БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Навгониҳо дар қонунгузорӣ
ҲуқуқПешгирӣ ва манъи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон яке аз омилҳои асосӣ дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки кӯдакону наврасон барои рушди ояндаи миллату кишвар нақши муҳим мебозанд ва ҳимояи онҳо вазифаи ҳар як фарди ҷумҳурӣ аст.
Дар натиҷаи дифои гузоришҳои сеюм, чорум ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак дар иҷлосияи 76-уми Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак 13 – 14-уми сентябри соли 2017 дар шаҳри Женева баргузор гардид, яке аз тавсияҳои барои Тоҷикистон пешниҳодшуда ин муқаррар намудани манъи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар қонунгузорӣ буд.
Дар давоми солҳои минбаъда ҷиҳати амалисозии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак, тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин, тавсияҳои мақомоти гуногуни СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузории кишвар ба меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон корҳои зиёд ва мунтазам амалӣ карда мешаванд.
Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи меъёрии ҳуқуқии дахлдор таъсис дода шудааст, ки ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон равона гардидааст. Дар ин раванд соли 2021 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид, ки мувофиқи он истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдак аз ҷониби падару модар ё дигар намояндагони қонунии кӯдак, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, инчунин, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, манъ карда шуд. Ҳамзамон, муқаррар гардид, ки зери мафҳуми истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, лату кӯб ё ҳаракати дигари зӯроварӣ, ки хусусияти бисёркарата ва мунтазам надошта, ба ҷабрдида азобу уқубати дуру дароз намерасонад, фаҳмида мешавад.
Дар баробари ин 3-юми январи соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул шуд, ки тибқи он низ нисбат ба кӯдак истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ манъ карда шуд.
Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон бидуни мавҷудияти механизми ҳимоя ва муроҷиати кӯдакон имконнопазир мебошад. Амалия нишон медиҳад, ки дар аксари ҳолатҳо, бинобар сабаби набудани механизми ҳимоя ва муроҷиати кӯдакон, ҳолатҳои истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдак аз мадди назар дур мемонад.
Аз ин рӯ, ҷиҳати такмили қонунгузорӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ дар самти мазкур моҳи январи соли 2024 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расиданд.
Маврид ба зикр аст, ки 20-уми июни соли 2024 навигариҳои муҳим дар қонунгузории кишвар дар самти пешгирӣ ва манъи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон қабул гардиданд. Аз ҷумла, дар Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муқаррарот вобаста ба истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдак, аз ҷумла татбиқи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак пешбинӣ карда шудааст. Дар моддаи 4 Қонуни зикргардида пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак яке аз принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ шудааст.
Моддаҳои 16 ва 20 Қонуни мазкур муқаррар намудаанд, ки падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи кӯдак уҳдадоранд дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набаранд.
Тибқи қисми 3 моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ «барои аз ҷониби шахсони дар қисми 1-и ҳамин модда зикршуда ва кормандони муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак истифода бурдани зӯроварӣ, инчунин, назорат накардани кӯдак, ки дар натиҷа боиси аз ҷониби ӯ истифода шудани зӯроварӣ нисбат ба дигар шахсон мегардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят» ҷарима ба андозаи аз 20 то 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ карда шудааст.
Ҳамчунин, тибқи моддаи 93 (1) Кодекси мазкур барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ ё иқтисодӣ, ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, ба андозаи аз 2 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Тағйиру иловаҳои зикргардида қадамҳои устувор дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон буда, нақши онҳо дар ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон, таълиму тарбия ёфтани кӯдакон дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, ташаббускорӣ, худшиносӣ, эҳтироми якдигар ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ бениҳоят муҳим мебошанд.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бикӯшад, то дар доираи оилаи худ, дар муассисаҳое, ки ба таълим, тарбия ва нигоҳубини кӯдак вобастагӣ доранд, дар мақомоти давлатии дахлдор ва умуман, дар тамои ҳудуди Тоҷикистон истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдак, аз ҷумла татбиқи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдакро пешгирӣ намояд.
Нигина АЛИЗОДА,
муовини якуми вазири адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2, номзади илмҳои ҳуқуқ