Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳаракат ин ҳаёт аст
ТандурустӣБо Аноҳито Сафарова, табиб-ҷарроҳи рагҳои хунгарди беморхонаи клиникии «Биомед» дар мавзӯи бемориҳои рагҳои хунгард суҳбат доштем. Ӯ мегӯяд, ки вобаста ба маризиҳои рагҳои варикозӣ бештар бонувон ба табиб муроҷиат менамоянд.
Чӣ боиси мубтало шудан ба бемориҳои рагҳои варикозӣ мегардад ва кадом усулҳо барои табобати ин маризӣ муфид аст?
Дар ин хусус фишурдаи суҳбатамон бо мутахассиси соҳа Аноҳито Сафарова:
- Филпо аз зумраи бемориҳои рагҳои варикозӣ буда, солҳои охир нафарони зиёд аз он азият мекашанд. Чӣ омил боиси пайдоиши ин маризӣ, ки варами пойҳо ва вайрон шудани шакли он мегардад?
- Воқеан,муайян кардани сабабҳои бемории рагҳои варикозӣ, усулҳои муосири табобат (лазерӣ, склеротерапия) ва пешгирӣ аз он мушкил аст ва байни коршиносон баҳсро низ ба миён овардааст. Вақте мариз бо нишонаҳои беморӣ ба назди табиб меояд, аслан нороҳатӣ аз намуди зоҳирии пой дорад, вале дар андешаи оқибати оризаҳои ин беморӣ нестанд. Бахусус, бемории филпо, ки сабабаш вайроншавии системаи рагҳои лимфотикӣ мебошад, солҳои охир аксаран бо шикоят аз он назди табиб меоянд. Бояд гуфт, ки табобати ин маризӣ душвор аст ва муддати зиёд таҳти назорати духтури лимфолог будани будан беморро тақозо мекунад. Бемории филпо танҳо хоси одамони калонсол набуда, кӯдакони хурдсол ва ҳатто навзодон низ мубталои ин беморӣ мешаванд.
- Чӣ омилҳо боиси гирифторӣ ба ин маризӣ мегарданд? Бахусус, байни кӯдакон…
- Ҳангоми ҳомиладорӣ дар аксари модарон вайроншавии системаи лимфотикӣ ба вуҷуд меояд, ки ин боиси гирифтории кӯдакони навзод ба бемории филпо мегардад. Баъди гузарондани бемории зуком, афтидан ё ягон зарб хӯрдан дар даст, ё пойи кӯдак варам пайдо мешавад, ки онро набояд нодида гирифт, зеро он оқибатҳои нохушро ба бор оварда, эҳтимолияти гирифторшавӣ ба бемории филпроо дорад.
Дар организм вайроншавии системаи рагҳои лимфотикӣ аксаран дар давраи ҳомиладорӣ, бо бисёр нишастан, вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ доштан, шикастани устухон ва инчунин онҳое, ки гирифтори бемории саратон мебошанд, ба вуҷуд меояд, ки инҳо яке аз сабабҳои пайдоиши маризии филпо мебошанд.
Баъдан, маризии филпо ба ирсият низ пайвандӣ дорад, ки коршиносон 80 дар сади гирифторшавӣ ба ин бемориро ирсӣ меҳисобанд.
- Беморон бо кадом нишонаҳо аз ин маризӣ ба шумо шикоят мекунанд?
- Маъмулан, бо аломатҳои вазнинӣ ва хастагӣ дар пойҳо (махсусан бегоҳӣ), варами буғумҳо, кашишҳо, сӯзиши пойҳо ва инчунин, пайдо шудани рагҳои тортанакшакл ва гиреҳҳои берунӣ шикоят пеш меоранд.
Дар давраи аввали пайдоиши беморӣ варами пойҳо мулоим буда, табобати саривақтӣ натиҷаи хуб медиҳад. Дар сурати дер мондани табобат варами сахт ба вуҷуд оварда, захмҳо пайдо мешаванд, ки сиҳат шуданашон вақти зиёдро талаб менамояд. Ранги пӯсти пой ё дасти варамида сурх ё кабуд шуда, аз ҳарорати баланди бадан ҳолати бемор ноҷӯр мегардад.
- Аксаран шахси бемор аз он ваҳм дорад, ки пизишк амалиёти ҷарроҳиро барояш тавсия медиҳад. Оё ҷарроҳӣ василаи раҳоӣ аз бемории рагҳои варикозӣ аст?
- Аслан солҳои охир амалиёти ҷарроҳии ба истилоҳ «классикӣ» хеле кам гузаронда мешавад, зеро рушди илму технология дар ҳама соҳаҳо кори табибонро низ осон намудааст. Амалиёти ҷарроҳӣ дар ҳолати баъди табобати дурудароз бо доруворӣ, ки на ҳар вақт натиҷаи мусбӣ медиҳад, бо усулҳои лазерӣ ва склеротерапия гузаронда мешавад.
- Шумо ҳамчуни мутахассиси соҳа барои пешгирӣ аз бемориҳои рагҳои варикозӣ, бахусус маризии филпо чӣ тавсия медиҳед?
- Онҳое, ки вазни зиёдатӣ ё бемории фарбеҳӣ доранд, бештар ҳаракат кунанд. Пиёдагардӣ ва парҳез аз хӯрокҳои серчарбу яке аз роҳҳои кам кардани вазн аст. Чунин тавсия ба нафароне, ки бисёр мешинанд, ба мисоли дӯзандаҳо, нависандагон, умуман ба қавле одамони «идоранишин» низ тааллуқ дорад.
Тамринҳои хоса, ки онро дар истилоҳи тиб машқҳои лимфодранежӣ мегӯянд, машғул шудан аз манфиат холӣ нест.
Ҳамчунин, пӯшидани ҷӯробҳои эластикӣ, парҳез аз таомҳои шӯр ва хамирӣ тавсия дода мешавад.
Бемории рагҳои варикозӣ на танҳо нуқс дар намуди зоҳирии пой, балки хатари пайдоиши мушкилиҳои хатарнок, ба мисоли тромбофлебит, тромбози амиқи рагҳо ва захми трофикӣ мегардад.
Қутбия Неъматулло
Мубодила:
Шарҳҳо











