БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Қонун кафили озодии инсон ва шаҳрванд

Ҳуқуқ

 Санаи 28-уми декабри соли 2023 зимни ибрози Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Ҷиҳати иҷрои дастурҳои Паём, 30-юми декабри соли 2023, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 668 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» имзо шуд.

   Чаро чунин зарурат пеш омад? Мусаллам аст, ки барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба он равона мегардад, ки маърифати ҳуқуқии аҳолӣ боз ҳам баланд бардошта шавад, зеро Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти моро дар тамоми самтҳо ба танзим дароварда, ҳамзамон, шаъну шарафу мақом, мартабаву ҳуқуқҳои моро ҳифз мекунанд. Доштани маърифати ҳуқуқӣ кафили озодиҳои инсону шаҳрванд ва ҳомии ҳуқуқҳои ӯ дониста мешавад. Агар боз ҳам содатар масъалаи мавриди назарро тавзеҳ диҳем, ҳадаф ин аст, ки ҳар як фард бояд ба волоияти қонун, донистан, риояву иҷрои он, огоҳӣ доштан аз раванди такмили қонунгузорӣ ва дар чаҳорчӯби он ба роҳ мондани амали худ дар ҳаёти рӯзмарра муваззаф аст. Дар сурати татбиқи гуфтаҳои зикрёфта метавон умед варзид, ки мо аз нигоҳи ҳуқуқӣ зиндагии шоистаи худро ба роҳ мондаем…

Рисолати маърифати ҳуқуқӣ ин аст, ки бо роҳу усулҳои нав ба мардум, шаҳрвандон додани донишҳои нав, баланд бардоштани маърифат, хусусан маърифати ҳуқуқӣ мебошад.

 Низоми тарбияи ҳуқуқӣ аз унсурҳое иборат аст, ки таркиби дохилии ҷараёни тарбияи ҳуқуқиро муайян мекунанд. Унсурҳои низоми тарбияи ҳуқуқӣ инҳоянд:

субъекти тарбияи ҳуқуқӣ (оила, мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони мансабдор, ки шуғли тарбияи ҳуқуқӣ доранд), дувум: объектҳои тарбияи ҳуқуқӣ (фардҳо ё гурӯҳҳои иҷтимоии тарбияшаванда), савум: амалиёти тарбиявӣ-ҳуқуқӣ (мазмуни тарбияи ҳуқуқӣ).

Мақсади асосии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, таъмин намудани волоияти қонун, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии қонуншиканӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 9-уми апрели соли 1997, № 691, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», аз 22-юми августи соли 1997, № 383, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 3-юми марти соли 2006, № 94, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2028», аз 6-уми феврали соли 2018, №1005 ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27-уми ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад…

Донистан ва эҳтирому риояи қонун барои ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ дар корхона, ташкилот ва муассисаҳо роҳандозии нишасту суҳбатҳо амри зарур аст.

Барно САИДВАЛИЗОДА,

сардори Хадамоти иҷрои назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон