БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар мадди аввал - адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ
ҲуқуқСимои хушу дилпазир, тамкиниву оромии гуворо, муносибати волои инсонӣ ва дақиқназариву мулоҳизакориро ба як назару як лаҳзаи муошират бо вай метавон пай бурду дарк сохт, ки чи гуна як бонуе дар ҷодаҳои гуногуни ҳаёт метавонад аз худ шахсияте созаду ба ҷойгоҳи арзандае мақом ёбад.
Зебонисо Абдуллозода то ба маснади роҳбарӣ расидан, зинаҳои зиёди касбиро паймуда, таҷрибаи ғании кориву ҳаётӣ андӯхт ва ҳамакнун ба симати муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Ба риштаи пурталотуми илми ҳуқуқ пайвастанро замоне, ки мактабхон буд, орзу мекард, аммо қиблагоҳаш Файзулло Абдуллоев, вазири адлияи Тоҷикистон (1990–1993), судя ва баъдан раиси Суди иқтисодии ИДМ (2004–2008, 2008–2011) исрор мекард, ки ба ин ҷода по ниҳодан барои духтар, ки фардо модару ҳамсару саркори хоҷагие мегардад, бағоят душвор хоҳад буд. «Бихон, духтарам, бихон, аммо на ҳуқуқшинос, балки омӯзгор шав, то тобу тавони сарриштаи рӯзгорро ҳам дошта бошӣ», - мегуфт падар.
Зебонисо сухани падарро ду накарду ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуд ва баъди панҷ сол онро муваффақона поён бурд. Аммо шарораи орзуи кӯдакиаш ҳанӯз хомӯш нагашта буд, ки қасди идомаи таҳсилро дар риштаи ҳуқуқшиносӣ кард. Овони бачагӣ падараш ҳуҷҷатҳои кориро ба хона меоварду сар аз болои онҳо барнамедошт. Зебонисои хурдсол ниҳонӣ рӯи қарору санадҳо чашм медавонду ҳар кадоми онҳоро варақ мезаду мехонд ва меангошт, ки дар мурофиаи судӣ қарор дораду судяи одилу адолатхоҳ аст.
Лахти ҷигар ба падар исрор намуд, ки хонданро идома дода, мисли ӯ ҳуқуқшиноси варзидае мегардад. Қиблагоҳ ба умқи чашмони фарзанд дида дӯхт ва дарёфт, ки орзуи дерини ҷигарбанд набояд дар қалбаш ормонӣ гардад. Дуои нек дод, то фарзандаш дар ин роҳ гоми устувор ниҳаду комгору муваффақ гардад. Ҳамин тариқ, Зебонисо ба факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ҳуҷҷат супурд ва ихтисоси дувумро соҳиб гашт. Дар ин радиф, фаъолияти меҳнатиро дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ оғоз бахшида, нахуст ҳамчун коргузор ва баъдан сармутахассиси раёсати мактабҳои миёна буд.
Соли 1997 ба Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамчун сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба кор гузашт. Соли 2005 судяи суди ноҳияи Шоҳмансур таъин шуд ва баъди 5 соли фаъолият, соли 2010 ҳамчун муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба кор пазируфта шуд. Соли 2011 судяи Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ ва соли 2015 муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ буд. Аз соли 2017 то моҳи феврали соли 2024 раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва аз 29-уми феврали соли 2024 ҳамчун муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайи иҷрои уҳдадориҳои касбист.
Дар ҷараёни кори роҳбарӣ аз маслиҳату машварати устодон, хосса қиблагоҳаш, марди фозилу дурандеш бархӯрдор мегардид. Хушбахт аст, ки чароғи рӯшани донишу хиради онҳо роҳи ӯро дар ҳаёт фурӯзон намудааст. Зеҳни худро бо илму дониш тароват бахшидану ба маҷрои пешрафту навгониҳои соҳа ҷӯр шудан аз пазируфтаҳои ин бонуи ҳушманд аст, ки барои расидан ба камолоти касбӣ дар талошу ҷустуҷӯҳост.
Вақте ба баррасии парвандаҳо мурофиаро шуруъ мекунем, бо дасту дили пок аз рӯйи адолат мебояд кор гирифт. Хоҳ нохоҳ, як ҷониб аз ҳукми суд норозӣ мегардад. Аз ин рӯ, то хонаи машваратӣ даромадан бояд нишон надиҳем, ки баҳс ба манфиати кӣ ҳал мегардад. То баровардани қарори қатъӣ парванда бояд ҳамаҷониба омӯхта шуда, бо ҷонибҳо суҳбат анҷом дода шавад ва баёноти онҳо ба таври хаттӣ бояд дастрас бошад. Судя дар ин ҳолат бояд ботамкин, ором, мулоҳизакор ва иродаи қавӣ дошта бошад, аз эҳсос сари кор нагирад, - изҳор дошт бону Зебонисо.
Бояд гуфт, ки фаъолияти суди иқтисодӣ дар асоси Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ аз дуруст ва сари вақт баррасиву ҳал кардани парвандаҳои иқтисодӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида, ё мавриди баҳс қарордоштаи шахсони воқеӣ, яъне соҳибкорони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, соҳибкорӣ, тиҷоратӣ, замин, экологӣ ва муносибатҳои дигари ҳуқуқӣ мебошанд, иборат аст. Мурофиаи суди иқтисодӣ ба таҳкими адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ташаккули эҳтиром ба қонун ва суд бояд мусоидат намояд. Ва бону Зебонисо низ бо такя ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ барои анҷом додани рисолати пурмасъулияти хеш дар талошу такопӯст.
Агар зан дорои маънавиёти ғанӣ, таҷрибаи кофӣ ва сарсупурдаи пешаи хеш бошаду забондон, бофарҳанг ба дилҳо зуд маъво ёбад, метавонад роҳбари хубе гардад. Ӯ ҳар куҷое бошад, мавқеи худро миёни ҷомеа зуд пайдо мекунад. Ҳангоми ба тозагӣ корро шуруъ кардан монеаҳо зиёд мегарданд, вале шавқу дилбастагӣ ба кор зиёд бошад, ҳама ноҷӯриҳо пушти сар мешаванд, - мегӯяд ӯ.
Ҷолибияти корро аз ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ дармеёбад. Бонуи боиродаест, ки дар қавлу тасмимаш устувор, дар роҳи расидан ба ҳадаф аз монеаҳо намеҳаросад ва бидуни ғараз хидмат ба мардумро шараф мешуморад. Дар баланд бардоштани савияи дониши тахассусӣ дар Маркази таълими судяҳои назди Суди Олии иқтисодӣ борҳо такмили ихтисос намуда, соли 2019 ба ИМА сафар дошт. Давоми ду ҳафта аз фаъолияти судяҳои ин кишвар ва маҳбасҳо дидан карду таҷрибаи зиёде андӯхт.
Моҳи августи соли 2023 бо медали Хизмати шоиста қадр гардид. Оиладор, ду фарзанд ва як набера зиннатбахши ҳаёти ӯ мебошанд.
Сахтиҳои умрро паси сар намудану бо иродаи қавӣ қадам задан ҳам масъулият аст, чи дар пеши худ ва чи дар назди ҷомеа. Хушбахтиро ҳар кас ба таври худ дарк месозад. Яке дар касбу кор, дигаре дар оила, савумӣ дар сарват. Шахсан хушбахтиро дар тансиҳатии аҳли оила, ободиву осоиштагии Ватан ва муваффақияти касбӣ мебинам, - меафзояд Зебонисо Абдуллозода.
Ситора АШӮРОВА