БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Рушди тандурустӣ дар ноҳияи наздимарзӣ

Тандурустӣ

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологии деҳоти Даштигулҳо дидан карданро ҳатмӣ донистем, чун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи он, ки соли 2024 сурат гирифта буд, аз бунёди чунин Маркази зебову замонавӣ ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ситоиш намуда, бо табибон суҳбат ороста, аз иқдоми ватандўстонаи соҳибкори маҳаллӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

 

Аз маркази ноҳия то деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо роҳ тахту ҳамвор асту аз ду самти ҷода дарахтони сабз зеббахши он. Ҷое об  ҳаст, ободӣ ҳаст, мегўянд. Воқеан, ҳар ҷо ҷўю рўдҳои равон ба табиати ин мавзеи обшор хушнамоиву баракат афзудааст. Сафари кории гурўҳи эҷодии «Бонувони Тоҷикистон», ки дар фасли поизи зарринқабо сурат гирифт, пурмаҳсулу хотирмон буд.

Мошин аз роҳи асфалтпўш назди беморхонаи №1-и деҳа чархид, ки аз самти чапи он бинои дуошёнаи Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ қомат афрохтааст. Андешаи он ки чӣ ангезае тавонист Роҳбари давлатро дар ин макон муддате мутаваққиф созад, батамом чашму ҳуш сўйи он шудем. Иморати озодаву навбунёд, атрофаш гулу сабза дар нумў.

Бо вуруд шудан ба дохили бино навори филмҳои ҳолливудӣ пеши назар меояд, ки бемористонҳои замонавии он бо олитарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳазанд ва инак, шукр, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистони азиз чунин марказе арзи ҳастӣ кардаву мутахассисон таъмин ва маризон сари вақт аз хидматрасонии тиббӣ баҳраманданд.

Марказ аз ҷониби соҳибкори саховатманду меҳандўст ва табиби ҳозиқ Азиз Азизов бо харҷи 7 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Он дар 14 километрии маркази ноҳия воқеъ буда, масоҳати умумиаш 500 метри мураббаъро фаро мегирад. Марказ дорои 16 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, ташхисгоҳ, дорухона, электрокардиограмма (ЭКГ), ташхиси фаросадо, ҷарроҳии ҷоғ, чор ҳуҷраи духтурони дандон, имплантолог, ортодонт ва озмоишгоҳ барои тайёр кардани дандон ва безарар гардондани асбобҳои дандондармонӣ мебошад. Таҷҳизоти ташхису табобатии Марказ аз ширкати Сафетии Италия харидорӣ шудаанд.

- Дар Марказ озмоишгоҳҳои замонавии клиникӣ, биохимиявӣ, вирусологӣ ва ҳормоналӣ фаъолият доранд, ки бо таҷҳизоти замонавӣ таъминанд. Дар ҳудуди вилояти Хатлон ин дувумин аст, ки дорои стоматологияи имплантологист. Томографияи компютерӣ бошад ҷоғи болову поёнро навор ва нусхабардорӣ мекунад, то барои имплант мондан монеае эҷод нагардад. Пизишкони дандонсоз, ки берун аз ҷумҳурӣ низ фаъолият кардаанд, дар озмоишгоҳи техникии Марказ дандон месозанд. Мутахассисони мо дар кишварҳои Россия, Беларус, Қазоқистон ва Ўзбекистон ҳар 6 моҳ аз курси такмили ихтисос гузашта, донишу маҳорати худро сайқал медиҳанд. Аз 20 воҳиди корӣ 10 нафар бонувон буда, 8 нафар мутахассиси соҳаи тиб мебошад, - изҳор намуд Азиз Азизов.

Марказ сар аз соли 2024 ба беш аз се ҳазор бемор хидмат расондааст. То ин муддат сокинони деҳот барои ташхиси бемориҳои гуногун ва табобати дандон ба маркази ноҳия ва вилоят мерафтанд, ҳоло бошад ташхису табобати босифатро бо нархи нисбатан арзон дар ин ҷо мегиранд. Сокинони ноҳияҳои Фархор ва Восеъ низ аз хидматрасонии дармонгоҳ бархўрдоранд.

-Зодаи ҳамин деҳа ҳастам, мушоҳида мекардам, мардум барои табобат қариб як рўзи худро сарф мекарданд, ҳамин тариқ тасмими таъсиси Марказ ба миён омад. Замони ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити муҳайёшуда барои ташхису муолиҷа баҳои баланд дода, тавсия доданд, ки дар маркази шаҳру ноҳияҳо чунин марказҳо бояд сохта шаванд, - гуфт сардухтур.

Бартарии ин табобатгоҳ дар он аст, ки ҷарроҳии синус-лифтинг (ҷарроҳие, ки бофтаи устухонии ҷоғи болои азбайнрафтаро барқарор менамояд) гузаронда, баъдан имплант мегузоранд.

Барои ҷалби мутахассисон ба кор аз ҳисоби бонувон ҳамчун акушер-гинеколог ҳоло яке аз духтарони маҳалро тайёр карда истодаанд. Номбурда алҳол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил менамояд.

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматрасонӣ дар Марказ ба ятимон, шахсони танҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба таври ройгон пешбинӣ шудааст. Аз дидаву шунида муассир, роҳ сўйи беморхона ва таваллудхонаи ноҳия гирифтем, то аз пешрафт ва камбудиҳои дигари соҳаи тиб воқиф гардем.

