БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Санади сарнавиштсоз

Ҳуқуқ

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи Конститутсия, қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, 6-уми ноябри соли 1994 таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи матини сокинони мамлакат санади тақдирсоз-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Аз он ифтихормандем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст, зеро дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос меёбад. Дар ҳақиқат, дар Конститутсия вобаста ба рушди давлатдории миллӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнат карданро ҳамчун ҳуқуқ эътироф намуда, сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистонро дар худ таҷассум кардааст. Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонот моликияти истисноии давлатӣ эътироф гардида, истифодаи самараноки он ба манфиати халқи Тоҷикистон кафолат дода шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги миллати тоҷик буда, заминаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллати шарафманди тоҷик мебошад. Коршиносони як қатор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ эътироф кардаанд.

Дар таърихи навини Тоҷикистон аввалин маротиба дар Конститутсия инсон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир гардонд. Ин гуфтаҳо ба он маъност, ки ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда ё шуда наметавонад. Дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки мазмуну муҳтавои ҳамаи дигар қонунҳоро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳанд. Яъне, дар маркази арзишҳо гузоштани инсон маънии дар атрофи он муттаҳид намудани ҳамаи арзишҳои дигарро дорад. Нафаре, мақомоте ва ё санади меъёрии ҳуқуқие ба хотири ягон манфиат наметавонад ҳуқуқу озодиҳои инсонро маҳдуд ё поймол намояд.

Бартарӣ, қатъият ва устувории Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки дар асоси раъйи мардум қабул шудааст ва бидуни раъйи халқ ҳатто як ҳарфи онро тағйир додан имконнопазир аст. Ин гуфтаҳо нишони устувории пойдевори давлат ва сохти конститутсионии кишвар аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллат буда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуд. Мардуми кишвар онро ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллии худ-Ватану ватандорӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ҷойгузин намуданд.

Расидан ба ҳадафҳои зикршуда аз ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ, риоя ва эҳтироми Конститутсия, қонунҳо ва аз ҳокимият фаъолияти бонизоми конститутсионӣ, таъмини кафолати ҳамаҷонибаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оштинопазириро нисбат ба қонуншиканиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҳама гуна мақомот ва кормандони онҳо, ки тавассути қарорҳои ғайриқонунии онҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вайрон гардида, боиси сарсонию саргардонии онҳо мегарданд, тақозо дорад.

Умед аст, ки дар соли ҷашнгирии 30-солагии қабули нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 дар тарғибу ташвиқи Конститутсия нақши арзандаи худро хоҳад гузошт.

Мафтуна РАҲМАТУЛЛОЗОДА,

судяи суди вилояти Суғд

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон