш гирифтем ба сўйи ноҳияи Фархор. Воқеан, ҳар сафари корӣ, ки ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар анҷом медиҳем, кўлворамон пур аз хотираҳо аз лаҳзаҳои вохўрӣ ва ҳодисаҳои аҷиб бо одамони наҷиб мегардад. Ин дафъа низ дар ин минтақаи наздисарҳадӣ шоҳиди ободкориҳои зиёде гаштем, ки саҳмгузоронашон инсонҳои шарифу ватандўст буданд. Онон кўшидаанд, ки дар пешрафту шукуфоии маҳал, кўча, ноҳия ва ниҳоят Меҳани азизи худ саҳим бошанд.
Дар баробари дидан аз корхонаю муассисаҳои ноҳия вориди бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ба номи Қудратулло Валиев шудем. Авҷи корҳои созандагӣ ва талоши аҳолӣ барои ободонӣ худ гувоҳи солимии ҷомеа аст, ки он аз заҳмати шабонарўзии табибон маншаъ мегирад.

Дар бораи фаъолияти пизишкон ва дигар кормандони тиб Комилҷон Раҳматуллоев, муовини сартабиби беморхона оид ба корҳои табобатӣ, чунин иброз дошт:
- Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди низоми тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ки натиҷаи онро дар сатҳи хуби хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дидан мум- кин аст. Фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор дар асоси барномаҳо ва стратегияҳои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои муайян роҳандозӣ шудааст.
Алҳол, дар 12 шуъбаи беморхона 120 пизишк ва 520 ҳамшираи шафқат ба мардум хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар беморхона тамоми шароитҳои корӣ ва асбобу таҷҳизоти тиббӣ муҳайё буда, 270 кат барои маризон ҷудо шудааст.
Солҳои қаблӣ набудани бархе аз асбобҳо ва таҷҳизоти тиббӣ ва, ҳамчунин, норасоии табибони самтҳои гуногуни тиб боиси шикоят пеш овардани маризон мегардид. Таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббии замони муосирро беҳтарин мутахассисон барои ташхис ва муоинаи беморон истифода мебаранд, вале ҳанўз ҳам норасоии мутахассисони соҳа мушкили рўз боқӣ монда, дар шуъбаҳои алоҳида нарасидани табиби эҳёгар, сироятшинос ва момопизишк-гинеколог боиси сари вақт ба табобат фаро нагирифтани мардум гаштааст. Дар ин бора ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тариқи мактуби расмӣ муроҷиат намудем ва умед дорем, ки ин мушкилӣ ҳалли худро меёбад.
Бо оби нўшокӣ таъмин набудан мушкили дигар буд, ки алҳол дар ин самт корҳои таъмиру тармим идома доранд ва рўзҳои наздик норасоии оби ошомиданӣ бартараф мегардад.
Комилҷон Раҳматуллоев мегўяд, ки аслан бемориҳои дар байни аҳолӣ бақайдгирифта дар мавсими муайян, яъне тобистону зимистон хурўҷ менамоянд. Ба мисоли бемориҳои шадиди рўдаю меъда, ки дар фасли гармо ва маризиҳои шадиди роҳҳои нафас дар давраи сармо авҷ мегиранд. Ҳавои номусоид аксар боиси сар задани бемориҳои фишорбаландӣ ва қалб байни калонсолон мегардад.
Гулшанбӣ Давлатова, духтури момопизишк-гинеколог, 27 сол аст дар шуъбаи таваллуд фаъолият мебарад, моҳе пештар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб шуд.
- Вақте боэътимодона масъулияти вакилиро ба дўшам гузоштанд, мекўшам, то сазовори ин боварӣ бошам. Аз вохўриҳои аввалин бо мардум, ки мав- зуи суҳбатамон дар бораи солимии ҷомеа буд, эҳсос намудам, ки мардум ногуфтаҳо доранд. Тариқи чорабинию вохўриҳо аз мушкили аҳолӣ бохабар шуда, мебоист аз пайи дарёфти ҳалли камбудиҳо шуд. Баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, бахусус байни бонувони маҳал, рисолати мост, ки барои расидан ба ин ҳадаф талош бояд кард.
Вакилбонуи тозаинтихоб дар оянда гуза- рондани чорабинӣ ва вохўриҳоро дар муассисаҳои таълимӣ дар назар дорад. Ў мегўяд, ки бархўрдор будани хонандагон аз маърифати тиббӣ, бахусус ҷавондухтарон, ки оянда модар мешаванд, ҳатмист. Онҳо мебоист аз давраи мактабхонӣ аз чӣ гуна ба табиб муроҷиат намудан ё дастрасӣ дош- тан ба ёрии аввалияро донанд ва дар лаҳзаҳои коромад аз он истифода баранд.
- Ман низ як духтари одии деҳотӣ будам. Тарғибу ташвиқи занҳои фаъоли ҷомеа ва дастгирии устодону аҳли хонавода буд, ки таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино идома дода, соҳибкасб гардидам. Аз ин хотир, мехоҳам бо истифода аз номи вакилӣ бо аҳли ҷомеа дар гуфтугў бошам. Имрўз рисолати мост, ки ҷавондухтаронро ба омўзиш ва касбазбаркунӣ тарғиб намоем. Ҳушдор диҳем, ки нисбат ба саломатии худ ва наздикона- шон бепарво набошанд.
Дар таҷрибаи корӣ шоҳидам, ки маҳз аз ҷаҳолат ва беаҳамиятии хонаводаҳо нисбат ба саломатии модару кўдак даҳҳо ҳодисаҳои нохуш рух медиҳанд. Аксар хонавода барои сари вақт аз ташхис ва муоина гузаштани зани ҳомила розӣ намешаванд ва муқобилият нишон медиҳанд, ки зан дар давоми ҳомиладорӣ ё ҳангоми таваллудкунӣ дучори мушкилӣ мегардад. Дар ин ҳолат табиб барои наҷоти ҷони модару кўдак дар мубориза аст, вале, мутаассифона, на ҳар вақт заҳмати пизишк босамар анҷом меёбад, - иброз медорад Гулшанбӣ Давлатова.
Ба гуфтаи табиб, омўзиши маърифати тиббӣ фаро гирифтан ба таълими курсҳои махсусро тақозо наменамояд. Фақат ин ки аҳолӣ тарзи ҳаёти солимро риоя карда, бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои беморӣ сари вақт ба табибон муроҷиат намоянд, ташхису муоина, пешгирӣ ва аз пайи табобати беморӣ шудан ҳам як паҳлуи асосии маърифати тиббӣ мебошад.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе-Фархор-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