Беморхона ва таваллудхона

Бинои беморхонаи марказӣ, агарчи якқабата аст, намои берунӣ ва дохили он таъмиршуда асту гирду ванааш сабзу гулкорӣ, долону роҳраву ҳуҷраҳо тозаву озода. Дафтари кории муовини сартабиб оид ба корҳои оморӣ Дилшод Шафиев ба даромадгоҳи асосӣ наздик ҷойгир аст. Ҳини суҳбат мутахассис ва ҳамсуҳбати хуб буданаш ҳувайдо гардид, ки аз нозукиҳои соҳа, камбудиву пешрафт метавонад маълумоти дақиқу санҷидашударо бо рақамҳо орад.

Аз маълумоти ў дарёфтем, ки беморхона аз 10 шуъба ва 320 кат иборат аст. Ҳамчунин, се беморхонаи минтақавӣ дар деҳаҳои Турдиев, Қаҳрамон ва Меҳнатобод дорад, ки дар умум шумораи катҳо ба 465 адад мерасад. Бо шумули беморхонаи марказӣ боз 6 беморхонаи дигар дар ноҳия фаъолият менамояд, аз ҷумла беморхонаҳои №1, бемориҳои сил, маркази саломатӣ, тибби оилавӣ, 20 маркази саломатӣ ва 23 бунгоҳи тиббӣ.

Дар беморхона як мошини ёрии таъҷилӣ, дар КАТС се адад ва дар беморхонаҳои № 1-и Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо ва Меҳнатобод яктоӣ мавриди истифода қарор доранд. Бино ба маълумоти муовини сардухтур, соле чанд ҳолати таваллуд дар хона ба қайд гирифта мешавад, ки сабабаш дурии роҳ аст. Имсол 6 ҳодисаи таваллуд дар роҳ зикр ёфтааст ва барои пешгирии чунин ҳолатҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Бинои шуъбаи таваллуди беморхона соли 2020 пурра аз таъмир бароварда шуда, 60 кати бистарикунонӣ дорад. Шуъбаи амрози занона алоҳида 20 кати дигарро дорост. Дар шуъбаи таваллуд 8 мутахассиси занон ва зоймон (акушергинеколог) фаъолият мебаранд, ки як нафари онҳо категорияи олӣ ва ду нафар категорияи дувумро доро мебошанд. Ҳамшираҳои шафқат дорои маълумоти миёнаи тиббианд.

 -Дар ин самт норасоии кадрӣ надорем. Танҳо духтури трансфузиолог, яъне мутахассиси хунгузарон намерасад, ки дар ин самт чораҷўӣ мешавад. Норасоии кадрҳоро қадре дар муассисаҳои КАТС низ метавон мушоҳида кард. То ду соли охир намедонистем, ки ҷавонони бо Квотаҳои президентӣ муассисаҳои олии тиббии кишварро хатмкарда ба куҷо ба кор мераванд. Ҳоло соли дувум аст, ки рўйхати хатмгарони Донишгоҳ ба мо ирсол мегардад ва онҳо дар ноҳия ба кор ҷалб карда мешаванд. Соли гузашта ду нафарро ба кор гирифтем, имсол бошад, як нафарро аллакай ба кор пазируфта, дувумӣ дар ординатура таҳсил дорад. Моҳи август бо поён ёфтани таҳсил ўро низ ба соҳаи тибби ноҳия мехонем. Умуман, агар аз норасоии кадом мутахассисе танқисӣ кашем, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар бо мактуб муроҷиат мекунем, ки баъдан ин мушкилӣ ҳалли худро меёбад, - изҳор намуд Дилшод Шафиев.

Бино ба маълумоти ў, тули ду сол аст, ки дар шуъбаи таваллуд фавти модарон рух надодааст, фавти навзодон дар соли 2024-ум 63-то буд, 48 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Сабаби асосии онро аз сироятҳои дохилибатнӣ, камвазнӣ ва нуқсонҳои модарзодии тифл медонад. Ба суоли барои пешгирии чунин ҳолатҳо чӣ чораҳо андешида мешаванд, муовини сардухтур иброз дошт:

 -Кормандони марказҳои саломатӣ ҳар рўз бо усули хона ба хона аз вазъи солимии сокинон огаҳӣ меёбанд, бобати тарзи дурусти истеъмоли ғизо, тарзи ҳаёти солим, дурӣ ҷустан аз корҳои вазнини ҷисмонӣ, риояи тозагӣ ва ғайра суҳбатҳо анҷом медиҳанд. Солимии модар солимии тифл аст ва солимии тифл солимии ҷомеа. Бонувон бояд сари вақт ба марказҳои саломатӣ муроҷиат кунанд, таҳти назорати духтури оилавӣ бошанд, аз машварати мутахассисон баҳравар гарданду тавсияҳои онҳоро қатъӣ ба ҷо оранд.

Бо огаҳӣ ёфтан аз вазъи тандурустии сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, баъди суҳбат бо мутахассисони соҳибтаҷриба итминон ҳосил намудем, ки имрўзҳо минтақаҳои дурдасти кишвар низ аз рушди соҳа дар канор набуда, дар радифи бемористонҳои пешрафтаи мамлакат аз навгониву навовариҳо баҳраманданд ва барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта саъю талош меварзанд.

                                                                Ситора АШЎРОВА,

                                Душанбе-Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 5)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон