БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Маҳсули хиради волои Пешвои миллат

Ҳуқуқ

Соҳибистиқлол гардидани кишвар зарурати эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои ба арзишҳои демократӣ вобас­таро ба вуҷуд овард. Табиист, ки расидан ба ин ҳадафҳо бидуни қабули Конститутсияи нав ғайриимкон буд.

Ин раванд, ки баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид, ба давраи бисёр ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ рост омад. Маҳз бо дарназардошти андешаву пешниҳод, ба шарофати азми қавӣ, нияти нек ва кӯшишу талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия тавонистанд рисолатро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намоянд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки гурӯҳи корӣ бо қарори Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 -юми сентябри соли 1993 таъсис ёфта, дар раванди таҳия ва баррасии лоиҳаи Конститутсияи кишвар шаҳрвандон низ фаъолона иштирок карда, ба гурӯҳи корӣ фикру пешниҳодҳояшонро манзур намуданд. Ҳамчунин, таҷрибаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон омӯхтаву истифода шуданд.

Ба шарофати нуктасанҷиву воқеъбинии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳияи ин санади муҳим дар муддати бениҳоят кӯтоҳ он натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ бахшид. Дар асоси он Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфта, қарорҳои он тавассути мақомоти олии конститутсионӣ Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар амалӣ гардиданд. Бегуфтугӯ, ин омил бозёфти нодири ҳалли низои дохилӣ маҳсуб шуда, ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ усулу имконоти бо роҳи гуфтушунид ва дар чорчӯбаи қонун ҳал намудани ихтилофоти дохилиро бозгӯйӣ намуд.

Қабули Конститутсия, дар баробари омилҳои дигар, назди давлату миллат вазифаҳои бузурги таърихиро низ пеш гузошт. Муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ ва низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкорӣ ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буд. Рисолати дигар - муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии кишвар ва рушди он ҳамчун давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард. Зикр кардан бамаврид аст, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ догма нест. Биноан, солҳои 1999, 2003 ва 22 майи соли 2016 бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба он ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат идома ёфт.Ҷанбаҳои мусбати ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зиёд буда, натиҷаҳои он баръалост…

Далер АБДУЛЛО,

номзади илмҳои сиёсӣ

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон