БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Варо дар сина шавқи кор аст…

Ҳуқуқ

  Шуҷоату малоҳати ин бонуи сиёсатмадору соҳибзавқ лоиқи тавсифу таҳсин аст. Агар ба авроқи рӯзгораш назар афканем, ба хубӣ дарк хоҳем кард, ки он хеле пурпечутоб асту баҳри гулгулшукуфии диёри хеш нақши арзанда гузоштааст. Ҳини суҳбат дарёфтам, ки шаддаи марворидгуни ҳарфҳояш ӯро ба чунин зинаи камолот раҳнамун сохта. Дар борааш бисёр навиштаанд, аммо ба назар чунин мерасад, ки ҳар чи қадар нависем, ҳар чи қадар васф намоем, барояш кам аст.

Шуҷоат Ҳасанова тавонист дар вазифаи мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд дар бунёди оилаҳои ҷавон саҳм гирифта, садҳо оилаҳои ҷавонро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Тақозои вазифааш буд ва ё чун зан – модар ба ҷамъият, ба оилаҳое, ки носолиманд, дилаш месӯхт ва мекӯшид ҳамин риштаи оиладорӣ канда нагардад, бо ин мақсад «Клуби сайёр» ҳам созмон дод. Он моҳе як маротиба дар шаҳру ноҳияҳо бо ширкати намояндагони мақомоти дахлдор бо роҳбарии Шуҷоат Ҳасанова доир мешуд.

Дар очерке, ки ба Шуҷоат Ҳасанова, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати сеюм, 2005–2010) бахшида шуда, таҳти унвони «Рисолати зани сиёсатмадор», ба табъ расидааст, чунин омода: «Зиндагӣ пайроҳаест ноҳамвор, шебу фароз ва нишотест аз дарки инсонии мо. Қаҳрамоне, ки аз рӯзгори рангин ва талошҳояш ҳарф мезанем, пайроҳаҳои ноҳамвори зиндагиро тай карда, ба қавле, таҷрибаи оиладорӣ ва ҷамъиятиаш барои бонувон сабақи зиндагӣ ва мактаби омӯзиш гардидааст. Ӯ занест, ки бисоти шинохти инсониро ҳамеша дар кӯшиш ва фаъолияти босуботона медонад. Бонуест, ки зиёда аз 35 соли ҳаёти пурбаракати рӯзгори хешро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои ба уҳда дошта сарф кардааст. Гӯё волидайн дониста фарзанди худро Шуҷоат ном ниҳодаанд, яъне ном ва сирати ботинӣ тавъам афтода. Шуҷоат - далерӣ, нотарсӣ ва соҳибҷуръат будан. Ҳамин маъниҳои нуҳуфта дар замири Шуҷоат маскан гирифтаву ба табиати ӯ табдил ёфт. Шуҷоатмандии вай то ҳадде буд, ки ояндааш рангин ва ин ҳама ӯро то баландии мақомоти олии қонунбарор муваффақ гардонид».

Ин бону бо меҳнати ҳалолу дили беқарор ва дониши баланду истеъдоди воло тавонист, байни мардум маъруфият пайдо намуда, гули сари сабади ҷомеа гардад. Шуҷоат Ҳасанова баъди хатми мактаби миёнаи № 11-и шаҳри Хуҷанд ба шуъбаи филологияи тоҷики факултаи таърих ва забону адабиёти тоҷики имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, бо майли том барои омӯзиши адабиёти бою рангини тоҷик пардохт. Шояд омӯзиши пай дар пай, дониши баланд ва истеъдоди азалиаш буд, ки дар ҳамин маъвои хирад яке аз толибилмони беҳтарин шинохта шуд. Аз устодони давр Юсуфҷон Салимов, Муъминҷон Турсунов, Атахон Сайфуллоев, Темурхон Мақсудов, Абдухолиқ Набиев, Аҳмадҷон Усмонов, Саидмурод Ҳоҷиев, Фарҳод Зикриёев, Ӯғулой Аҳмадова дарси маҳорату суханвариву каломро аз бар кард. Аз пешаи интихобкардааш басо шодмон буд, зеро бо шоирони шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шераливу Гулназар, Ҳабибулло Файзуллоеву Гулрухсор, Озод Аминзодаву Гулчеҳра Сулаймонова борҳо ҳамнишин гардиду дилбастагиаш ба ашъори ноби миллӣ боз ҳам афзун гашт. Қироати ашъори шоирон ба ӯ болу пар бахшиду аз минбарҳои баланд садояш танинандоз шуд. Бо лаҳни зебо ва садои форам, маҳбуби ҳамагон гардид. Айёми донишҷӯӣ аввалин барандаи стипендияи ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон – Садриддин Айнӣ буд.

Шавқу шӯри донишандӯзӣ ӯро пас аз хатми донишгоҳ ҳам ором нагузошт. Аз ин рӯ, барои аз бар намудани илмҳои муосир ва соҳиби маълумоти дуюм гардидан, муҳассили Донишгоҳи озоди Тоҷикистон шуд. Шоёни зикр аст, ки Шуҷоат Ҳасанова фаъолияти меҳнатии худро дар рӯзномаи «Нури маърифат»-и Донишгоҳ оғоз бахшид. Баъдан корро дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод. Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд буда, муаллифи дастурамали гузарондани тантанаи ақди никоҳи ҷавонон, қайди таваллуди кӯдакони навзод, сенарияи тӯйҳои замонавӣ, дастури «Номи наку - нисфи ҳусн»-ро омода сохта, баҳри пойдории оилаҳои ҷавон ва нигоҳдошти анъанаву суннатҳои оиладории тоҷикон нақши муассир дорад.

Мақолаву лавҳа, очерку ҳикояҳояш дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо тез-тез нашр гардида, доираи муштариёнаш зиёд шуданд.

Ӯ бо меҳнати пурсамар аз сардори идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд то муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон расид. Ӯ дар таҳия ва омода намудани чанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи забони давлатӣ» чун шахси мутасаддӣ аз тарафи Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона дошт. Ҳамзамон, таҳти роҳбарии номбурда ва кумитаҳои масъули МН МОҶТ кодексу қонунҳои соҳавӣ, амсоли сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, оила, модару кӯдак, сиҳатии омма, илму маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ҳимояи муҳити зист, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ қабул ва такмилу тағйир дода шуданд.

 

Ҳамзамон, ин шахси некзамир чун вакили Маҷлиси намояндагон занони сиёсатмадори Тоҷикистони навин ва миллати тоҷикро дар давлатҳои хориҷӣ, амсоли ИМА, Британияи Кабир, Швейтсария, Филиппин, Словения ва Юнон намояндагӣ карда, дастовардҳои илму фарҳанг, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва равандҳои демократии ҷумҳуриро дар мизҳои мудаввару конфронсҳои байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.

Хизматҳои Шуҷоатбону ҳангоми фаъолият дар парлумони кишвар басо бузург буд. Ӯ роҳбарии гурӯҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди парлумонҳои Осиё барои сулҳ, роҳбари гурӯҳи ҳамкории байни МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо буд, чун аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар такмил додани қонунгузорӣ, таҳияи қонунҳои моделӣ, густариши равобити байнипарлумонии тоҷик бо мақоми қонунгузории ин кишварҳо низ саҳми босазо гузошта, бо медали «10-солагии Парлумони Қазоқистон», Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Шараф, медалҳои «90-солагии адлияи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои давлатию ҳизбӣ сарфароз гардидааст.

 

Вай солиёни зиёд раиси Кумитаи иттифоқи касабаи МИҲД-и вилояти Суғд, раиси комиссияи танзими ҷашну маъракаҳои мардумӣ, мудири шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар вилоят, муовини раиси Шурои занони вилоят буд. Узви фаъоли ҲХДТ аз 17 марти соли 2005 дар ҷаласаи аввали иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм, бо қарори Маҷлиси намояндагон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Баъди ба анҷом расидани ваколати намояндагӣ дар парлумон, ҳоло чун аъзои Комиссияи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми Осиёгии парлумонҳо ва ба симати раиси Шурои машваратии Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ», аъзои гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии МИҲД-и вилоят, раиси комиссияи доимии кор бо занони Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят, аъзои раёсати Шурои занони вилоят, муовини раиси Шурои собиқадорони кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ, аъзои Шурои комиссияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри пешбурди ҳаёти ҷомеа фаъолияти густурда дорад.

 

Муҳаббати зан ба монанди чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Бале, муҳаббат ба Ватан, муҳаббат ба зиндагӣ дар вуҷуди ин бонуи некзамир аланга мезанад, ки дар ҷӯшу хурӯши он мардона гом ниҳода, олами ҳастиро бо ақлу дониш ва мазраи андешаҳояш мунаввар месозад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

шаҳри Хуҷанд

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 39)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон